08.04.2026

 img

Имрӯз, 8 апрели соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.

 

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.

 

Дар ҳисобот худ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, таъминоти кадрӣ, ташкили гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, таҳияи санадҳои нав дар самтҳои гуногуни соҳа, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон, натиҷагирӣ аз сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ дар самти маориф, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои илмӣ, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ», таҳияи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, дар маърузаи худ вазири маориф ва илм фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Маркази матбуотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.

 

Сипас, дар қисмати музокира директори Муассисаи нашриявии «Маориф» К. Исозода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ш.Мӯминзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара С. Хайруллозода баромад намуда, маърузаи вазири маориф ва илмро вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

 

Ҷаласаро вазири маориф ва илм ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дар ҷамъбаст вазир таъкид дошт, ки соли 2026 барои миллати тоҷик соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда маҳсуб ёфта, аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланди касбӣ ва шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин замина, зарур дониста шуд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва натиҷабахшро амалӣ намоянд. Ҳамзамон, роҳбарону масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки баргузории конфронсҳо, семинарҳои илмӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи баландро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ ба таври шоиста таъмин намуда, тавассути онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдориро дар миёни наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 img
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 img
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 22 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди рӯзафзуни соҳаи маориф омили муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, таъмини сифати таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифат ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа маҳсуб меёбанд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки бо роҳхат дар соли 2025 ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода гузориши муфассал пешниҳод намуда, оид ба вазъи иҷрои санади мазкур, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дод. Дар идома, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ С. Сироҷзода оид ба вазъи фаъолияти робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъруза намуда, аз густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва ҷалби грантҳо иттилоъ дод. Сипас, масъалаи вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта аз ҷониби сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Ассомиддинзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба шароити таҳсил, таъминоти моддию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбия дар ин муассисаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд. Оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 мудири бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илм С. Зиёзода баромад намуда, аз пешрафтҳо, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои минбаъда иттилоъ дод. Ҳамчунин, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба рафти ташкил ва баргузории курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон суханронӣ намуда, аҳаммияти такмили пайвастаи малакаҳои касбии омӯзгоронро таъкид кард. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда, тақвияти назорат аз болои татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.    

    37

    22.04.2026
  •  img
    ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 21 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар баргузории озмун муовини раиси ноҳияи Сино иштирок намуда, довталабонро дар баргузории даври ноҳиявии озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, табрик намуда, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдом арҷгузорӣ ба мероси безаволи Ҳаким Абулқосим Фардавсӣ, зинда нигоҳ доштани заковату шуҷоати ниёгон ва таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ дар ниҳоди насли наврас мебошад. Инчунин дар озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбари муассисаи мазкур, ҳайати ҳакамон ва довталабон дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун бо маҳорати баланди суханварӣ ва аз худ намудани достонҳои ҳамосии «Шоҳнома» собит намуданд, ки ҷавонони имрӯз ворисони арзандаи ин ганҷинаи адабӣ буда, таҳти ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои ҳифзи забону фарҳанги миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

    40

    21.04.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Имрӯз, 17 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муҳимми таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.   Дар машварати корӣ муовинони вазир, роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.   Зимни машварат вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили сазовори он аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас, ободонии муҳити таълим ва болоравии сифати таҳсил истиқбол гирифта шавад.   Дар ин замина, зикр гардид, ки аҳли маорифро зарур аст бо омодагии ҷиддӣ, ташаббусҳои созанда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як корманди соҳа бояд ҳиссаи худро дар рушди низоми маориф, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ гузошта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.   Ҳамзамон, дар машварат масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    129

    17.04.2026