03.10.2026

 img

3 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, собиқадорони соҳа, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илм чорабиниро оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорони кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният гуфт. Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ аз нақши арзанда ва заҳматҳои содиқонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ба омӯзгорону мураббиён барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуд.

 

Сипас, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабиниро идома дод. Мавсуф дар суханронӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону мураббиёнро ба муносибати иди касбиашон самимона табрику таҳният гуфта, барои хизмати содиқона, заҳмати созанда ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас арзи сипос намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли нав дар таҳкими маърифату фарҳанг, худшиносии миллӣ, рушди неруи инсонӣ ва бунёди ояндаи дурахшони кишвар нақши муҳим доранд.

 

Гуфта шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои назаррасро амалӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Омӯзгорон дар ташаккул ва рушди маърифати аҳли ҷомеа вазифаи басо муҳимми таърихӣ дошта, Ҳукумати кишвар талош мекунад, ки барои фаъолияти онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

 

Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» эълон ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

 

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор шуд. Барнома бо иҷрои сурудҳо ва рақсу навоҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид ва фазои идонаро тақвият бахшид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН img
  • ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН img
  • ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН img
  • ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН img
  • ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.   Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.   Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.   Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.   Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.   Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.   Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.   Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.   Ҳамватанони азиз!   Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.   Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.   Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.   Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.   Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.   Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.   Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.   Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.   Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.   Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.   Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.   Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    1

    05.10.2026
  •  img
    Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд.   Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст.   Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад.   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

    2

    04.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.   Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.   Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.   Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.   Бунёди  иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз  гардида, дар раванди сохтмон 40  сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю   майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.   Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

    0

    04.10.2026