07.09.2026

 img

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдорӣ заминаи ташаккули давлати миллӣ, таҳкими пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои мустақили рушди кишварро фароҳам овард. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон марҳалаҳои ниҳоят мураккаби барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисоди миллӣ, ташаккули институтҳои давлатдорӣ, рушди инфрасохтор ва гузариш ба модели нави иқтисодиро паси сар намуд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз сулҳу суботи сиёсӣ ва таъмини фазои мусоиди иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки давлат сиёсати дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намуда, барномаҳои миллӣ ва стратегияҳои рушди кишварро таҳия ва амалӣ созад.

Дар ин замина, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ташаккули сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сиёсати молиявӣ, иҷтимоӣ, тандурустиву маориф, андозу буҷет, қарзию бонкӣ, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва сайёҳӣ заминаҳои нави ҳуқуқию институтсионалӣ ба вуҷуд оварда шуданд.

Қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди кишвар ва дигар стратегияву барномаҳои соҳавӣ имкон доданд, ки сиёсати иқтисодии давлат хусусияти дарозмуддат ва барномавӣ касб намояд. Дар соли 2025 бошад, ҳамчун марҳалаи муҳим, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 қабул гардид, ки марҳалаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ иқтисоди Тоҷикистон аз марҳалаи барқарорсозии иқтисодии баъдиҷангӣ ба марҳалаи рушди устувор ва диверсификатсияи сохторӣ ворид гардид. Агар дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи асосӣ барқарор намудани фаъолияти иқтисодӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва бартараф намудани оқибатҳои буҳрони сиёсиву иқтисодӣ бошад, дар солҳои минбаъда вазифаҳои рушди босуръат, саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои беруна ба самти асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфтанд.

Натиҷаҳои соли 2025 ин тағйироти сохториро боз ҳам равшантар нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти расмӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 ба 176,9 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоиз таъмин гардид. Ин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, иқтисоди миллӣ тавонист суръати нисбатан баланди рушдро нигоҳ дорад. Дар даҳ соли охир, ки давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро фаро мегирад, ҳаҷми ММД 3,4 баробар афзоиш ёфта, рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил додааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки яке аз натиҷаҳои муҳими 35 соли Истиқлолият ташаккули низоми нисбатан устувори иқтисодӣ мебошад, ки дар он афзоиши истеҳсолот, сармоягузорӣ, даромади буҷет, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд.

Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ба тағйири сохтори иқтисоди миллӣ ва гузариш аз модели аграрию саноатӣ ба модели саноатию аграрӣ равона гардидааст.

Дар давраи татбиқи саноатикунонии босуръат, яъне солҳои 2019–2025, дар кишвар зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2025 фаъолияти 400 корхонаи нави истеҳсолӣ оғоз гардид.

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ расида, суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ 122,1 фоиз, ё 22,1 фоиз афзоишро ташкил дод. Дар сохтори саноатӣ афзоиши саноати истихроҷ 36,2 фоиз, саноати коркард 10,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ ва буғ зиёда аз 13 фоиз ва таъминоти обу коркарди партовҳо 22,8 фоизро ташкил дод. Ҷолиби диққат аст, ки соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан беш аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 36,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард ба 34,6 миллиард сомонӣ расид.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки саноатикунонии босуръат тадриҷан хусусияти сохторӣ гирифта, аз бунёди корхонаҳои нав ба ташаккули занҷираҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани арзиши иловашуда дар дохили кишвар мегузарад.

Дар оянда вазифаи муҳим на танҳо зиёд намудани шумораи корхонаҳо, балки баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, истифодаи технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти илмталаб, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», сохтмони НБО «Роғун», ба истифода додани агрегатҳои он ва рушди дигар иқтидорҳои энергетикӣ заминаи муҳим барои таъмини рушди иқтисодӣ фароҳам оварданд.

Соли 2025 дар кишвар 13 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика ба маблағи умумии 14,9 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар соли ҳисоботӣ ба 24 миллиард кВт соат расида, нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардид.

Рушди энергетика на танҳо ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ, балки ба рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад.

Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи минбаъда масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ, кам намудани талафоти энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби технологияҳои каммасраф аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва сарчашмаи асосии шуғли аҳолии деҳот ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳа равандҳои диверсификатсияи истеҳсолот, рушди боғу токпарварӣ, васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди чорводорӣ ва истифодаи технологияҳои нави аграрӣ вусъат пайдо карданд.

Соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 84 миллиарду 653,8 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он 9,5 фоизро ташкил дод. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфт. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо соли 2025 зиёда аз 1,74 миллион тонна ғалладона, 382,9 ҳазор тонна пахта, 1,33 миллион тонна картошка, 3,38 миллион тонна сабзавот ва 954,4 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст. Афзоиши истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, мева ва ангур аз имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, барои рушди минбаъдаи соҳа зарур аст, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ, логистика ва содироти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда бештар ба роҳ монда шавад. Ин раванд метавонад робитаи кишоварзиро бо саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ тақвият бахшида, таъсири мултипликативии онро ба иқтисоди миллӣ афзоиш диҳад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ табдил ёфт. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, рушди инфрасохтори молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуд.

Соли 2025 ҳаҷми сармоягузории хориҷии воридшуда ба кишвар 59,5 миллиард сомонӣ арзёбӣ шуда, нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ бошад, ба 28,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 23 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пешниҳодшуда ба 30 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти сармоягузории дохиливу хориҷиро дар рушди истеҳсолот, инфрасохтор ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нишон медиҳанд.

Ҳамзамон, самаранокии сармоягузорӣ бояд на танҳо аз рӯи ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда, балки аз рӯи натиҷаҳои иқтисодӣ - ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда, ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содирот, интиқоли технология ва таъсири он ба рушди минтақаҳо арзёбӣ карда шавад.

Дар давоми 35 соли Истиқлолият низоми молиявии мамлакат марҳалаи ташаккул ва такмили пайвастаро аз сар гузаронид. Ислоҳоти низоми андоз, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва такмили идоракунии молияи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ замина гузоштанд.

Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ бошад, ба буҷет 26,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нишондиҳандаи пешбинишуда 3 миллиарду 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши имкониятҳои молиявии давлат ба зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, инфрасохтор, маориф, тандурустӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина масъалаи баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ ва пайвастани хароҷоти буҷетӣ ба натиҷаҳои мушаххаси иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад.

Яке аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлолият рушди инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ имконият доданд, ки алоқаи байни минтақаҳои кишвар беҳтар гардида, шароити мусоид барои ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.

Соли 2025 дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд барои табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва истифодаи имкониятҳои мавқеи ҷуғрофии он заминаи муҳим фароҳам меорад.

Сайёҳӣ дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими диверсификатсияи иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Захираҳои табиӣ, кӯҳҳо, пиряхҳо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, фарҳангӣ ва табобатиро фароҳам месозанд.

Соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 104,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба соли 2024 31,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора беш аз 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ шудаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 27,4 фоиз зиёд аст.

Афзоиши ҷараёни сайёҳон имконият медиҳад, ки дар кишвар хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт, ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли маҳсулоти миллӣ ва дигар бахшҳои марбут ба сайёҳӣ рушд намоянд.

Аз ин рӯ, вазифаи минбаъда аз баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ташаккули брендҳои сайёҳии миллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд намудани даромади воқеии кишвар аз ҳар як сайёҳ иборат мебошад.

Яке аз меъёрҳои асосии самаранокии рушди иқтисодӣ беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт дар давраи истиқлолият коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2025 сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар, афзоиш ёфт. Соли 2025 дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда аҳамияти рушди истеҳсолот, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар таъмини шуғли аҳолӣ нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар марҳалаи нави рушд масъалаи асосӣ танҳо ташкили ҷойи корӣ нест, балки таъмин намудани шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнати рақобатпазир ва ташаккули табақаи миёна мебошад.

Ҳиссаи хароҷоти маориф нисбат ба ММД аз 5,2 фоиз дар соли 2020 ба 6,6 фоиз дар соли 2025 расидааст. Ҳиссаи хароҷоти маориф дар маҷмӯи хароҷоти буҷети давлатӣ низ аз 17,4 фоиз ба 21,1 фоиз зиёд шудааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки маориф дар сиёсати молиявии давлат мавқеи стратегӣ дорад. Маблағгузорӣ ба маориф дар асл сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва заминаи рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бошад 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Сифати маориф бевосита ба сатҳи касбӣ, мақоми иҷтимоӣ ва ҳавасмандии омӯзгорон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дастгирии омӯзгор бояд ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳа арзёбӣ шавад.

Дар 35 соли Истиқлолият шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона аз 1 миллиону 325,4 ҳазор нафар ба 2 миллиону 462,1 ҳазор нафар расидааст. Яъне, дар давраи истиқлол шумораи хонандагон беш аз 1 миллион нафар зиёд шудааст. Танҳо дар муқоиса бо соли таҳсили 2020–2021 шумораи хонандагон аз 2 миллиону 108,9 ҳазор нафар ба 2 миллиону 462,1 ҳазор нафар, ё 353,2 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Шумораи духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона низ аз 641,8 ҳазор нафар дар соли 1991–1992 ба 1 миллиону 195,1 ҳазор нафар дар соли 2025–2026 расидааст. Ин нишондиҳанда афзоиши дастрасии духтаронро ба таҳсил ва аҳамияти сиёсати давлатӣ дар самти таъмини имкониятҳои баробар барои таҳсилро нишон медиҳад.

Агар соли 1991–1992 дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69,3 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, дар соли таҳсили 2025–2026 шумораи муассисаҳо ба 51 адад ва шумораи донишҷӯён ба 226,2 ҳазор нафар расидааст. Яъне шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ нисбат ба оғози истиқлол 38 адад, ё тақрибан 3,9 баробар, зиёд гардида, шумораи донишҷӯён беш аз 156,1 ҳазор нафар, ё тақрибан 3,3 баробар, афзоиш ёфтааст, ки аз шумораи умумии донишҷӯён 94,3 ҳазор нафар духтарон мебошанд.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар баробари таъсири омилҳои беруна — тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии талаботи беруна ва дигар хавфҳои геоиқтисодӣ — тавонист рушди мусбатро нигоҳ дорад.

Соли 2025 суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоиз, сатҳи таваррум 3,5 фоиз ва ММД 176,9 миллиард сомонӣ ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо аз нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Аммо дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ устувории воқеии иқтисод бештар ба диверсификатсияи истеҳсолот, рушди бахши хусусӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат вобаста хоҳад буд.

35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо фурсати арзёбии дастовардҳои гузашта, балки оғози марҳалаи нави рушди кишвар мебошад. Натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо заминаи нисбатан устувори макроиқтисодӣ, инфрасохтори рушдёбанда ва имкониятҳои нави истеҳсолӣ ба ин марҳала ворид мегардад.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 дар ин раванд аҳамияти махсус дорад. Ҳадаф гузошта шудааст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми ММД ду баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз расонида шавад.

Дар ин замина самтҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ чунин арзёбӣ мешаванд:

1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ.

2. Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ тавассути рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ.

3. Таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ ва рушди коркарди маҳсулот.

4. Таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди бозори меҳнати рақобатпазир.

5. Саноатикунонии босуръат ва гузариш ба истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда.

6. Коҳиш додани вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна тавассути диверсификатсияи истеҳсолот ва содирот.

7. Рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ.

8. Рушди иқтисоди сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист.

9. Рушди сармояи инсонӣ, илм, маориф ва технология ҳамчун омили асосии рақобатпазирии миллӣ.

10. Баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷетӣ ва самаранокии хароҷоти давлатӣ.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки кишвар аз марҳалаи барқарорсозии баъдибуҳронӣ ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ворид гардидааст. Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаккули низоми давлатдорӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, саноатикунонии босуръат, афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ, рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва густариши сайёҳӣ, таъмини рушди иҷтимоиёту маориф аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра мебошанд.

Нишондиҳандаҳои соли 2025 ин равандро тасдиқ мекунанд: ММД ба 176,9 миллиард сомонӣ расид, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил дод, таваррум дар сатҳи 3,5 фоиз нигоҳ дошта шуд, даромади буҷет ба 60,3 миллиард сомонӣ расид, истеҳсоли саноатӣ ба зиёда аз 66,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 84,7 миллиард сомонӣ расид ва ба кишвар беш аз 2,1 миллион шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд. Ҳамин тариқ, дастоварди муҳимтарини 35 соли Истиқлолиятро метавон на танҳо дар афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки дар ташаккули заминаҳои институтсионалӣ, инфрасохторӣ ва иқтисодии рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ намуд.

Дар марҳалаи нави рушд вазифаи асосӣ аз табдил додани рушди миқдорӣ ба рушди босифат иборат мебошад. Яъне афзоиши ММД бояд бо баланд гардидани маҳсулнокии меҳнат, зиёд шудани даромади воқеии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул, рушди бахши хусусӣ, афзоиши содироти маҳсулоти коркардшуда ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад.

Аз ин нуқтаи назар, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ҷашни дастовардҳои таърихии миллат, балки марҳалаи муҳимми гузариш ба иқтисоди муосир, саноатикунонидашуда, рақамӣ, сабз ва ба дониш асосёфта мебошад.

Боварӣ дорем, ки дар сурати идомаи татбиқи босифати стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими илму маориф, густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва такмили идоракунии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар солҳои минбаъда мавқеи худро ҳамчун иқтисоди рӯ ба рушд таҳким бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаи боз ҳам устувортар фароҳам созад. Итминони комил дорем, ки таҳти сарварии хирадмандона ва ободкоронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ояндаи наздик тамоми ҳадафҳои стартегии кишварро ба даст оварда, дар қатори давлатҳои рушдкунанда ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардем.

Илҳомуддин ИБРОҲИМЗОДА,

муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

  • ДАСТОВАРДҲОИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ РУШДИ УСТУВОР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.

    6

    15.10.2026
  •  img
    НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МАКТАБ, ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР 15 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккули низоми мактаб, илм ва маорифи кишвар» баргузор гардид.   Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори филиали Институти иҷтимоию технологии Бошқирдистони Федератсияи Россия Танзила Нигматуллина Алтафовна, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, собиқадорони донишгоҳ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода ба аҳаммияти таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккул ва рушди низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва пешрафти илму фарҳанги кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд.   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ нақши муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгориро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.   Ба таъкиди вазир, имрӯз баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.   Зикр гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва рушди неруи зеҳнии кишвар аз дониш, маҳорати касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти омӯзгор вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, омода намудани омӯзгори соҳибмаърифат, навовар, дорои тафаккури таҳлилӣ ва ҳисси баланди масъулият яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки омӯзгори муосир бояд на танҳо соҳиби дониши амиқи касбӣ бошад, балки пайваста маҳорати худро такмил дода, аз имкониятҳои технологияҳои рақамӣ самаранок истифода барад ва дар шогирдон шавқи омӯзиш, қобилияти мустақилона андешидан, таҳқиқ кардан ва эҷод намуданро ташаккул диҳад. Дар ин раванд, тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба забон ва фарҳанги тоҷик ва ташаккули ҷаҳонбинии солим низ аҳаммияти хосса доранд.   Вазири маориф ва илм ҳамчунин ба зарурати мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба талаботи замони муосир, бахусус дар шароити рушди босуръати илму технология ва густариши имкониятҳои ҳуши маснуӣ, ишора намуд. Ба таъкиди ӯ, дар баробари додани донишҳои соҳавӣ, дар донишҷӯён бояд қобилияти таҳлилу арзёбии иттилоот, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва истифодаи огоҳонаю масъулонаи технологияҳои нав ташаккул дода шавад.   Дар идомаи конференсия масъалаҳои марбут ба таърихи ташаккул ва рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, саҳми он дар бунёд ва такмили низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, рушди илм ва тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Зикр гардид, ки донишгоҳи мазкур, ки соли 1931 таъсис ёфтааст, дар тӯли фаъолияти худ дар омода намудани омӯзгорони соҳибкасб, рушди илму фарҳанги миллӣ ва ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ин боргоҳи илму маърифат дар давраҳои гуногуни таърихи кишвар дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва таҳкими пояҳои низоми маорифи миллӣ нақши муҳим бозидааст.   Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони соҳаи маориф ва илм, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилию хориҷӣ доир ба аҳаммияти таърихии донишгоҳ, дастовардҳои он ва дурнамои рушди таҳсилоти омӯзгорӣ андешаронӣ намуданд.   Ҳамзамон, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аҳаммияти густариши робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.   Дар фарҷоми конференсия барномаи фарҳангии аҳли ҳунари донишгоҳ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.   Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар заминаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор барои гиромидошти мақому манзалати омӯзгор, арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди низоми таҳсилоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

    37

    15.10.2026
  •  img
    Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.   Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.   Бо ёдоварӣ аз вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати фароҳам овардани  заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси  ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид карданд.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни  кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.       Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.   Зикр гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.   Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.   Таъкид гардид, ки Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба мавзуи мазкур баргузор менамояд.   Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.   Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки «мо ба пешбурди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ҳамчун абзори муассир дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт идома хоҳем дод».   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб сохтанд.   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва саноати “сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ медиҳад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба қабули қатъномаи муҳим оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи он ба манфиати рушди устувор дар самти Осиёи Марказӣ ва дар ин замина ташкил кардани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе андешаронӣ намуданд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дахл намуда, иброз доштанд, ки соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2028 баргузор мегардад.   Ҷонибдории густариши ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни давлатҳо ва мардумони Осиё аз мавзуъҳои дигари суханронии Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва дар ин зимн аҳамияти истифодаи самараноки зарфиятҳои дар ин соҳаҳо мавҷуда таъкид гардид.   Пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои Ҳамоиши ҷавонони ин Форум васеъ гардонида шаванд ва он ба минбари доимии гуфтугӯ, табодули таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштараки ҷавонони кишварҳои аъзо табдил ёбад.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамчун майдони муассири муколама ва ҳамкорӣ, таҳкими эътимод ва ҳамбастагии кишварҳои Осиё хизмат хоҳад кард.

    40

    15.10.2026