28.10.2025

 img

28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муҳимми касбӣ таҳти унвони «Муҳокимаи техникии ислоҳоти низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS)» баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ЮНИСЕФ, коршиносони соҳаи таҳлил ва рақамисозӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуда, ҳадафи асосии он арзёбӣ ва таҳлили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) буд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода иброз дошт, ки низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм чун воситаи рақамӣ ва таҳлилӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи маориф ва илм хизмат мекунад. Ин низом имконият медиҳад, ки маълумоти дақиқ ва муътамад оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муҳайё будани кадрҳо, дастрасии хонандагон ба таълим ва дигар ҷанбаҳои муҳимми соҳаи маориф ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ ва истифода шаванд.

 

Дар идомаи ҳамоиш намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вобаста ба аҳаммияти EMIS дар банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳои босамар ва таҳкими идоракунии муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуд.

 

Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои вазъи кунунии низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм ва ташкили платформаҳои нави он, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди низом барои солҳои 2025-2027, шаклҳои нави ҳисоботдиҳӣ ва такмили сохтори маълумоти оморӣ, истифодаи маълумоти EMIS барои банақшагирии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ҷалби маълумоти оморӣ ба низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва натиҷагирии арзёбиҳои миллӣ, пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муҳокима ва баррасӣ шуданд.

  • БАРРАСИИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ НИЗОМИ EMIS img
  • БАРРАСИИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ НИЗОМИ EMIS img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба мақом ва аҳаммияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар низоми маорифи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, нақши муассир дар рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон, ташаккули малака, боло бурдани сатҳи эҷодкорӣ ва тавонмандии зеҳнии насли наврас дорад.   Гуфта шуд, ки тавассути рушди таҳсилоти иловагӣ метавон муҳити мусоид барои дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, инчунин таъмини баробарии имкониятҳо дар соҳаи маориф фароҳам овард.   Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Файзобод ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла, дастовардҳои эҷодӣ, ташкили озмунҳои фаннӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва дигар ташаббусҳои маърифатӣ маълумот доданд.   Зимни муҳокима масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Муовини вазир дар идома таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар доираи барномаҳои давлатӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад ва масъулин ба натиҷагирии воқеии таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои зеҳнии кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оваранд.   Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват шуд, то камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлати кӯтоҳ бартараф карда шуда, фаъолияти минбаъдаи муассисаҳо дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ ба роҳ монда шавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    33

    28.10.2025
  •  img
    Идомаи ҳамкориҳо бо Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир Имрӯз, 27 октябри соли 2025 вохурии ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз бо менеҷери лоиҳаи "Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ" хонум Ҷамила Гулямова, директори Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Том Кедлӣ, намояндаи лоиҳа дар Тоҷикистон Алишер Ҷабборов, мушовири байналмилалии лоиҳа Лиза, намояндаи Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Эмма Чейна Робинсон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани 20 нафар омӯзгорони фанни забони англисии Донишкада ва филиалҳо аз ҷониби омӯзгорони Донишкадаи Норвич дар асоси барномаҳои нави таълимии 50 соата (бо назардошти методикаи пешрафтаи ҷаҳон) ҳамчун тренер омода карда мешаванд. Барномаҳои нави таълимӣ муштаракан аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи Норвич ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо назардошти компонентҳои миллӣ таҳия карда мешаванд. Дар навбати худ аз ҷониби ин 20 нафар тренерони омодагардида, зиёда аз 1500 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2026 ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва баргузории омӯзишу тренингҳо ва конференсияҳо дар якҷоягӣ ба тариқи ҳузуриву онлайнӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд. Вохӯрӣ дар шакли онлайн баргузор гардида, он дар доираи харитаи роҳ, ки моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Наврӯз Мирзозода ва Том Кедлӣ, ки дар Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ба имзо расида буд, ба роҳ монда шудааст.

    54

    27.10.2025
  •  img
    КӮШОНИЁН: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ МАКТАБИ МИЁНА БАРОИ 640 ҶОЙИ НИШАСТ Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Хиштсозони ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони як муассисаи нави таълимӣ барои 640 нафар ҷои нишаст дар ду баст ва як муассисаи таълимӣ- томактабӣ барои 220 кӯдак оғоз бахшида шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат сохта ба истифода дода мешавад.   Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки лоиҳаи иншооти сохташаванда бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза нақшагузорӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти илмомӯзӣ ҷиҳозонида мешавад.   Ҷиҳати босифат ва ба талаботи стантартҳои муоссир сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён дастур ва маслиҳатҳои судманд доданд.   Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 10 ва 11-и ҷамоати деҳоти Заргар 3 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар марҳилаи аввал 26 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Тибқи иттилоъ то имрӯз дар назди 5 муассисаи таълимӣ Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон бо таҷҳизоти лозимаи соҳавӣ ба истифода дода шуданд.

    81

    27.10.2025