27.10.2025

 img

Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Хиштсозони ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони як муассисаи нави таълимӣ барои 640 нафар ҷои нишаст дар ду баст ва як муассисаи таълимӣ- томактабӣ барои 220 кӯдак оғоз бахшида шуд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат сохта ба истифода дода мешавад.

 

Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки лоиҳаи иншооти сохташаванда бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза нақшагузорӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти илмомӯзӣ ҷиҳозонида мешавад.

 

Ҷиҳати босифат ва ба талаботи стантартҳои муоссир сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён дастур ва маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 10 ва 11-и ҷамоати деҳоти Заргар 3 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар марҳилаи аввал 26 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Тибқи иттилоъ то имрӯз дар назди 5 муассисаи таълимӣ Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон бо таҷҳизоти лозимаи соҳавӣ ба истифода дода шуданд.

  • КӮШОНИЁН: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ МАКТАБИ МИЁНА БАРОИ 640 ҶОЙИ НИШАСТ img
  • КӮШОНИЁН: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ МАКТАБИ МИЁНА БАРОИ 640 ҶОЙИ НИШАСТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ БАРНОМАҲОИ ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ 24 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода мизи мудаввар таҳти унвони «Бознигарии барномаҳои омодасозии омӯзгорон барои татбиқи муносибати босалоҳият ба таълиму тарбия» баргузор гардид.   Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд (IsDB), Барномаи ҷаҳонии таълим (GPE) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, ки ба салоҳият ва қобилияти амалии омӯзгорон нигаронида шудаанд, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин самт вазорат ҳамкориҳоро бо шарикони рушд барои такмили сифати таҳсилот ва таҳияи барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир густариш медиҳад.   Сипас, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Эри Двиведи ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти функсионалӣ ва таҳлили барномаҳои амалкунандаи тайёркунии омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар идома пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани мундариҷа ва сохтори барномаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ироа гардид.   Гуфта шуд, ки дар асоси барномаҳои мазкур омӯзгорон оянда на танҳо дониши назариявӣ, балки маҳорати амалии татбиқи усулҳои инноватсионии таълимро ҳамчун таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар раванди таълим метавонанд истифода намоянд.   Ширкаткунандагони мизи мудаввар дар муҳокимаи озод доир ба таҷрибаҳои муфид, роҳҳои такмили низоми омодасозии омӯзгорон ва татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим мубодилаи афкор намуданд.   Макази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    56

    24.10.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.   Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст.   Дар китобхонаи муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз аст ва хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъмин гардидаанд.   Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо назардошти осон намудани мушкили хонандагон, ки қаблан барои таҳсил тақрибан 2 киллометр роҳро аз мавзеъҳои душворгузар тай менамуданд ва дар фасли зимистон пешорӯи мушкилӣ мегардиданд, бунёд ёфтааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.   Ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинии хонандагон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таълимӣ синфхонаи забонҳои хориҷӣ омода шуда, омӯзгорони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд.   Дар синфхонаҳои таълими меҳнат низ бо мақсади сайқал додани малакаи хонандагон дастгоҳ ва асбобу анҷоми лозима харидорӣ ва насб шудааст. Аз ҷумла синфхонаи таълими меҳнат барои духтарон бо 8 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин гардида, дар доираи маҳфили дохилимуассисавии “Дастони моҳир” ба духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва пазандагӣ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин дар синфхонаи таълими меҳнат барои писарон дастгоҳҳои пармакунии чубу оҳан, суфтакунии тахта, челонгарӣ, арраи барқӣ ва олоти кандакорӣ дастрас карда шудааст, ки ба раванди касбомӯзии хонандон таъсири мусбат мерасонад.   Дар иншооти навбунёд системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо гармӣ таъмин карда мешаванд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки истифодаи самараноки шароиту имконоти муҳайёшударо ба манфити кор ба роҳ монда, дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, тарбияи ин қишри ояндасоз дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, омода намудани онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар маҳал таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона созанд.   Атрофи муассисаи мазкур бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз оро дода шуда, дар идомаи тадбирҳои ободонӣ роҳи муассиса  то роҳи асосии деҳа мумфарш гардидааст.

    126

    24.10.2025
  •  img
    Ба истифода додани 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода доданд.   Иншооти нави иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ барои 40 омӯзгори ҷавон сохта шуда, дар он мутобиқ ба талаботи замон барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.   Нахуст, 11 омӯзгори ҷавон, ки аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм мекунанд, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд. Ин нафарон дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара минбаъд аз фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ ба наврасон дарс мегӯянд. Оянда 10 нафари омӯзгор аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо тариқи озмун ҷалб шуда, дар ҳамин ҷой бо манзили зисти дорои шароити муосир таъмин мешаванд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ ҷавононро ба истифодаи босамар аз имконияти мавҷуда ва дар рўҳияи донишмандию хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас ҳидоят карданд.   Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар кардани сифати таълим дастур дода буданд.   Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ин аввалин иқдоми намунавӣ аз ҷониби соҳибкорон дар кишвар аст, ки якбора барои 40 омӯзгори ҷавон дар деҳаи Пушинг манзилҳои истиқоматӣ сохта шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати бунёди чунин манзилҳои истиқоматии барҳаво барои омӯзгорон ва бо кори пурифтихору манзили зист таъмин кардани гурўҳе аз хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори сипос карда, ташаббуси соҳибкоронро намунаи ибрат дар кишвар маънидод карданд.   Иқдоми соҳибкорон омӯзгоронро водор намудааст, ки барои иҷрои рисолати касбӣ ва таълиму тарбияи насли наврас хизмати садоқатмандона анҷом диҳанд.    Саҳни манзилҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дар асоси лоиҳаи муосир сабзкорӣ шуда, ба хотири фароғати хуш суҳбаткадаҳо гузошта шудааст.

    112

    24.10.2025