25.07.2026

 img

25 июли соли 2026 бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар заминаи омодагӣ Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

 

Дар кори форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, директори Комбинати металлургия тоҷик Бобоев Рофеъҷон,

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисон иштирок намуданд.

 

Нахуст, меҳмонон ва иштирокчиён аз намоиши маҳсулоти соҳаи кӯҳкорию металлургӣ боздид намуданд. Дар намоиш намунаҳои гуногуни маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои мавҷудаи соҳа муаррифӣ гардиданд. Иштирокчиён бо навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда, раванди коркарди ашёи хом ва фаъолияти корхонаҳои соҳавӣ шинос шуданд.

 

Сипас, кори форум оғоз гардида, вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баргузории форуми мазкур аз сиёсати созанда ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, рушди саноати миллӣ, ташаккули металлургияи ватанӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси муҳандисиву техникӣ сарчашма мегирад.

 

Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истихроҷу коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар ин раванд масъалаи бо мутахассисони соҳибкасб таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ аҳаммияти хос касб намудааст.

 

Гуфта шуд, ки дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр карданд, ки бунёди ин корхона оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва ташаккули металлургияи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

Дар форум масъалаҳои мутобиқати низоми омодасозии кадрҳои муҳандисиву техникӣ ба талаботи корхонаҳои истеҳсолӣ, банақшагирии қабули донишҷӯён бо дарназардошти эҳтиёҷоти соҳа, таъсиси ихтисосҳои нав ва такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ матраҳ шуданд.

 

Яке аз мавзуъҳои меҳварии форум пайвастани таҳсилот бо истеҳсолот ва истифодаи имкониятҳои низоми таҳсили дуалӣ буд. Иштирокчиён доир ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, конҳо, озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, инчунин такмили таҷрибаи касбии омӯзгорони ихтисосҳои муҳандисиву техникӣ табодули назар намуданд.

 

Нақши корхонаҳои саноатӣ дар омодасозии кадрҳо, ташкили пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ ва истифодаи озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои техникии корхонаҳо дар раванди таълим низ баррасӣ гардид. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён арзёбӣ шуд.

 

Дар ҷараёни форум нақши Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун маркази омодасозии мутахассисони соҳаи металлургияи муосир махсус қайд гардид. Фаъолияти донишкада дар самти ҳамгироии маориф, илм ва истеҳсолот, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ, рушди озмоишгоҳҳои соҳавӣ, таҳқиқоти илмии амалӣ, таҳсили дуалӣ ва бозомӯзии кормандони корхонаҳо муаррифӣ карда шуд.

 

Дар баробари ин, самтҳои таҳқиқоти илмӣ вобаста ба баланд бардоштани самаранокии коркарди маъдан, беҳтар намудани сифати маҳсулот, истифодаи технологияҳои нав ва коҳиш додани таъсири истеҳсолот ба муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар идомаи форум муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар мавзуи «Ҳамгироии илм дар истеҳсолот омили рушди саноат», муовини раиси вилояти Суғд дар мавзуи «Саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи 4-уми миллӣ» ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзуи «Имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар масири омода намудани кадрҳои саноати кӯҳӣ» маъруза намуданд.

 

Дар бахши баррасӣ ва муҳокимаронӣ олимону муҳаққиқон, устодону мутахассисон ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ доир ба барномаҳои таълимӣ, таҳсили дуалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, рушди таҳқиқоти соҳавӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

 

Форуми ҷумҳуриявӣ барои табодули таҷриба, муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва корхонаҳои саноатӣ, баррасии масъалаҳои соҳавӣ ва таҳкими робитаҳои илму маориф бо истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Дар анҷоми форум байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома самтҳои омодасозии кадрҳои соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия, табодули таҷриба, рушди таҳсили дуалӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва густариши ҳамкории муассисаи таълимӣ бо корхонаи истеҳсолиро фаро мегирад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КӮҲКОРИЮ МЕТАЛЛУРГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КӮҲКОРИЮ МЕТАЛЛУРГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КӮҲКОРИЮ МЕТАЛЛУРГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ Дар сиёсати байналмилалии муосир ва назарияи таҳвили низоъҳои сиёсӣ, таҷрибаи дастёбӣ ба суботи дохилидавлатӣ ва табдили минбаъдаи он ба абзори дипломатияи глобалӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ва мубрамтарин самтҳои пажуҳиш эътироф мешавад. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатнома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, на танҳо муваффақияти навбатии дипломатӣ, балки гузариши бунёдии давлат аз мақоми қабулкунандаи сулҳи дохилӣ ба нақши донори глобалии он мебошад. Ин пешниҳоди қабулгардидаи ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Милали Мутаҳид аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ дар шароити буҳрони амиқи сохторҳои амнияти дастҷамъӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо намуда, ниёзи ҷомеаи ҷаҳониро ба моделҳои комилан нави созиш ва муколамаи фарогир ба таври институтсионалӣ устувор намуд. Таҳлили маърифатии ин раванд нишон медиҳад, ки ин ташаббус натиҷаи мантиқии стратегияи дарозмуддати давлатдорӣ буда, дар маркази он фалсафаи консенсуси миллии аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат таҳиягардида қарор дорад.   –Барои дарки амиқи аҳамияти байналмилалӣ доштани ин қатънома пайгирии гузаштаи таърихии буҳрони сохтории Тоҷикистон зарур аст. Дар охири асри XX, дар заминаи пошхӯрии сохтори дуқутбӣ, ҷумҳурӣ ба гирдоби зиддиятҳои дохилӣ ва геополитикии аз берун таҳмилгардида кашида шуд, ки ин хатари воқеии парокандагии давлатдориро ба вуҷуд овард. Маҷмуи омилҳои дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла фалаҷ шудани сохторҳои қудратӣ, суқути амиқи иқтисодӣ ва дахолати харобкоронаи омилҳои берунӣ ҷумҳуриро дар остонаи фалокати башарӣ қарор доданд. Беш аз як миллион шаҳрванд мақоми гуреза ва муҳоҷири иҷбориро гирифт.   Маҳз дар заминаи сиёсати авфи кулли мухолифини ҳукумат ва консенсус раванди бесобиқаи ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷбории ин ҷанг ва реинтегратсияи комили онҳо ба ҳаёти осоишта муваффақона амалӣ гардид, ки дар таърихи низоъҳои муосири ҷаҳонӣ падидаи камназир аст. Самараи ин сулҳу ваҳдати миллӣ заминаҳои устувори иқтисодиро низ фароҳам овард. Чунончи, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ давра ба давра боло бурда шуда, нишондиҳандаи камбизоатӣ аз беш аз 80 фоиз дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба зери 20 фоиз коҳиш дода шуд ва Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ афзоиши устувори чандбаробариро касб намуд.   Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуқтаи гардиши таърихӣ табдил ёфта, ба майдон Роҳбари наверо баровард, ки дар асоси барномаи стратегии худ сиёсати шартҳои отифии миллӣ ва авфи умумиро ба роҳ монданд.   Аз нигоҳи илмӣ стратегияе, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраи ҳассос амалӣ карда шуд, ҳамчун модели инноватсионии муттаҳидшавии сиёсӣ тасниф мешавад. Аз ҳамон солҳои пурошӯб то кунун изҳороти таърихии Пешвои миллат дар бораи омодагӣ ба қурбон кардани ҷон ба хотири волоияти сулҳ на танҳо як манифести эҳсосӣ, балки ядрои доктринаи мукаммале маҳсуб мешавад, ки ба барқарории мутақобили эътимод байни ҷонибҳои даргир нигаронида шуда буд. Раванди мураккаби бисёрсолаи музокироти байни тоҷикон (солҳои 1994–1997), ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом расид, исбот кард, ки рахнаҳои амиқи иҷтимоию сиёсӣ танҳо тавассути призмаи муколамаи сиёсӣ ва созишҳои дуҷониба ба иҷро расида метавонанд. Ин формулаи сулҳ, ки тақсимоти квотавии ваколатҳои давлатӣ ва реинтегратсияи мухолифинро ба сохторҳои давлатӣ фарогир буд, аз лиҳози илмӣ дар доираи конфликтологияи ҷаҳонӣ ҳамчун самти беназири сулҳоварӣ эътироф гардида, имрӯз дар марказҳои пешрафтаи илмию таҳқиқотии ҷаҳон ба таври муфассал омӯхта мешавад.   Арзиши феноменологии таҷрибаи Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки равишҳои сунатии мактабҳои конфликтологияи ғарбиро, ки усулҳои фишори беруна ва демаркатсияи иҷбориро аз ҳад зиёд бузург нишон медиҳанд, зери савол мегузорад. Зеро аксар созишномаҳои сулҳе, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳти васояти созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расидаанд, ба далели набудани пайвандҳои мустаҳками дохилии иҷтимоию равонӣ ва ҳамдилӣ суботи дарозмуддатро ба даст наоварданд. Модели сулҳоварии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки самаранокии сулҳофарӣ бо сатҳи қонунияти (легитимияти) дохилии равандҳо муайян карда мешавад. Ин равиш, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун заминаи илмии «сулҳи соҳибихтиёр» сабт шудааст, чунин тавсиф мешавад: субот наметавонад аз берун ворид ё таҳмил карда шавад, он бояд ҳамчун маҳсули дарки миллат аз масъулияти таърихии худ тавлид ёбад ва пухта гардад.   Имрӯз, ки сайёраро мавҷҳои нави носуботӣ дар Шарқи Наздик, Аврупои Шарқӣ ва минтақаҳои гуногуни Африқо фаро гирифтаанд, аҳамият ва зарурати модели сулҳи Тоҷикистон аёнтар мегардад. Таҳлили омории ҷангҳои муосир аз афзоиши бесобиқаи қурбониён дар байни аҳолии мулкию осоишта ва харобшавии куллии инфрасохтори ҳаётӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳдидҳо ташаббуси Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи мустаҳкам кардани сулҳ ҳамчун платформаи глобалӣ барои пешбурди дипломатияи пешгирикунанда маҳсуб мешавад. Яъне давлати Тоҷикистон таҷрибаи таърихии худро дар сатҳи глобалӣ тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ механизмҳои қобили ҳаёти гузариш аз «фарҳанги ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ»-ро пешниҳод менамояд ва таваҷҷуҳро аз вокуниши реактивӣ ба пешгирии стратегии дарозмуддати буҳронҳо равона месозад. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанги амнияти минтақавӣ борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба устувории сиёсӣ ва эҷоди фазои осоишта дар Афғонистон қатъӣ баромад карда, таъсиси ҳукумати фарогир ва рушди иқтисодии ин мамлакатро кафолати амнияти умумии геополитикӣ арзёбӣ намудааст.   Хусусияти институтсионалии қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид дар раванди дарозмуддати даҳсолаи он ва нигариши мақсаднок ба «наслҳои оянда» зоҳир мегардад. Дар чаҳорчӯби ин қатънома категорияи сулҳ аз таърифи танги манфӣ («дурӣ аз ҷанг») ба дарки мусбати сулҳ ҳамчун экосистемаи устувори рушди инсонӣ таҳаввул меёбад.   Қатънома дар сатҳи ҳуқуқӣ ба ҳар давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид имкон медиҳад, ки барномаҳои миллии худро дар самти пешгирии радикализм ва тарбияи таҳаммулпазирӣ бо трендҳои умумиҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд. Дар асл, сухан дар бораи шаклгирии меъмории нави амнияти маънавӣ меравад, ки дар он ҳифзи ҷавонон аз таъсири харобкоронаи иттилоотию идеологӣ дар мадди аввал гузошта шудааст.   Мактаби сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон аён исбот кард, ки сипари асосӣ дар баробари экстремизм на танҳо монеаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, балки эҷоди шабакаҳои васеъ барои таҳсил, рушди зеҳнӣ ва воридшавии ҷавонон ба равандҳои созандаи давлатӣ мебошад.   Самти муҳими геосиёсии ин доктрина пайванди ногусастании он бо суботи экологӣ ва заминаи «сулҳи экологӣ» мебошад. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об, аз ҷумла эълон шудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мустақиман ҷангҳои эҳтимолии ояндаро барои захираҳои табиӣ пешгирӣ мекунанд.   Дар давраи соҳибистиқлолӣ панҷ маротиба аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳодҳои глобалии Тоҷикистон оид ба обу иқлим, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» шаҳодати он аст, ки ин ташаббусҳо ба фоидаи миллиардҳо мардуми кураи Замин нигаронида шудаанд. Масалан, ин пешниҳодҳо заминаи институтсионалиро барои дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ ва муборизаи муштарак бо обшавии пиряхҳо устувор намуданд. Таъсири амалии ин дипломатия ба сулҳи ҷаҳонӣ дар се ҷанбаи муҳим зоҳир мегардад:   Пешгирии низоъҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ: Ташаббусҳои Тоҷикистон платформаи ягонаи муколамаро барои кишварҳои ҳавзаи Ому ва Сир (Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ба вуҷуд оварданд. Ин равиш амнияти обиро аз манбаи ихтилоф ба омили ҳамкорӣ ва устувории минтақавӣ табдил дод.   Татбиқи модели «Об барои сулҳ» дар минтақаҳои буҳронии ҷаҳон: Ин қатъномаҳо ҳамчун харитаи роҳ барои ҳалли баҳсҳои обӣ дар ҳавзаҳои бузурги фаромарзии ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Нил (барои Миср, Судон ва Эфиопия) ва дарёҳои Даҷлаву Фуроти Шарқи Наздик истифода мешаванд, ки дар он ҷо танқисии об метавонад ба ҷангҳои хунин оварда расонад.   Кам кардани шумораи «муҳоҷирони экологӣ»: мувофиқи омори байналмилалӣ, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ба сафарбаркунии миллиардҳо доллар сармояи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар мамлакатҳои ҳавзаи Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуданд. Ин қадами ҷиддӣ пеши роҳи кӯчиши иҷбории миллионҳо нафарро, ки барои манобеи об ба низоъҳои дохилӣ ворид мешуданд, гирифта тавонист ва ҳамзамон суботи иҷтимоиро низ таъмин намуд.   Дар шароити тағйирёбии иқлим ва торафт кам шудани оби тозаи ошомиданӣ мудирияти самараноки ҳавзаҳои обии фаромарзӣ ба унсури заминавии амнияти пешгирикунанда табдил меёбад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи обро бо меъмории сулҳи умумӣ пайваст намуда, ба амалияи ҷаҳонӣ ин даркро ворид карданд, ки маҳфузияти инсоният на аз мусобиқаи яроқнокшавӣ, балки аз тақсимоти одилонаи неъматҳои табиӣ ва ҳамбастагии иқлимӣ вобаста аст.   Ҷанбаи дигари амалии ин доктрина дар сиёсати ҳавзавии Тоҷикистон барои кушодани сарҳадҳо ва таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон ва Қирғизистон зоҳир мегардад. Сарфи назар аз мушкилоти мураккаби марзӣ таҳаммулпазирии стратегӣ ва хирадмандии роҳбарияти Тоҷикистон имкон дод, ки абзорҳои дипломатӣ бар низоъҳо ғолиб оянд. Нуқтаи авҷи ин талошҳо вохӯрии сеҷонибаи таърихии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти соли 2025) маҳсуб мешавад. Дар ин нишасти сарнавиштсоз, ҷонибҳо «Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ» ва «Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ»-ро ба имзо расонида, сутуни рамзии нуқтаи пайванди сарҳадҳоро ифтитоҳ намуданд, ки ин қадами ҷиддӣ ва устувору бузурге дар меъмории амнияти Осиёи Марказӣ гардид.   Таҳлили фарҳанги сулҳоварӣ ва ваҳдатсозӣ дар сатҳи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон собит менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи илмию академӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудани номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мукофоти Нобелии сулҳ инъикоскунандаи хости воқеии на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми ҳавзаи васеи мардумони сайёра ва халқҳои аз ҷангҳо зарардидаи ҷаҳон мебошад.   Тамаддуни тоҷикон таърихан дар заминаи ақидаву пешниҳодҳои инсонпарварона, дӯстдории кулли мавҷудоти даҳр, некандешӣ ва фалсафаи таҳаммулпазирӣ, ки дар осори бузургоне, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон инъикос ёфтаанд, устувор буд. Дар асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин императивҳои классикиро аз сатҳи фалсафаи абстрактӣ ба соҳаи сиёсати воқеӣ интиқол дода тавонистанд. Барои Кумитаи байналмилалии Нобел эътирофи Роҳбаре, ки воқеан аз нестшавии як давлати соҳибихтиёр пешгирӣ карда, онро ба давлати пешниҳодкунандаи ташаббусҳои глобалӣ табдил дод, санади барқарории адолати таърихӣ ва тасдиқи вафодорӣ ба васияти Алфред Нобел мувофиқ хоҳад буд.   Натиҷаҳои ин пажуҳишро ҷамъбаст намуда, метавон хулоса кард, ки дипломатияи сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамчун парадигмаи универсалии сиёсӣ шакл гирифта, дар ин замина қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид барои давраи солҳои 2027–2036 ҳамчун харитаи роҳи стратегӣ барои эҷоди эътимоди бисёрқутбӣ хидмат мекунад. Эътирофи ин хизматҳо дар сатҳи олии байналмилалӣ ва пешниҳоди сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақоми Лауреати Мукофоти Нобелии сулҳ як амри аз қалби миллиардҳо буруномадаи қавӣ барои мамлакатҳое хоҳад буд, ки дар маркази ҷангҳои муосир қарор доранд. Ин қадам исбот карда метавонад, ки дар мавриди мавҷудияти иродаи устувори сиёсӣ, ҷасорат ва гуманизми асил ҳатто амиқтарин рахнаҳои геосиёсӣ метавонанд ба сулҳи пойдор ва рушди устувор табдил ёбанд.   Саидмаҳмуд САИДЗОДА, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

    20

    27.07.2026
  •  img
    ВАБОИ АСР Таҳлилгарон ва олимон омилҳои гуногунро дар пайдоиш ва паҳншавии ифротгароӣ муайян кардаанд. Ин омилҳо ба якдигар алоқамандӣ дошта, маҷмуи онҳо заминаҳоеро барои радикалшавии мафкуравии шахс фароҳам меоварад. Аз ҷумла, омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бекорӣ, камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ба назар мерасанд.   Дар баробари ин, манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат асосан бо ҷалби ташкилотҳои ифротиву тундрав зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, боиси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун мегарданд. Буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва ноустувории давлатдорӣ замина барои паҳншавии терроризм мебошанд.   Яке аз омилҳои паҳншавии ифротгароӣ дар замони муосир, истифодаи васеи шабакаи ҷаҳонии Интернет ва расонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ташкилотҳои тундрав аз ин имконот барои ҷалби аъзои нав, алалхусус, ҷавонон, ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар шароити кунунӣ зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст.   Мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикис­тон мебошад.   Кишвари мо барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низоми мукаммали ҳуқуқиро эҷод кардааст. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ (2006), Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 зикр шудааст.   Мактаб ва маориф заминаи аввалиндараҷаи тарбияи насли солим ва ватандӯст мебошанд. Барномаҳои тарбияи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар чанд соли охир тавсеа ёфтааст. Ба ин хотир, дар мактабҳои олӣ конференсияҳо ва мизҳои мудаввар дар хусуси Стратегияи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм баргузор мешаванд. Ба донишҷӯён фаҳмонда мешавад, ки бо тақлидҳои кӯркӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.   Ақидаҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳое, ки тавассути расонаҳо, вохӯрӣ бо намояндагони мақомот ва дарсҳои тарбиявии устодон оид ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ пешниҳод мешаванд, дар ин самт нақши ҳалкунанда доранд.   Вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, субот, осоиши зиндагӣ ва тараққиёти Ватани азиз ҳамвора талош намоянд.   Сино САФАРЗОДА, магистри соли якуми ДМТ

    30

    27.07.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музафарзода аз рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Данғара боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва сатҳи иҷрои лоиҳаҳо шинос гардид.   Зимни сафари корӣ муовини вазир аз сохтмони мактаби нав дар деҳаи Меҳтари Ҷамоати деҳоти Сафобахш, инчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №26-и ноҳия боздид ба амал овард.   Мактаби нав дар деҳаи Меҳтар барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассиса бунёди синфхонаҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона, толорҳои варзишию маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.   Дар идомаи сафари корӣ рафти сохтмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мавриди шиносоӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассиса барои хонандагону омӯзгорон шароити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим фароҳам оварда мешавад.   Ҳамчунин, масъалаҳои муҷаҳҳаз намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, мизу курсӣ, лавозимоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои зарурии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар баробари бунёди биноҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо инфрасохтор ва шароити зарурӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.   Ба масъулони соҳаи маорифи ноҳия, намояндагони ташкилотҳои сохтмонӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, риояи муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    30

    27.07.2026