02.06.2025

2 июни соли 2025 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”: дастовардҳо ва дурнамо” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода оғоз ёфт. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки кӯдакон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо яке аз арзишҳои олӣ ва устувори сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, таҳсил, ҳифзи ҳуқуқ, фароғат ва солимии кӯдакон заминаҳои мусоиди рушд муҳайё гардидааст.
Муовини вазир ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, ки соли 2015 қабул гардида буд, ба сифати санади муҳимми ҳуқуқӣ барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон хизмат карда истодааст.
Сипас, Артур ван Дизен, сардори Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳамкории судманд бо мақомоти Тоҷикистон дар самти ҳимояи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар идомаи конференсия муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Нигина дар мавзӯи “Саҳми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм – Давлатзода Муяссара дар мавзӯи “Нақши таҳсилоти иловагӣ дар рушди кӯдакону наврасон” ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илм – Бобоҷон Ҷаҳонгир дар мавзӯи “10 соли татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” дастовардҳо ва мушкилот” баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳар кӯдак бояд дар муҳити орому амн, таҳти таваҷҷуҳ ва меҳру муҳаббати ҷомеа ба воя расида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шавад.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки конференсияи мазкур дар баррасии масъалаҳои муҳимми таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон саҳми муассир гузошта, дурнамои ҳамкориҳоро тавсеа мебахшад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон