13.05.2026

 img

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чунчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.

 

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.

 

Тавре зикр гардид, Чунчин бо 34 миллион аҳолӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳо ва марказҳои логистикӣ дар роҳи пайванди Чин бо Осиёи Марказӣ аз аҳаммияти стратегӣ бархурдор буда, дар татбиқи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» нақши калидӣ мебозад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳандозии ҳамкории босамар бо ин шаҳр дар соҳаҳои саноат, технологияҳои нав, энергетикаи “сабз”, илм, маориф, алоқа, бунёди “шаҳрҳои ҳушманд”, буда, сохторҳои давлатию хусусии ҳарду ҷонибро ба роҳандозии робитаҳои ҳамкории судманд ташвиқ менамояд.

 

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба омодасозии кадрҳои ҷавони бахшҳои инноватсия ва технологияҳои муосир аз тариқи табодули донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои ҷавонони тоҷик, зоҳир гардид.

 

Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн аз Намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин боздид намуданд.

 

Ба ифтихори сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин шоу-намоиши рангини дронҳо баргузор гардид. 5 ҳазор дрон аксҳои манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро тасвир намуданд, ки бисёр хотирнишин буд. 

  • Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн img
  • Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн img
  • Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАМЪБАСТИ МОҲВОРАИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ Дар саҳни Раёсати маорифи вилояти Хатлон чорабинии ҷамъбастии моҳвораи забонҳои русӣ ва англисӣ миёни муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарону масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, омӯзгорони фаннӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъкид намуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки таҳти роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   Дар идомаи чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо забонҳои русӣ ва англисӣ барномаҳои рангини фарҳангӣ ва адабӣ пешниҳод карданд. Қироати шеърҳо, саҳначаҳои тарбиявӣ, сурудҳо ва баромадҳои эҷодӣ маҳорати баланди забондонӣ ва истеъдоди иштирокчиёнро бозгӯ намуд.   Ҳамзамон, дар доираи моҳвора озмуну викторинаҳои гуногун ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, саҳми омӯзгорони фаъол ва пешсаф дар татбиқи босамари моҳвора ва омода намудани хонандагони болаёқат махсус зикр гардид.   Дар фарҷоми чорабинӣ масъулон баргузории чунин иқдомҳоро барои рушди малакаҳои забонӣ, тақвияти қобилияти эҷодии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ дар муассисаҳои таълимӣ идома хоҳанд ёфт.

    8

    13.05.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЗМИ ҶАВОНӢ» ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН Бо ибтикори Донишкадаи тарбия ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шокирзода ва ректори донишкада А. Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.   Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.   Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.

    27

    13.05.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 13 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд.   Зимни баромади З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.   Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард

    29

    13.05.2026