01.10.2026

 img

1 октябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, шароити таҳсил ва заминаи моддию техникии муассиса аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид намуд.

 

Зимни боздид муовини вазир аз факултетҳои корҳои кӯҳӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои маҷозӣ, озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ва китобхонаи илмӣ-электронии донишкада дидан карда, бо имкониятҳои таълимӣ ва шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён шинос шуд.

 

Ба муовини вазир оид ба самтҳои асосии фаъолияти Донишкада, раванди омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои саноат, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии кишвар маълумот пешниҳод гардид.

 

Иброз гардид, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи соҳавии таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ барои соҳаҳои саноат, аз ҷумла кӯҳкорӣ, металлургия, энергетика, сохтмон, нақлиёт, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав нақши муҳим дорад. Муассиса низоми дуалии таълимро ҷорӣ намуда, бо зиёда аз 70 корхонаи саноатии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

 

Ҳамзамон, муовини вазир бо донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, андешаҳои онҳоро оид ба раванди таълим, сифати донишандӯзӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи имкониятҳои таълимӣ шунид.

 

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки таҳкими робитаи назария бо амалия, истифодаи технологияҳои муосир, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавқеи меҳварӣ дошта бошад.

  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН img
  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН img
  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН 3 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, собиқадорони соҳа, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм чорабиниро оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорони кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният гуфт. Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ аз нақши арзанда ва заҳматҳои содиқонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ба омӯзгорону мураббиён барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуд.   Сипас, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабиниро идома дод. Мавсуф дар суханронӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону мураббиёнро ба муносибати иди касбиашон самимона табрику таҳният гуфта, барои хизмати содиқона, заҳмати созанда ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас арзи сипос намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли нав дар таҳкими маърифату фарҳанг, худшиносии миллӣ, рушди неруи инсонӣ ва бунёди ояндаи дурахшони кишвар нақши муҳим доранд.   Гуфта шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои назаррасро амалӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Омӯзгорон дар ташаккул ва рушди маърифати аҳли ҷомеа вазифаи басо муҳимми таърихӣ дошта, Ҳукумати кишвар талош мекунад, ки барои фаъолияти онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.   Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» эълон ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.   Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор шуд. Барнома бо иҷрои сурудҳо ва рақсу навоҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид ва фазои идонаро тақвият бахшид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    03.10.2026
  •  img
    ДИЛРАБОИ ҲОТАМШО - МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026 Имрӯз, 3 октябри соли 2026 зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2026» баргузор гардид.   Озмуни мазкур бо ҳадафи ҷалби мураббиёни боистеъдод, эҷодкор ва кордон, инчунин ҳавасмандсозӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо дар самти таълиму тарбия роҳандозӣ шуда, беҳтарин мураббиён аз муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ муайян гардиданд.   Соли равон ба даври ниҳоии озмун панҷ мураббии беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Дилрабои Ҳотамшо – мураббияи муассисаи таълимии томактабии №7-и «Булбулакон»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ гардид.   Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни фаъолу боистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1

    03.10.2026
  •  img
    ШАРИФЗОДА ШАРИФ - ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2026 Имрӯз, 3 октябри соли 2026 зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» баргузор гардид.   Озмуни мазкур бо мақсади таҳкими сатҳу сифати таълим, дастгирии омӯзгорони соҳибистеъдод ва эҷодкор, инчунин баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи касби омӯзгорӣ баргузор гардида, ҳамасола миқёси иштирок ва сатҳи касбии довталабонро тавсеа мебахшад.   Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Шарифзода Шариф - омӯзгори Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» эълон гардида, бо Ҷоми озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.   Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни фаъолу боистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    03.10.2026