24.04.2026
Имрӯз, 24 апрели соли 2026 маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва маросими ҷоизасупорӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии кишварро таъмин намуда, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолиро давра ба давра таъмин намуда истодааст. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро боло бурда истодааст. Дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Дар ин даврон дар самти таъмини заминаҳои рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи аслияшон тақвияти нақши илм дар рушди ҷумҳурӣ мебошад. Қабули санадҳои муҳим, аз ҷумла, «Дар бораи Номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳоянд, ки дар рушди илм нақши муҳим мебозанд. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҷомеаи кишвар ширкат варзида, малакаву маҳорат ва истеъдоди эҷодиву ихтироъкории худро нишон медиҳанд. Дар ин раванд якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм, аз зумраи «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд, ки имрӯз ҳамаи мо дастаҷамъона дар маросими ҷоизасупории ин озмунҳо ширкат варзида истодаем.
Бояд гуфт, соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» бошад, аз 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуда, нахуст ғолибони озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» қадрдонӣ гардиданд. Ғолибон вобаста ба зинаҳои таҳсил ва самтҳои илмӣ бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, ғолибони озмуни «Магистранти сол» дар бахшҳои гуногуни илм, аз ҷумла кишоварзӣ, заминшиносӣ, гуманитарӣ, техникӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар бахши дигар ғолибони озмуни «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз карда шуданд.
Бояд гуфт, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» барои ҷойи якум миёни донишҷӯён ва магистрантон 3000 сомонӣ ва миёни унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон (PhD) 5000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм мутаносибан 2000 ва 3000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм 1000 ва 2000 сомонӣ ҷудо гардида, дар озмуни «Магистранти сол» ғолибон дар ҳар як бахш бо 5000 сомонӣ ва дар озмуни «Олими сол» ғолибон бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд..
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ як қатор олимону кормандони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон