05.12.2025

 img

Бо эҳсоси фараҳмандӣ ва сипоси бепоён мехоҳам чанд суханро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор намоям.

 

Пеш аз ҳама, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунам, ки бо сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи худ барои боло бурдани сатҳу сифати маърифат, рушди илму адаб ва ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Ин ташаббуси донишпарваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонон рӯ ба китоб, таҳсил, фикрронӣ ва худташаккулёбӣ ниҳодаанд.

 

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман на танҳо як сабқати илмиву фарҳангӣ, балки мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Ман аз рӯзҳои аввал бо ишқу муҳаббат ва масъулияти баланд барои иштирок омодагӣ дидам. Ҳар китобе, ки хондем, ба ман ҷаҳонбинии нав бахшид. Ҳар саҳифае, ки варақ задам, маро ба олами сухан, андеша ва фарҳанги башарӣ наздиктар намуд.

 

Шоҳҷоиза ба даст овардан, ин фахр, аммо ҳамзамон масъулияти бузург низ мебошад. Ман мефаҳмам, ки ин муваффақият маро вазифадор мекунад, то минбаъд бештар бихонам, биомӯзам ва барои баланд бардоштани нуфузи дониш, фарҳанг ва китобхонӣ дар миёни ҳамсолонам саъю талош намоям.

 

Миннатдории самимии худро ба волидонам, ки ҳамеша пуштибонам буданд, ба омӯзгорони муҳтарам, ки бо меҳрубонӣ ва заҳмати беандоза роҳнамоӣ карданд, ва ба раҳбарияти МТМУ №50, ки барои рушди истеъдодҳои мо шароити мусоид фароҳам оварданд, мерасонам.

 

Ҳамчунин аз раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамеша ҷавононро дар чунин озмунҳо ҳавасманд месозанд, изҳори сипос менамоям.

 

Ман бовар дорам, ки китоб нур, дониш тавон, фарҳанг ҳувият, ва китобхонӣ роҳи ягонаи расидан ба камолот аст. Ҳар ҷавони тоҷик, ҳар хонандаи мактаб бояд аз ин сарчашмаи бебаҳо баҳра гирад.

 

Дар анҷом, ба Пешвои миллат бори дигар изҳори эҳтиром ва сипос менамоям, ки бо сиёсати давлатӣ ва ғамхории хосаи худ моро ба роҳи илму маърифат ҳидоят мекунанд.

 

Бо эҳтиром,

Холиқова Фариса,

ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

  • АНДЕШАҲОИ ҒОЛИБИ ШОҲҶОИЗА ДАР НАМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН ХОЛИҚОВА ФАРИСА, ХОНАНДАИ СИНФИ 10-И МТМУ №50 НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАБАССУМИ ҶИЁНХОН: ШОҲҶОИЗА ЗИНДАГИЯМРО ТАҒЙИР ДОД ВА МАСЪУЛИЯТАМРО БЕШТАР НАМУД Табассуми Ҷиёнхон – хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод буда, соли 2025 ғолиби Шоҳҷоиза аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. Ӯ соли равон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи аз забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гардидааст. Дар муассисаи болозикр маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Хони адаб” амал мекунанд, ки Табассум роҳбари ин маҳфилҳо мебошад. Инчунин, узви маҳфили “Ватанпарвар”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.   – Ангезиши омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар шумо аз куҷо пайдо гардид ва барои иштирок чанд сол заҳмат кашида, чӣ қадар асарҳоро мутолиа кардед?   – Ба омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва адабиёти шифоҳӣ дар ниҳоди ман муҳити хонавода ва мактаб таъсир расониданд. Аз овони кӯдакӣ ба хондан шавқ дорам, зеро дар оилаи мо китобро дӯсти наздик дониста, падару модарам ҳамеша моро ба омӯзиш ҳидоят мекунанд. Омӯзгорони мактаб ҳам маро ба мутолиаи осор ҷалб мекарданд, оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки адабиёти кӯдакон на танҳо воситаи омӯзиш, балки роҳ барои дарёфти донишҳои нав мебошад. Барои иштирок дар ин озмун бештар аз 5 сол пайваста ба омӯзиш машғул гардида, дар ин муддат зиёда аз 500 асару матолиби бадеии кӯдакона ва осори шифоҳиро мутолиа намудам. Адабиёти кӯдакона яке аз муҳимтарин василаҳои ташаккули маърифати шахс аст. Ҳамин осор заминаи аввалини муҳаббат ба китоб, ахлоқи нек ва худшиносиро дар инсон мегузоранд. Инчунин, адабиёти кӯдакона дорои забони сода буда, ба хонанда муҳаббат ба китоб ва илму донишро бештар намуда, некӣ, ростӣ, меҳрубонӣ ва меҳнатдӯстиро талқин менамояд.   Дар асарҳои кӯдакон самимият, меҳру муҳаббати модариву ватандорӣ ва зебоиҳои зиндагӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳар қаҳрамон ва ҳар образи офаридаи адибон бароям дарси ҳаётӣ ва як манбаи илҳом мебошанд.   – Ҳангоми хондани асарҳои кӯдакона ба кадом паҳлуҳои онҳо эътибор медиҳед (мазмун, ҷараёни воқеаҳо ва образҳои офаридаи адибон) ва чаро?   – Ҳангоми мутолиаи асарҳои кӯдакона, пеш аз ҳама, ба мазмуну муҳтаво, ҷараёни воқеаҳо ва тарзи баёни образҳо таваҷҷуҳ мекунам. Зеро ҳамин паҳлуҳо завқи хонандаро бедор месозанд ва муҳтавои аслии асарро равшан мекунанд. Агар мазмун равшан ва омӯхташаванда бошад, хонанда аз он дарс мегирад. Вақте қаҳрамон дурандеш, меҳнатдӯст ва поквиҷдон аст, кӯдак мехоҳад ба ӯ пайравӣ кунад. Аз хондани осори бадеӣ илҳоми маънавӣ мегирам. Вақте ки китоб мехонам, худро дар ҷаҳони дигар эҳсос мекунам. Мутолиа ба ман имкон медиҳад, ки ҳамеша ҷӯяндаву меҳрубон буда, ҷаҳонбиниамро васеъ намоям. Ҳар саҳифа барои ман як қадам ба дунёи илму ирфон ва фарҳангу омӯзиш аст.   Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вақтҳои холигӣ ба эҷод низ машғул мешавам. Ҳикояҳо менависам ва ҳангоми эҷоди онҳо ба мазмун ва ҷараёни воқеаҳо бештар таваҷҷуҳ мекунам. Ҳикояҳои эҷодкардаам пайваста дар нашрияи кӯдакону наврасон “Пайрав” ба нашр мерасанд.   – Ҳамчун роҳбари маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (дар муассиса) нақши озмуни мазкурро ба тақвияти омӯзиши осори бадеӣ ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеаи имрӯза чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?   – Мушоҳида кардам, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷомеаи моро бештар ба китобхонӣ, андешидану таҳлил кардан раҳнамун сохт. Кӯдакону наврасон дарк карданд, ки мутолиа танҳо вазифа нест, балки равшанкунандаи роҳи имрӯзу фардо мебошад. Дар маҷмуъ, ин озмун ба баланд шудани фарҳанги мутолиа ва худшиносии миллӣ дар ҷомеаи мо ҳиссаи назаррас гузошт. Озмуни мазкур роҳест ба сӯйи донишу худшиносӣ ва сарбаландӣ.   – Натиҷаи заҳмати шумо буд, ки соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардидед. Ҳангоми ба даст гирифтани он чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?   – Ҳангоми ба даст гирифтани Шоҳҷоиза лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар зиндагиям буд. Ин ҷоиза натиҷаи заҳматҳову талошҳои бепоёнам аст, ки бо роҳнамоиву дастгириҳои падару модар ва омӯзгорам Шаҳноза Дониёрова ба даст омадааст. Мақсад дорам маблағи Шоҳҷоизаро барои таҳсил ва харидории китобҳо сарф намоям. Чунки дониш беҳтарин сармоя аст. Ғайр аз ин, барои такмили малакаи касбӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода хоҳам кард.   – Дар оянда чӣ нақша доред ва дар кадом соҳа мехоҳед таҳсил намуда, соҳибкасб гардед?   – Мехоҳам таҳсилро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ идома диҳам ва як дипломати асил гардида, ба миллат ва Ватани хеш хидмат намоям. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ намуда, дар пешрафти бештари мамлакатамон саҳмгузор бошам.   – Ташаккур барои суҳбати самимӣ!   – Саломат бошед!   Мусоҳиб Ирода ТИЛАБОВА, “Омӯзгор”

    24

    05.12.2025
  •  img
    Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» Санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани «Солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни  маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид.    Чорабинӣ бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, масъулини сохторҳои марбута, омӯзгорон ва иштирокчиён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.   Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хонандагон ба фаъолияти эҷодию ихтироъкорӣ, таҳкими тафаккури техникиву инноватсионӣ ва мусоидат ба рушди малакаҳои муҳандисиву навоварӣ ҳамасола аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар марҳилаҳои имсолаи озмун шумораи иштирокчиён назаррас буда, хонандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраҳои муассисавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзиданд.    Беҳтарин лоиҳаҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.   Дар марҳалаи ҷамъбастӣ иштирокчиён лоиҳаҳои эҷодӣ ва корҳои техникии худро, аз ҷумла дар самтҳои робототехника, технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи барқароршаванда, муҳандисӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта ва дигар бахшҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.     Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, аксари лоиҳаҳои пешниҳодшуда дорои аҳамияти амалӣ буда, имкони татбиқи минбаъдаро дар муассисаҳо ва сохторҳои истеҳсолӣ доро мебошанд.   Директори Маркази ҷумхуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар суханронии худ зикр намуданд, ки рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ дар миёни хонандагон аз ҳадафҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, озмуни «Ихтироъкори наврас» минбаре барои ошкор ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони боистеъдод мебошад.   Таъкид карда шуд, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзалияти рушди илм ва техника, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастгирии иқтидори зеҳнии наврасон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.   Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

    44

    05.12.2025
  •  img
    ФАРИСА ХОЛИҚОВА: ҒОЛИБИ ШОҲҶОИЗА ШУДАН НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ОМӮЗИШИ БАРДАВОМ АСТ – Музаффарият дар Озмуни ҷумхуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи дастгириву роҳнамоии падару модар, роҳбарияти мактаб ва омӯзгорон мебошад,-иброз дошт Фариса Холиқова.   Илму дониш, маърифат ва фарҳанг дар рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд, аз ин рӯ, ҷавонони китобдӯсту равшанзамир қутбнамоеянд, ки дар пешрафти давлату миллат саҳми босазо мегузоранд. Фариса Холиқова яке аз чунин наврасони маърифатдӯст аст, ки бо саъйю кӯшиши пайваста, аз номинатсияи адабиёти ҷаҳони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Ӯ хонандаи синфи 11-и МТМУ рақами 50-и деҳаи Шайхони ноҳияи Рӯдакӣ буда, чор сол боз дар озмун ширкат меварзад.   – Тариқи оинаи нилгун иштироки довталабонро дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҳавас тамошо мекардам ва ҳанӯз хонандаи синфи 7-ум буданам, дар ин озмун иштирок кардам. Аз соли аввали иштирок дар даврҳои мактабиву минтақавӣ сазовори ҷойҳои намоён шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Дар даври ҷумҳуриявӣ сатҳи иштирокдорон баланд буд, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нашудам. Аз ин ҳолат ноумед нагардидам, пайваста мехондаму меомӯхтам. Дар солҳои минбаъда бошад, созовори ҷойи ифтихорӣ шудам. Сол то сол феҳристи адабиёти мутолианамудаам меафзуд, ҷаҳонбиниам васеъ ва фонди луғавиам зиёд мегардад. Зимни иштироки пайваста дар озмун масоили зиёдеро аз худ намуда, забондониям такмил ёфт. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона китоб хондан ва муошират карданро омӯхтам.   Фариса аз хурдӣ ба китобхонӣ майлу рағбати беандоза дошт, ҷаҳонро тавассути саҳифаҳои китоб мешинохт ва ҳар рӯзи навро бо кашфи маънии тоза оғоз мекард. Маҳз ин шавқу истеъдод ба ӯ имкон дод, ки дар бахши адабиёти ҷаҳон дониши мукаммалро соҳиб шавад.   – Аз хурдсолӣ бештар афсонаҳои Шарл Перро, Ганс Христиан Андерсен, Марк Твен, Самуил Маршак, Александ Сергеевич Пушкинро мутолиа мекардам. Ҳангоми дар синфи сеюм таҳсил намудан, яке аз афсонаҳои А. Пушкин «Афсона дар бораи шоҳ Салтан» («Сказка о царе Салтане»)-ро пурра аз бар намудам. Ҳамин тавр, меҳри китобхонӣ дар қалби ман маъво гирифт. Дар аввал афсонаҳои кӯдакона, баъдтар ба мутолиаи китобҳои калонҳаҷми адабиёти ҷаҳон пардохтам,-изҳор дошт ӯ.   Мавриди зикр аст, ки волидайн ва омӯзгорони Фариса Холиқова муҳити мусоид фароҳам оварданд, то истеъдод ва рағбати ӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб ба таври устувор рушд кунад. Духтараки китобдӯст зимни суҳбат аз рафҳои ҷевони хонаашон, ки пур аз китоби адибони шинохтаи Мағрибу Машриқ аст, ёдовар шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки аъзои китобхонаҳои мактаб, ноҳия, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон асту китобҳоро барои мутолиа аз он ҷо низ дастрас менамояд.   – Гоҳе ҳамроҳи модарам ба мағозаҳои «Олами китоб» меравем ва аз он ҷо китобҳои мақбуламро харидорӣ мекунам. Дар мавриди хондани осоре, агар дар пайи дарёфти маъние душворӣ кашам, модарам Насиба Бобоева ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Фарҳод Ҳакимов кумак мекунанд. Дар чопу омода намудани феҳристи китобҳо барои иштирок дар озмун амакам Файзулло Холиқов дастгиру мададгор буд,- бо табасссум қайд кард духтарак.   Фариса бо завқи баланд асарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон Гомер, Уилям Шекспир, Виктор Гюго, Александр Дюма, Габриэл Гарсиа Маркес, Чарлз Диккенс ва Маргарет Митчеллро мутолиа кардааст. Ӯ аз ҳар асар на танҳо сюжети онро меомӯзад, балки андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии нависандагонро таҳлил, хусусият ва таъсири равонии онро муайян мекунад.   – Асарҳое ҳастанд, ки онро хонанда дар як лаҳзаи кӯтоҳ хонда ба итмом мерасонад. Яке аз ин қабил асарҳо «Бодбурда» («Унесённые ветром»)-и нависандаи амрикоӣ Маргарет Митчелл аст. Дар ин асар ҳодисаҳои айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1860 дар штатҳои ғарбии ИМА ба вуқуъпайваста инъикос гардидааст. Қаҳрамони асосиаш духтараке бо номи Скарлетт О’Хара аст, ки ӯ аз пастиву баландиҳои зиндагиаш руҳафтода нагашта, пайваста баҳри бартараф намудани мушкилиҳо мубориза мебарад ва оқибат ба мақсади дар пеш гузоштаи худ мерасад. Ин китоб дар жанри роман-эпопея нигошта шудааст, ки бароям писанд аст,- зикр кард Фариса.   Суханрониаш пурмуҳтаво, таҳлилҳояш фарогир ва фаҳмишаш оид ба моҳияти адабиёт хеле амиқ аст. Маҳз ҳамин сатҳи баланди дарку таҳлил барояш имкон дод, ки дар миёни садҳо иштирокчии лаёқатманд бартарӣ ёбад. Барои пешниҳод ба озмун 490 асари насрӣ, аз қабили 122 роман, 66 повест, 85 ҳикоя мутолиа ва 5300 мисраи шеърӣ аз бар намудааст.   – Ҳангоми иштироки баъзе аз довталабон дар озмун ба он аҳаммият додам, ки номи қаҳрамонони асарро аз хотир фаромӯш мекунанд. Ман низ дар аввал ба ин мушкили рӯ ба рӯ мешудам, зеро бо хондани 100-200 китоб бештар номи қаҳрамонон омехта ва фаромӯш мешавад. Кӯшиш мекардам, дар зеҳнам тасвири онҳоро кашам, образашонро дар лавҳи хотирам таҷассум намоям. Яъне, тавре ки дар китоб тасвир кардаанд, дар зеҳнам онҳоро меофаридам ва ҳамин тавр муваффақ шудам, ки исмашонро фаромӯш насозам,-қайд кард Ф. Холиқова.   Дар баробари шоирону адибони ҷаҳон, Фариса шефтаву волои эҷодиёти шоирони классики тоҷику форс, амсоли Абуабдуллоҳ Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозист. Аз офаридаҳои ин бузургони адаб дурри маънӣ мебардорад. Дар оянда орзу дорад ба ҳайси табиби равоншинос дар ҷомеа хидмат намояд.   Шаҳноза БОБОМУРОДОВА, «Омӯзгор»

    32

    05.12.2025