07.09.2026
Имрӯз, 7 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он ба як қатор кормандони соҳаи илму маориф мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд ёфта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ҳамзамон, мавсуф иброз дошт, ки қадршиносии заҳмати омӯзгорону олимон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар нишонаи таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа мебошад.
Гуфта шуд, барои ҷомеаи омӯзгорӣ, махсусан, боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро пайваста ҳамчун шахсияти калидӣ дар бунёди ҷомеаи маърифатпарвар ва ояндаи давлат арзёбӣ менамоянд. Ин муносибат барои ҳар як корманди соҳа ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулияти бузург. Зеро посухи арзандаи мо ба чунин эътимоду ғамхорӣ бояд меҳнати содиқона, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳое бошад, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо донишу ҷаҳонбинии муосир бунёд мекунанд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки сарфароз гардонидани кормандони соҳаи маориф ва илм бо мукофотҳои давлатӣ нишонаи эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва рушди соҳа мебошад.
Ҳамзамон, изҳори умед карда шуд, ки ин қадршиносии баланди давлату Ҳукумати мамлакат масъулияти кормандони соҳаро барои фаъолияти минбаъда бештар намуда, онҳоро ба меҳнати содиқона, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илми миллӣ ва тарбияи насли шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят хоҳад кард.
Дар идома маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардида, як қатор кормандони соҳаи илму маориф барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона ва саҳми назаррасашон дар рушди соҳа бо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маориф ва илм ҳамаи мукофотгирандагонро бори дигар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон