20.08.2026
19 августи соли 2026 бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Н. Каримзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Вазири маориф ва илм дар оғози конференсия иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр роҳи мустақили рушди худро интихоб намуда, барои эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум заминаҳои устувор гузошт.
Вазир зикр намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик марҳалаи эҳёи миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва бунёди ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳала, хусусан, соҳаи илму маориф ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ, омили асосии рушди сармояи инсонӣ ва кафолати пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ касб намуд. Бо вуҷуди мушкилоту озмоишҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо сиёсати хирадмандона, созанда ва ояндабинии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф тадриҷан рушд ёфта, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил гардидааст.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо метавонем бо ифтихор аз дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шавем. Дар ин давра ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олӣ, марҳала ба марҳала таҳким ёфта, барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибкасб ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 4056 расидааст. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ба рушди маориф шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон, дар суханронӣ нақши ташаббусҳои маърифативу фарҳангии Пешвои миллат дар рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа махсус таъкид гардид. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиа ва донишомӯзӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар баробари ин, таъкид шуд, ки ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди ҷомеа дониш, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури навоварона ва мутобиқшавӣ ба равандҳои босуръати технологиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забонҳои хориҷӣ ва омода намудани насли ҷавон ба талаботи асри зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ аз вазифаҳои муҳимми низоми маорифи кишвар ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо ҷамъбасти роҳи тайкарда набуда, фурсати муҳим барои муайян намудани ҳадафҳои нав, таҳкими дастовардҳо ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созанда ва пешбарандаи ғояҳои рушди миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватан саҳми назаррас гузоштааст. Зикр гардид, ки имрӯз низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ барои татбиқи сиёсати созанда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар фаъолияти густурда дорад.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон», «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлол», «Маориф дар даврони Истиқлол» ва «Истиқлол ва раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ» маъруза намуданд.
Дар анҷоми конференсия як қатор кормандон барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамар бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон