10.10.2024

 img

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.

 

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

 

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

 

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.  

 

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”. 

 

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.

 

Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

 

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

 

Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.

 

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.

  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН 1 октбяри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, ба фаъолияти донишгоҳ, раванди таълиму тарбия, шароити таҳсил ва иқтидори таълимии муассиса шинос гардид.   Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм ҳамроҳ бо роҳбарияти донишгоҳ аз синфхонаҳо ва дигар иншооти таълимӣ дидан намуда, бо ҷараёни баргузории машғулиятҳо, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва истифодаи маводи таълимӣ шинос гардид.   Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи иштироки донишҷӯён дар раванди таълим аз омилҳои муҳими таъмини сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.   Дар ҷараёни шиносоӣ ба масъалаи мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи муосири таҳсилоти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Муовини вазири маориф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ба роҳбарият ва омӯзгорони донишгоҳ як қатор тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.   Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар раванди таълим истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ, такмили усулҳои таълим, рушди тафаккури мустақилона ва таҳлилии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ташаккули малакаҳои касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд бештар ба роҳ монда шавад.   Ҳамчунин, зарурати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таъкид гардид.   Муовини вазири маориф ва илм ба шароиту имкониятҳои дар Донишгоҳ фароҳамгардида баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва минбаъд боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.   Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки роҳбарияти муассиса минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.   Боздиди мазкур дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ баргузор гардида, барои такмили минбаъдаи раванди таълим дар донишгоҳ муҳим арзёбӣ гардид.

    0

    01.10.2026
  •  img
    Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин 1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.   Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорем.   Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим дониста шуд.   Ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Масоили таҳкими робитаҳо дар самтҳои нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ шуд.   Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.

    99

    01.10.2026
  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН 1 октябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, шароити таҳсил ва заминаи моддию техникии муассиса аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид намуд.   Зимни боздид муовини вазир аз факултетҳои корҳои кӯҳӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои маҷозӣ, озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ва китобхонаи илмӣ-электронии донишкада дидан карда, бо имкониятҳои таълимӣ ва шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён шинос шуд.   Ба муовини вазир оид ба самтҳои асосии фаъолияти Донишкада, раванди омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои саноат, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии кишвар маълумот пешниҳод гардид.   Иброз гардид, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи соҳавии таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ барои соҳаҳои саноат, аз ҷумла кӯҳкорӣ, металлургия, энергетика, сохтмон, нақлиёт, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав нақши муҳим дорад. Муассиса низоми дуалии таълимро ҷорӣ намуда, бо зиёда аз 70 корхонаи саноатии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.   Ҳамзамон, муовини вазир бо донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, андешаҳои онҳоро оид ба раванди таълим, сифати донишандӯзӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи имкониятҳои таълимӣ шунид.   Зимни суҳбат таъкид гардид, ки таҳкими робитаи назария бо амалия, истифодаи технологияҳои муосир, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавқеи меҳварӣ дошта бошад.

    0

    01.10.2026