25.08.2026
24 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, муаллифони дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, аъзои Шурои миллии таҳсилот ва дигар намояндагони соҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии босифат ёдовар шуд. Зикр гардид, ки таҳия, таълиф ва нашри маводи таълимӣ бояд бо дарназардошти талаботи замони муосир, дастовардҳои илму технология, меъёрҳои забони адабӣ ва хусусиятҳои синнусолии хонандагону донишҷӯён ба роҳ монда шуда, ҳар як китоби таълимӣ аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва сифати илмию методӣ ҷавобгӯ бошад.
Дар ҷаласа масъалаҳои пешниҳоди адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзнома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода маъруза намуд.
Зимни баррасии масъалаи якум иттилоъ дода шуд, ки ба ҷаласаи Шурои миллии таҳсилот 15 номгӯй дастхати адабиёти таълимӣ пешниҳод гардидааст. Дар миёни онҳо дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз самтҳои таърих, иқтисод, молия, ҳуқуқ, психология, андозбандӣ, фаъолияти бонкӣ ва дигар ихтисосҳо мавҷуд мебошанд.
Қайд гардид, ки маводи пешниҳодшуда қаблан дар шуроҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва шуроҳои олимони муассисаҳои дахлдори таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба онҳо тақризу хулосаҳои мутахассисону коршиносони соҳа пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзнома вобаста ба мазмуну мундариҷаи китобҳои насли нав, мутобиқати онҳо ба талаботи замони муосир ва истифодаи имкониятҳои технологӣ дар таҳияи адабиёти таълимӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Таваҷҷуҳи аъзои шуро ба зарурати баланд бардоштани сатҳи илмию методии маводи таълимӣ, мутобиқ намудани муҳтаво ба талаботи барномаҳои таълимӣ, таҳкими ҷанбаҳои амалии мавзуъҳо ва пешниҳоди маводи таълимӣ бо шаклу усулҳои замонавӣ равона гардид.
Дар рафти ҷаласа аъзои шуро доир ба маводи пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, масъалаҳои вобаста ба сохтор, мазмун, забон, ҷанбаи методӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи низоми муосири таҳсилотро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷом муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки таҳия ва пешниҳоди адабиёти таълимии босифат, аз ҷиҳати илмию методӣ мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон