15.06.2026

 img

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави пешрафти илмӣ-технологӣ ворид гардидааст. Дар ин замина, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳаро муайян намуда, ташаккули экосистемаи миллии зеҳни сунъӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои интеллектуалиро дар соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва идоракунии давлатӣ пешбинӣ менамояд.

 

- Аҳамияти байналмилалии ин сиёсат бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфтааст. Моҳи сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои истифодаи бехатар, танзими оқилона ва татбиқи масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъиро матраҳ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории густурда дар ин самт даъват карданд.

 

Идомаи мантиқии ин сиёсати созанда қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки 25 июли соли 2025 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин қатънома саҳми муҳими Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ инъикос намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Дар чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва илмӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии рушди зеҳни сунъиро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав роботи интеллектуалии насли нави Unitree Go2 ба раванди таълим ҷорӣ гардид.

 

Қобили таъкид аст, ки ин нахустин роботи интеллектуалии чунин сатҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

 

Робот бо технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ, сенсорҳои дақиқ, камераҳои пешрафта ва низоми лидар муҷаҳҳаз буда, имкони таҳлили муҳити атроф, сохтани харитаи сеандоза ва ҳаракати мустақилонаро доро мебошад.

 

Истифодаи он дар раванди таълим ва таҳқиқот имкониятҳои васеъро дар самтҳои робототехника, геоинформатика, мониторинги муҳити зист ва технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад.

 

Ҷорӣ гардидани Unitree Go2 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон далели татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ буда, нақши муассисаро ҳамчун яке аз марказҳои пешсафи инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

 

Дар маҷмуъ, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои муосир метавонад заминаи устувор барои рушди иқтисодиёти донишбунёд ва воридшавии ҷумҳурӣ ба фазои ҷаҳонии инноватсия гардад. Ин раванд собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи рақамӣ ва технологияҳои пешрафта ҳаракат намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

 

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

  • Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДИАБЕТИ ҚАНД ВА ФАРБЕҲӢ: ОМИЛҲОИ ГИРИФТОРӢ ВА РОҲҲОИ РАҲОӢ Саломатӣ гавҳари ноёбест, ки пешрафту фаъолияти пурсамари ҳар як инсон аз он сарчашма мегирад. Барои таъмини саломатӣ инсон бояд ҳамеша ғизоҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро истеъмол намояд. Мутаассифона, иддае аз инсонҳо ба ин масъала аҳаммият намедиҳанд ва дар натиҷаи истеъмоли нодурусти ғизо ба бемориҳо, аз ҷумла, бемориҳои эндокринологӣ мубтало мешаванд. Бемориҳои мазкур сол то сол зиёд гардида, ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар ин раванд кишвари мо низ истисно нест. Аз ин ҷост, ки масъалаи мазкур Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Дар ин замина, масъулини соҳа вазифадор гардидаанд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои эндокринологӣ тамоми имкониятҳоро мавриди истифода қарор дода, баҳри бартараф намудани ин мушкилот тадбирҳои муассир андешанд.   Ба ин мазмун, бо мақсади пешгирии бемориҳои эндокринологӣ Барномаи миллии мубориза бар зидди бемориҳои қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2017, Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 ва Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 таҳия ва ба тасвиб расидааст. Ҳадафи асосии барномаҳои мазкур, ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ мебошад. Дар баробари ин, барнома барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳсозии натиҷаҳои таълимӣ ва ҳифзи иҷтимоии хонандагон аҳаммияти муҳим дорад.   Вобаста ба сабабҳо ва пешгирии бемориҳои эндокринологӣ ва тарзи табобати онҳо бо чанд нафар аз мутахассиси соҳа ҳамсуҳбат шудем. Дар ин маврид духтури ғадудшиноси дараҷаи олии Маркази шаҳрии бемориҳои ғадудҳои дохилии шаҳри Душанбе Тоҷиддин Толибов гуфт, ки яке аз бемориҳои эндокринологӣ гирифтор шудан ба фарбеҳӣ мебошад. Фарбеҳшавӣ беморист ва ба ҳама гуна синну соли одамон дахл дорад. Мутаассифона, тибқи гузоришҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024, фарбеҳӣ дар байни кӯдакон масъалаи ташвишовар мебошад. Вазни зиёди бадан дар кӯдакон ба инкишофи бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла, фарбеҳӣ дар синни балоғат оварда мерасонад. Аз натиҷаҳои таҳқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки паҳншавии фарбеҳӣ дар байни кӯдакони 1-17-сола 4,7 фоиз, ҳамзамон, мувофиқи тадқиқоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гузаронидашуда ин нишондиҳанда дар байни кӯдакони 6-7-сола 1,5 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, маълум гардид, ки 43 фоизи кӯдакон ғизои ғайриратсионалӣ истеъмол намуда, 84 фоиз ба фаъолияти ҷисмонӣ фаро гирифта нашудаанд.   Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии ҷисмонӣ ва варзиш воситаи асосии таҳкими саломатӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, баландшавии коршоямӣ ва дарозумрӣ мебошад. Ҳангоми фаъолнокии ҷисмонӣ миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо таҷзия мешаванд. Дар ҳолати мавриди камҳаракатӣ бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарб мубаддал мегарданд.   - Агар бевосита дар хусуси гирифторшавӣ ба бемориҳои вобаста ба қанд сухан ронданӣ шавем, бояд зикр кард, ки ин беморӣ ба бемориҳои гурӯҳи ирсӣ дохил шуда, ду навъ мешавад. Ба навъи якум, диабети қанди навъи якум, ки кӯдакони синни аз 1 то ҷавонони 30-сола гирифтор мешаванд. Пайдоиши ин диабет ба омилҳои алтоипунӣ ё ки ирсӣ вобаста аст. Ба диабети навъи дуюм бошад, шахсони аз 30-сола боло гирифтор мешаванд, ки бемории онҳо низ ирсӣ буда, дар хусуси истеъмоли хӯрокҳои серғизое, ки таркибашон аз чарбу бой аст, сарчашма мегирад. Сониян, ин вазъ ба тарзи дурусти ҳаёти солими онҳо вобастагӣ дорад,-гуфт Т. Толибов.   Сабабҳои дигари гирифтор шудан ба ин беморӣ истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр (фасфуд), шаурма, тамокукашӣ, шаробнӯшӣ, носкашӣ мебошад, ки ба бемориҳои фарбеҳӣ ва касалии қанд оварда мерасонанд. Масалан, вақте ки шароб истеъмол мешавад, иштиҳо кушода мешавад ва шахси шаробнӯш бештар хӯроки серғизоро тановул мекунад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки сабабҳои асосии пайдоиши беморӣ ва инкишофи фарбеҳӣ инҳоянд. 1. Дисбаланси дурударози қабул ва сарфаи энергия. 2. Камҳаракатӣ (гиподинамия). 3. Истеъмоли нодурус­ти ғизо. 4. Вайроншавии мубодилаи моддаҳо. 5. Садама, одатҳои номатлуб. 6. Омилҳои ирсӣ ва ғайра.   Бино ба ақидаи Т. Толибов, агар ба факту рақамҳо таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки аз шумораи умумии аҳолии шаҳри Душанбе – 1 миллиону 291 ҳазору 814 нафар (то 1-уми январи соли 2026) ба бемории фарбеҳӣ 36347 нафар гирифтор шудаанд. Аз ин синну соли то чордаҳ 183 нафар, аз синну соли понздаҳ 19974 нафар ва калонсолон 35190 нафарро ташкил медиҳанд. Онҳое, ки бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудааанд, 1207 нафар мебошанд.   Аз иттилои муовини директор оид ба илми Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, доктори илми тиб, профессор Саодат Азимзода бармеояд, ки эндокринология соҳаи калони тиб буда, на танҳо бемориҳои қанду фарбеҳӣ, балки ба он бемориҳои вобаста ба ғадуди сипаршакл (ҷоғар), қадпастӣ ва қадбаландии аз ҳад зиёд низ дохил мешаванд. Ин ҳама вобаста аст ба фаъолияти ҳормонҳои инсон. Яъне, вайроншавии кори ғадудҳо дар организм сабаби пайдоиши бемориҳо мегардад. Умуман, дар самти пешгирии бемориҳои эндокринологӣ ғизо омили аввалиндараҷаи таъмини саломатӣ маҳсуб меёбад. Масалан, барои онҳое, ки ба бемории ҷоғар гирифторанд, лозим аст, ки ҳар чи бештар ба истеъмоли ғизоҳои муайянгардида таваҷҷуҳ дошта бошанд. Онҳо бояд бештар моҳӣ, хурмо, карами баҳрӣ истеъмол намоянд. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи муҳимми саломатии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти ҳуҷайраю бофтаҳои ҷисми инсон, аз ҷумла, саломатию дарозумрӣ, фаъолияти меҳнатии инсон ва сатҳи рушди ояндаи ҷомеа аз ин омил вобастагӣ дорад.   Мутахассиси Маркази саломатии шаҳрии №12-и ноҳияи Фирдавсӣ, табиби ғадудшинос Мафтулбӣ Қаландарова зикр намуд, ки тибқи маълумоти илмӣ-таҷрибавӣ, пурхӯрӣ (аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯроквории дорои равғаннокии баланд, қаннодиҳо, нӯшокиҳои ширини газнок, намаки ошӣ, тамъдиҳандаҳо ва кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ) ва ғайра сабаби асосии инкишофи вазни зиёд ва фарбеҳӣ мегарданд. Омили дигар, вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ камҳаракатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар чи бештар аҳолӣ бо фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш фаро гирифта шавад, ҳамон андоза вазъи саломатии онҳо беҳтар мегардад.   Мутаассифона, иддае падару модарон ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти фарзандон таваҷҷуҳ наменамоянд, ки мувофиқи матлаб нест. Ҳоло қариб дар назди аксари муассисаҳои таълимии кишвар гӯшаҳои фурӯши хӯрокҳои тезтайёр, нӯшокиҳои газнок ва монанди инҳо мавҷуд аст, ки хонандагон аз онҳо истеъмол намуда, ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар аксари минтақаҳо ва атрофи биноҳои истиқоматии шаҳру ноҳияҳо майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо ба истифода дода шудаанд. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе падару модарон дар масъалаи обутоб додани бадани фарзандонашон аз синни кӯдакӣ кам аҳаммият медиҳанд.   Хулоса, моро зарур аст, ки ба масъ­алаи саломатии хеш ва фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Хӯрокҳои аз нигоҳи экологӣ тозаву хушсифатро истеъмол намуда, бештар ба варзиш машғул гардем, то ҳамеша солиму бардам бошем, зеро солимии ҷомеа кафили пешрафту шукуфоии кишвар мебошад.   Ҳотам ҲОМИДЗОДА, «Омӯзгор»

    4

    15.06.2026
  •  img
    САИДАЛИЗОДА МАДИНА - ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид.   Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.   Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.   Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.

    23

    15.06.2026
  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.   2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.   3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 15 июни соли 2026 №1184

    22

    15.06.2026