04.12.2025

 img

4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид.

 

Соли 2025 дар даври ниҳоии озмун 434 нафар ширкат варзиданд, ки миёни онҳо 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ низ ҳузур дошта, ба таври маҷозӣ ба саволҳои ҳакамон посух доданд.

 

Аз миёни иштирокчиён 94 нафар унвони ғолибро соҳиб шуданд ва 4 нафар ба Шоҳҷоиза ноил гаштанд. Мукофотпулиҳои озмун низ имсол афзоиш ёфтанд: барои ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ.

 

Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.

 

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад. «Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд», -изҳор намуд муовини Сарвазири кишвар.

 

Имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт.

 

Ба таъкиди Дилрабо Мансурӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирӣ аст.

 

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар ин муддат ба як ҳаракати бузурги маърифатӣ табдил ёфтааст.

 

Дар солҳои 2019–2024 дар озмун 1 153 616 нафар иштирок намудааст, ки аз онҳо 67 дарсад занону духтарон мебошанд.

 

Имсол низ таваҷҷуҳи хоса ба китобхонӣ махсусан дар байни кӯдакон ва наврасон эҳсос мегардад: 57 нафар ғолиби наврас ва 3 гирандаи Шоҳҷоиза аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаҳодати равшани ин гуфтаҳост.

 

Маросими ҷамъбасти озмун нишон дод, ки китоб ва дониш дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мавқеи хоса пайдо мекунад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва талошҳои мақомоти давлатӣ, ин озмун минбаъд низ ҳамчун як иқдоми бузурги маърифатӣ барои рушди зеҳнӣ, худогоҳӣ ва истеъдодҳои насли ҷавон идома хоҳад ёфт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҒОЛИБОНИ ШОҲҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР СОЛИ 2025 Имрӯз, 4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардиданд.   Дар натиҷа, Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, Раҳимов Анушервон, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, Шарифова Умеда, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ сазовори Шоҳҷоизаи аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Холиқова Фариса, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    3

    04.12.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст.   Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии инноватсионии Басбӣ бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст.   Тибқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.   Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.   Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад.   Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд номида шуд.   Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд.   Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор ва бо маоши хуб ҷалб шудаанд.   Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст.   Саҳни бинои Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.   Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд.

    52

    03.12.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар дар ноҳияи Шоҳмансур 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Зимни шиносоӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст.   Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.     Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад.   Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои ҳар як гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шудааст, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ шудааст.   Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад.   Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад.   Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад.      Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.   Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд.   Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст ва ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад.   Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино ҳамзамон айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст.   Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид.     Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят намуданд.   Дар соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд.   Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3680 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.

    49

    03.12.2025