07.12.2025

 img

Об барои мо манбаи ҳаёт, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва чун василаи муҳимтарини ҳамгироии минтақавӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ин ҳифзи ҳаёт дар рӯйи замин аст.

 

Муқаддима

Дар оғози асри XXI инсоният бо яке аз ҷиддитарин хатари таърихӣ – тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ рӯ ба рӯ гардид. Имрӯз сайёраи мо ба «бемор»-е монанд аст, ки ҳарорати баданаш рӯз то рӯз баланд мешавад ва агар ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта нашавад, тақдири сайёраи замин ба фоҷиа меанҷомад. Дар чунин шароит, пиряхҳо на танҳо ҳамчун захираи бузурги оби тоза, балки ҳамчун «тавозун»-и табиат нақши ҳаётиро иҷро мекунанд ва барои ҳаёту зиндагии инсоният бисёр заруранд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ифтихор «хонаи об»-и Осиёи Марказӣ номида мешавад, дар саргаҳи ин набард барои бақои табиат қарор дорад. Пиряхҳои сарзамини мо танҳо қуллаҳои барфпӯши зебо нестанд, онҳо хазинаи тиллоии миллат, сарчашмаи рӯшноӣ ва кафили амнияти озуқавории тамоми минтақа мебошанд. Ҳадафи ин мақола таҳлили вазъи имрӯзаи пиряхҳо, инъикоси хатарҳои экологӣ ва арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи наҷоти онҳост.

 

Пиряхҳо – сармояи стратегии миллат

Дар Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудашро кӯҳҳо, аз ҷумла, кӯҳҳои осмонбӯси ҳамеша барфпӯш ташкил медиҳанд, сарвати аз ҳама бебаҳо, фаровон ва ояндасоз об аст, оби рӯдҳои шӯху пуртуғёни кӯҳӣ. Маҳз истифодаи босамари ҳамин сарвати гаронбаҳо, ки табиат ба Тоҷикистон фаровон ато кардааст, метавонад таъмингари зиндагии шоистаи мардуми кишвар бошад. Агар чунин аст, пас мардуми Тоҷикистон ҷуз истифодаи сарчашмаҳои пурғановати обию энергетикӣ барои таъмини фардои дурахшони Ватани азизи худ роҳи дигар надорад.

 

Дар Тоҷикистон 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ тавлид мегардад. Мутаассифона, аз ин ганҷи бебаҳои табиат самаранок истифода намебарем. То имрӯз ҳамагӣ панҷ фоизи обҳои диёрамонро истифода мебарему халос.

 

Агар Неругоҳи барқт обии «Роғун» сохта ва пурра ба кор андохта шавад, имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа ба миён меояд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд фаровон баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон набуда, ба нафъи кулли минтақа аст.

 

Иқтидори лоиҳавии неругоҳи «Роғун» бо 6 чарх, 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш бояд 335 м бардошта шавад.

 

Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва оби судбахшаш 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15-17 сол ҷамъоварӣ шавад.

 

Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан, ин неругоҳ метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд.

 

Тибқи таҳқиқотҳои илмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин захираи бузург сарчашмаи асосии дарёҳои бузурги минтақа, аз ҷумла, Амударё ва Сирдарё мебошад.

 

Аҳаммияти стратегии пиряхҳоро дар ду самти калидӣ дидан мумкин аст:

– Гидроэнергетика. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ («Норак», «Роғун» ва ғ.) истеҳсол мешавад. Ин "энергияи сабз" маҳз аз обҳои пиряхҳо ҳосил мегардад.

 

– Кишоварзӣ. 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, миллионҳо гектар заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро шодоб мекунанд.

 

Дар ҳудуди мо пиряхи нодири Федченко ҷойгир аст, ки дарозтарин пиряхи водигӣ дар ҷаҳон (берун аз минтақаҳои қутбӣ) ба шумор рафта, дарозии он зиёда аз 70 километр аст. Он ҳамчун "барометр"-и иқлими минтақа хизмат мекунад.

 

Таҳдиди гармшавии глобалӣ ва вазъи имрӯза

Бо таассуф бояд қайд кард, ки вазъи пиряхҳо нигаронкунанда аст. Таҳлилҳои олимони соҳаи пиряхшиносӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир таъсири антропогенӣ (фаъолияти инсон) ва гармшавии умумии сайёра боис шуданд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях пурра аз байн равад.

 

Сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо инҳоянд:

– Баландшавии ҳарорат: афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ (карбон) ба атмосфера.

 

– Омили чангу намак: хушк шудани Баҳри Арал боиси ба ҳаво хестани миллионҳо тонна чангу намак мегардад. Ин ғубор ба рӯйи пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, ранги онҳоро тира мекунад ва нури офтобро бештар ҷаббида, раванди обшавиро 2-3 маротиба метезонад.

 

Агар ин раванд пешгирӣ карда нашавад, то соли 2050 мо метавонем қисми зиёди пиряхҳои хурдро аз даст диҳем. Ин ҳолат ба оқибатҳои фоҷиабор, аз қабили камобӣ, норасоии барқ, низоъҳо барои об, селҳои харобиовар ва муҳоҷирати экологии аҳолӣ оварда мерасонад.

 

Тоҷикистон – пешсафи ҷаҳон дар масъалаҳои об ва иқлим

Дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Тоҷикистон на танҳо мушкилотро баён мекунад, балки роҳҳои ҳалли онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Силсилаи ташаббусҳои дар хусуси об обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

 

Аммо муҳимтарин дастоварди таърихӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи махсусро қабул кард, ки мувофиқи он:

– Соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.

 

– Рӯзи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар карда шуд.

 

– Дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

 

Ин иқдом исбот намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои башарият дар масъалаи иқлим эътироф шудааст.

 

Роҳҳои ҳифзи пиряхҳо: вазифаи мо чист?

Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо танҳо оғози кор аст. Барои амалан ҳифз намудани ин сарват, бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Вазифаи мо – насли ҷавон ва зиёиён аз инҳо иборат аст:

– Дастгирии илм: мониторинги доимии пиряхҳо тавассути технологияҳои кайҳонӣ ва таҳқиқоти муосир.

 

– Гузариш ба «иқтисоди сабз». Истифодаи самараноки неруи барқ ва ҷорӣ намудани нақлиёти барқӣ барои кам кардани партовҳои газӣ.

 

– Бунёди ҷангалзорҳо. Дарахтон ва растаниҳо «шуш»-и сайёра мебошанд. Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доманакӯҳҳо иқлимро муътадил месозад.

 

– Маданияти истифодаи об: ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки исрофкории об дар рӯзгор ва кишоварзӣ бояд аз байн бардошта шавад.

 

Хулоса

Пиряхҳо танҳо як падидаи табиӣ нестанд; онҳо кафили бақои на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки миллионҳо сокини сайёра мебошанд. Аз байн рафтани пиряхҳо маънои аз байн рафтани рӯдҳо ва дар ниҳоят, нобудии ҳаётро дорад.

 

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо мояи ифтихор ва ҳамзамон, масъулияти бузург аст. Мо – ворисони ин сарзамини куҳанбунёд, бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳмгузор бошем. Ҳифзи пиряхҳо аз ҳар як қатраи оби сарфашуда, аз ҳар як ниҳоли шинондашуда ва аз ҳар як амали неки мо нисбат ба табиат оғоз меёбад.

 

Биёед, бо шиори «Пиряхҳо – тоҷи сари Тоҷикистон» табиати биҳиштосои худро ҳифз кунем ва ба оламиён нишон диҳем, ки мо посбони сазовори ин хазинаи тиллоӣ ҳастем.

 

Мубориз Сабзаев

донишҷӯи курси якуми факултети

ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  • Пиряхҳо – хазинаи тиллоии Тоҷикистон ва кафили бақои инсоният img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон 26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.   Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.   Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.   Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.   Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

    23

    26.08.2026
  •  img
    Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату  маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.   Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.   Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.    Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал,  ки  дар як сол  12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд.   Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад.   Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.     Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки  31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст.   Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8  метр  мумфарш карда шудааст.   Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд.   Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст,  дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам  дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад.   Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст.    Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд.   Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи  Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.   Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда,  бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод.   Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад.   Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ  ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд.    Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд.   Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд.    Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.   Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150  хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст,  бо маром ҷараён дорад.   Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад.   Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.   Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст,  ба истифода доданд.   Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот  иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори  ғунҷоиш доранд.    Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад.   Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик  низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд.    Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад.   Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.    Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад.  Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20  мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.   Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дорои 384 ҷойи нишаст мебошад ва барои 768 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯст қомат афрохт. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ норасоии синфхонаҳо  ва ҷойи нишаст пурра бартараф гардид.   Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои нави иловагии муассиса дорои 11 синфхонаи барҳаво буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шудааст.   Ин муассисаи таълимӣ аз тарафи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.   Дар идомаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон 269 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ҳол 248-тои он мавриди истифода қарор дода шудаанд.   Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 23 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 25 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда,  дар натиҷа зиёда аз 650 ҷойи корӣ фароҳам гардид.   Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як зумра иншооти таъйиноти гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди босуръати корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайёсозии шароити арзанда барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.

    24

    26.08.2026
  •  img
    Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Кӯшониён 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд. Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт. Ба Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст. Бартарии дигари корхонаи истеҳсолӣ дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад. Ҳамчунин, барои таъмини раванди истеҳсолӣ ангишт аз конҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, корхона бо техникаву технология, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ таъмин гардида, дар раванди фаъолияти он талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии муҳити зист ба инобат гирифта мешавад. Корхона, лоиҳа ҳамчунин барои рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дар давраи сохтмони он беш аз 1000 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд. Пас аз ба истифода додани корхона барои зиёда аз 700 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам хоҳад шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар буда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мусоидат менамояд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сохтмони ин корхона бозгӯи идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки баробари ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, мавқеи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ боз ҳам тақвият ёфта, истеҳсоли сементи ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамин тавр сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғози татбиқи як лоиҳаи муҳимми саноатӣ буда, дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави меҳнатӣ барои аҳолӣ равона гардидааст.

    10

    26.08.2026