02.09.2026
Имрӯз, 1 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш дар фазои идона ва дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид. Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии пурмӯҳтаво бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳошияи Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода Ватан, ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар суханронӣ намуда, омӯзгорону донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт ва ба онҳо дар роҳи омӯзишу худшиносӣ муваффақият орзу кард. Ҳамзамон аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳамияти афзояндаи илм ва нақши созандаи ҷавононро дар бунёди ҷомеаи мутамаддин таъкид намуд. Ӯ донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи донишҳои муосир, истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамшуда ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату миллат даъват кард.
Сипас, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан баромад намуда, зикр дошт, ки таҷлили Дарси сулҳ ва оғоз гардидани соли нави таҳсил бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.
Ӯ афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат масъулияти тарбияи мутахассисони соҳибкасб, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосирро бар дӯш дошта, барои фароҳам овардани муҳити босифати таълиму таҳсил пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Дар идома Холиқзода Сафар, номзади илмҳои кимиё, дотсент, дар ҳошияи нуктаҳои асосии Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли маориф суханронӣ намуда, таъкид кард, ки рушди илмҳои дақиқ, тарбияи кадрҳои рақобатпазир, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва истифодаи технологияҳои муосир аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин донишҷӯи курси аввали факултети филологияи хориҷӣ Валиева Миҷгона аз номи донишҷӯёни нав ба роҳбарияти олии кишвар ва ҳайати устодони донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму таҳсил изҳори сипосу миннатдорӣ баён дошт. Ӯ таъкид намуд, ки донишҷӯёни соли аввал бо ҳисси баланди масъулият аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, барои аз худ намудани донишҳои муосир ва хизмат ба Ватани азиз тамоми нерӯву кӯшиши худро равона хоҳанд кард.
Чорабинӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умед ба дастовардҳои нави илмию таълимӣ оғозбахши соли таҳсили 2026-2027 гардид.