07.12.2025
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва роҳандозӣ мегардад, ҷамъбаст шуд. Ҳангоми баргузории озмун равшан эҳсос гардид, ки довталабон нисбат ба солҳои пеш хеле фаъол буда, ҳатто интихоби ғолибон дар ҳамаи бахшҳо ба мушкилӣ сурат мегирад. Ин душворӣ, пеш аз ҳама, бастагӣ ба он дорад, ки дар ҳамаи зинаҳо довталабон бештар аз ҳарсола ашъор аз бар кардаву китобҳои зиёдеро мутолиа намудаанд.
Новобаста ба мушкилоти мавҷуда, барои хонандагони зинаҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик онҳо кӯшишҳои муваффақонае барои аз бар намудани ашъор ва мутолиаи огоҳмандонаи осори бузургони адабиёти классикии мо намуданд. Бо итминон метавон изҳор дошт, ки сатҳи донишу биниш, мутолиаву маърифати довталабон имсол нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст. Агар як гурӯҳи онҳо бо сабаби таҷрибаҳои чандсолаи ширкат дар озмун дар ин ҷода муваффақ шуда бошанд, гурӯҳи дигар бо такя бар завқу салиқаи баланди хеш дар ин роҳ тавфиқ ёфтаанд.
Омодагӣ ба озмун, албатта, дар заминаи қиёси синнусолӣ наметавонад дар як сатҳ бошад, вале агар аз нигоҳи зинаҳои камолоти маънавӣ ба ин масъала ворид шавем, равшан мегардад, ки бемуҳобо, кӯдакони синни хурди мактабӣ хеле фаъоланд, новобаста ба он ки онҳо тоза ба майдони омӯзишу мутолиа ворид шудаанд. Бахусус, ширкати чанд нафар хонандаи синфҳои 1 ва 2, ки миқдори зиёди ашъорро аз бар намудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин насли тозафикру тозаандеша дар ин ҷода хеле муваффақанд. Интихоби ашъор ва осори мутолиашуда аз ҷониби онҳо қобили таваҷҷуҳ аст, зеро аксаран пораҳои манзум ва мансурро ҳаҷман зиёд ҳифз намудаанд. Соҳиби чунин ганҷинаи бузурги маънавӣ гардидан баҳри иштирокчиён барои он шарафи бузурге хоҳад буд, ки тамоми умр эшонро ҳамроҳӣ намуда, дар камолоти фикриву андешавиашон нақши муассир хоҳад гузошт. Махсусан, натиҷаҳои шоиставу шоёни таъсири мутолеаи адабиёт ба кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро, ки нисбат ба табақаҳои дигар хеле фаъоланд ва бо завқу шавқи баланд дар озмун ширкат варзидаанд. Масалан, дар миёни довталабони ғолиб нафароне ҳастанд, ки аз 180 то 250 ғазал аз бар намуда, тақрибан то чаҳор ҳазор байтро аз ёд медонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол доираи мутолиа ва фарогирии мероси адабиёти гузаштаи мо аз сӯйи довталабон вусъати бештар касб мекунад. Барои ман бисёр хушоянд буд, ки дар дафтари аксари ширкаткунандагони озмун чандин намуна аз ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар адабиёти мо бо номи «Абулмаъонӣ» маъруф аст, мавҷуд буд. Чанд нафар пораҳое аз маснавии «Комде ва Мадан»-ро низ аз ёд кардаанду нафарони дигар қасидаҳоеро аз маҳсули хомаи ин шоир медонанд. Бавижа, қасидаи «Саводи аъзам», ки дар посухи «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ суруда шудааст. Мухаммасҳое низ аз Бедил дар бастаҳои чанде аз довталабон ҷой дошт. Қобили таъкид аст, ки мардуми тоҷик бештар аз дусад сол аст, ки Бедил мехонанд ва мавҷудияти нусхаҳои фаровони хаттии девони шоир дар хонаҳои одамон гувоҳи ҳақиқати ин амр аст.
Ҳоло аз ёд кардани ашъори Бедил барои хонандагону донишҷӯён худ қадами аввал дар маърифати андешаҳои ин суханвари мумтоз аст. Ин гоми устувор роҳеро дар шинохти рамзу рози калом ва афкори Бедил боз хоҳад намуд. Мо медонем,ки дар гузашта дар бозору чойхонаҳо мардуми тоҷик маҳфилҳои бедилхонӣ меоростанд, ки устод Айнӣ ҳам дар китоби «Ёддоштҳо» ва ҳам дар асари «Мирзо Абдулқодири Бедил» аз маҷолиси фаҳми шеъри ин суханвар ёд кардааст ва намунаҳои шуруҳи шифоҳие аз ин маҳофилро Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» зикр намуда. Ман чунин меандешам, ки таваҷҷуҳи наслҳои мухталиф ба аз бар намудани намунаҳои ашъори Бедил дар доираи озмун бо шеваи дигар ва ҷадид нусхае тоза аз чунин маҳофили суннатист, ки дар партави ин иқдоми Пешвои миллат эҳё ва ба мазҳари умум роҳ меёбад. Дар канори ин, намунаҳое аз ашъори шоироне, чун Урфии Шерозӣ, Калими Кошонӣ, Толиби Омулӣ, Қудсии Машҳадӣ, Сипандӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон ба чашм расид, ки вусъати фарогирии мероси адибони классики тоҷикро аз сӯйи довталабон бозгӯӣ мекунад. Ин, албатта, падидаи қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба нуфузи сатҳи маърифати ҷомеа таъкид меварзад. Аммо баробари ин, ба мушоҳида мерасад, ки бастаҳои довталабон бештари маврид такрори ҳамдигаранд. Аксар намунаҳои ғазалу қасида, анвои дигари шеърӣ дар бастаҳо якхеланд. Ин ҳолат бештари маврид дар маводи ширкаткунандагони як шаҳру ноҳия ба мушоҳида мерасад. Масалан, қасидаи «Шикоят аз пирӣ», «Васфи Бухоро», «Модари май»-и устод Рӯдакӣ ва чанд қасидаи дигар аз Сайфи Фарғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонии Шарвонӣ дар бештар аз ҳаштод дар сади бастаҳо мушоҳида мешавад. Ҳарчанд шуморашон хеле кам аст, аммо довталабоне низ ҳастанд, ки қасидаҳои 100-байтӣ ва бештар аз онро ба сурати комил аз ёд намудаанд. Масалан, довталабе аз шаҳри Душанбе қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро, ки сад байт аст, ба сурати комил аз ёд қироат кард. Аз ҳар ҷойи ин қасида, ки ба сурати мунтахаб пурсида шуд, посух гуфт. Аммо бештари довталабон қасоидро гоҳо маврид панҷ-шаш байт интихоб мекунанд, яъне, ба назари онҳо миқдори муқарраршуда дар низомнома ҳосил шавад, кофист. Бештар онҳо ба сурат кор мегиранд, на ба маънӣ. Ман, албатта, ин дидгоҳҳои хешро бар пояи таҷрибаҳои ҳосилшуда изҳор доштам ва фикр мекунам, ки дар номинатсияҳои дигар низ бояд чунин бошад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ҳанӯз бастаҳои довталабон ғалатҳои зиёде доранд. Онҳо аксар намунаҳои ашъорро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ки дар мавриди мансубияти онҳо ба ин ё он шоир баҳсҳои фаровон аст. Масалан, ғазале бо матлаи
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.
аз номи Мавлонои Балхӣ дар аксари бастаҳо ҷой дорад ва онро довталабон аз худ кардаанд. Аммо дар нусхаҳои хаттӣ ва чопии муътамади «Девони Шамс» ин ғазал мавҷуд нест. Чанд намунаи ғазали дигар низ бо чунин шеваи мансубият ба шоирони дигар низ ҷой дорад. Чунин мушоҳидаҳо дар бахши рубоиёт низ ба чашм мерасад. Дар амри муқаррар намудани сарҳади жанрҳои суннатӣ низ мушкилот ҷой доранд. Гоҳо ғазалҳои тӯлонии хоси шоироне, чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Сайидо, Шавкати Бухороӣ ва дигаронро ба гурӯҳи қасоид шомил кардаанд. Баъдан, достонҳоро ба сурати пароканда интихоб мекунанд. Чун ҳадафи озмун танҳо ҳифз намудани шеър нест, балки дарку маърифати адабиёт низ ҳаст, зарур аст, ки бахши интихоби намунаҳои ашъор таҷдиди назар шавад. Аз нигоҳи аввал, интихоби гузидаи достон метавонад ба маърифати ноқиси матолиб омил гардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки довталабони чунин достонҳо ва қасоидро ба сурати комил аз бар намуда ҳам кам нестанд. Ба андешаи мо, дар оянда ба сурати мукаммал ҳифз намудани як бахши достонҳои таркиби осори ҳамосӣ, ки тамомияти маъноиву сужавии муайян доранд, бояд тавсия шавад. Ҳамзамон, ба сабаби дақиқияти сарҳади жанрҳои суннатӣ бояд довталабон ё матни қасоидро комилан азбар намоянд ё ҳадди ақал на камтар аз бист байтро ҳифз кунанд.
Вобаста ба ин, ба андешаи мо, таҳияи китобе бо номи «Баёзи фурӯғ» зарур аст, чун дар заминаи омода шудани чунин китоб имкони пешниҳоди гунаҳои комили достонҳо, қасоид, инчунин, матнҳои осори манзуми мутанаввеъ ба миён меояд.
Таҷриба нишон дод, ки бархе довталабон то панҷ-шаш сол ширкаткунандаи даври ниҳоии озмун ҳастанд. Аммо таҳлили вазъи намунаҳои ашъори азбарнамуда ва осори мутолиакардаи онҳо ин нуктаро равшан месозад, ки миқдоран эшон дар давоми ин солҳо пеш нарафтанд. Аксаран бо ҳамон 100 ғазалу 100 байт қасидаи соли аввал азбарнамуда ҳамасола ширкат кардаанд. Ба андешаи мо, бо сабаби ду баробар афзудани ҳаҷми ҷоизаҳои озмун, зарурати таҷдиди назар ба меъёрҳои озмун пеш омадааст. Ҳадди ақал миқдори ғазалҳо то ба 150 байт, қасида то 200 байт, рубоиву дубайтӣ 150 адад боло бурда шавад. Ин омил метавонад барои боло рафтани шавқу кӯшишҳои довталабон таъсири пурфайз гузорад.
Дар фароварди сухан, як нуктаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам. Имрӯз зарурати дар як ниҳоди ҷамъиятӣ муттаҳид намудани ғолибони ин озмун пеш омадааст, то аз зарфияти фикрии онҳо дар оянда ҳамаҷониба ба хотири пешрафти ҷомеа истифода шавад. Дур намеравем, таҷрибаи истифодаи чанд нафар аз ғолибон ба ҳайси довар дар озмун самараи матлуб ба бор овард. Фикр мекунам, ки дар оянда низ аз ин қувваи бузург барои пешрафти кор дар ҳама самтҳо босамар кор гирифта шавад.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филологӣ,
профессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров,
узви ҳайати ҳакамони даври ҷумҳуриявӣ
аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик