19.08.2026
18 августи соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши мазкур директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Муҳаммадраҷабзода иштирок намуда, дар мавзуи «Рушди таҳсилот дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея» маъруза намуд.
Зимни маъруза сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, инчунин тадбирҳои марбут ба ҷорӣ намудани курси «Асосҳои зеҳни сунъӣ» ва татбиқи озмоишии он дар 100 муассисаи таҳсилоти умумӣ муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос, таҳияи маводи таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини истифодаи бехатари технологияҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои омода намудани тренерони миллӣ, таҳияи муштараки барномаҳои таълимӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои намунавии зеҳни сунъӣ, ташкили платформаи муштараки захираҳои рақамӣ, баргузории олимпиадаҳо ва ҳакатонҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки хонандагону омӯзгорон пешниҳод намуд.
Дар рафти форум намояндагони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро дар самти зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ то 21 август идома ёфта, дар доираи он боздид аз муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла, озмоишгоҳи Smilegate Future Lab, Мактаби миёнаи технологияҳои иттилоотии Сеул, Донишгоҳи Корея ва Осорхонаи роботҳо ва зеҳни сунъии Сеул дар назар аст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон