11.12.2025

 img

11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳимми таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Николаевич Фалков мулоқот доир намуд.

 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, густариши робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати таҳсил баррасӣ карданд.

 

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи маориф дорои заминаҳои мустаҳкам буда, дар доираи онҳо ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ин иқдомҳо ва васеъ кардани робитаҳои таълимӣ ва илмӣ изҳор намуданд.

 

Ҳамзамон, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, балки ба рушди устувори таҳсилоти олӣ ва илми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.   Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.

    28

    11.12.2025
  •  img
    Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия зиёда аз 27 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд Дар соли таҳсили 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.   Вохӯрии Вазири маориф ва илм бо донишҷӯёни тоҷик 10 декабр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар маҷмуъ дар Федератсияи Русия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.   Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи мамлакат, неруи илмию касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.   Вазир таъкид намуд, ки имконияти таҳсили байналмилалие, ки имрӯз донишҷӯён аз он истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Русия мебошад. Сарони ду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ заминаи устувор муҳайё намудаанд. Ин вазъият ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаи сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.   Дар суҳбат бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Русия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба ва мустаҳкам намудани дӯстӣ бошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз мамлакат муваффақона муаррифӣ карда, ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.   Зимни мулоқот донишҷӯён доир ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароиту имконияти мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.

    40

    11.12.2025
  •  img
    ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Имрӯз, 11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо даъвати расмӣ дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок ва дар қисмати пленарӣ суханронӣ намуд.   Конференсия таҳти сарпарастии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Комиссияи Россия оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба баргузор шуда, беш аз 500 иштирокчӣ аз 50 кишвари ҷаҳон ва намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар он ҳузур доштанд.   Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ ба аҳаммияти таҳсилоти фарогир ба ҳайси ҷузъи муҳимтарини сиёсати маориф таъкид намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, кӯдакони дорои ниёзҳои махсус, тамоми чораҳоро андешидааст. Вазир инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти таҳсилоти фарогир тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шудааст.   Дар ҳамоиш баромадҳои дигар низ сурат гирифта, иштирокчиёни конференсия таҷрибаи кишварҳои худро дар самти таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуданд. Конференсия имконият дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори ташаккули ҷомеаи баробар ва фарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад ва ҳамзамон таҷрибаи амалии худро дар бахши таҳсилоти фарогир бо дигар давлатҳо мубодила намояд.   Таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мебошад. Қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, онҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, ба таҳсил ва дастрасӣ ба имкониятҳои баробарро таъмин мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024 «Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045» тасдиқ шуда, таваҷҷуҳ ба бартарафсозии ҳама гуна табъиз ва беҳтарсозии муҳити таълимӣ равона шудааст. Айни ҳол дар кишвар 4 муассисаи томактабӣ ва 15 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолият доранд, ки зиёда аз 3000 кӯдакро фаро гирифтаанд.   Ҳадафи асосии конференсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсилоти фарогир, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ ва педагогӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани дастгирӣ ба хонандагони гурӯҳҳои осебпазир арзёбӣ гардид. Дар кори ҳамоиш диққати махсус ба ташкили муҳити фарогири таълим барои кӯдакони дорои маълулият, муҳоҷирон ва намояндагони халқҳои бумӣ дода шуд. Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки кишварҳо таҷрибаи пешрафтаи худро мубодила намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди таҳсилоти фарогир пайдо кунанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    6

    11.12.2025