05.12.2025
Санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани «Солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, масъулини сохторҳои марбута, омӯзгорон ва иштирокчиён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хонандагон ба фаъолияти эҷодию ихтироъкорӣ, таҳкими тафаккури техникиву инноватсионӣ ва мусоидат ба рушди малакаҳои муҳандисиву навоварӣ ҳамасола аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар марҳилаҳои имсолаи озмун шумораи иштирокчиён назаррас буда, хонандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраҳои муассисавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Беҳтарин лоиҳаҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Дар марҳалаи ҷамъбастӣ иштирокчиён лоиҳаҳои эҷодӣ ва корҳои техникии худро, аз ҷумла дар самтҳои робототехника, технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи барқароршаванда, муҳандисӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта ва дигар бахшҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, аксари лоиҳаҳои пешниҳодшуда дорои аҳамияти амалӣ буда, имкони татбиқи минбаъдаро дар муассисаҳо ва сохторҳои истеҳсолӣ доро мебошанд.
Директори Маркази ҷумхуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар суханронии худ зикр намуданд, ки рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ дар миёни хонандагон аз ҳадафҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, озмуни «Ихтироъкори наврас» минбаре барои ошкор ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони боистеъдод мебошад.
Таъкид карда шуд, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзалияти рушди илм ва техника, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастгирии иқтидори зеҳнии наврасон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.