12.12.2025
12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки болоравии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки “сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, олудашавии муҳити зист ва дигар мушкилот низ тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои ҷаҳонии Душанбе доир ба об ва муқовимат ба терроризм ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайваста саҳми муносиби худро мегузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд”.
Дар ин робита аз пешниҳоди порсолаи Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон барои наслҳои оянда” бори дигар ёдоварӣ карда шуд.
Дар хулосаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “тантанаи сулҳ”-ро “гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” номида, изҳор доштанд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин арзиши воло бояд бо такя ба эътимод, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ муносибати эҳтиёткорона дошта бошад”.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, бо истифода аз анъанаҳои мақбули дипломатӣ, гуфтугӯи васеи созанда ва дигар воситаҳои сулҳомез дар таъмини амну субот ва рушди устувор саҳми намоёни худро гузорад.