22.05.2025

 img

Хоруғ, 22 майи 2025 — Гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) дар доираи сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи дуюми фаъолияташонро ба боздиди амалӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ бахшиданд. Ҳадафи аслии боздид – арзёбии сатҳи татбиқи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” дар муҳити таълимии маҳаллӣ буд.

 

Зимни боздид, намояндагони МҶТИК дар шароити воқеии таълимгоҳҳо аз ҷараёни рақамикунонӣ, сатҳи таҷҳизоти техникӣ ва иштироки кадрҳои омӯзгорӣ дар курсҳои бозомӯзӣ маълумот ба даст оварданд. Бинобар гуфтаи масъулин, дар бархе муассисаҳо компютер ва дастгоҳҳои иловагӣ дастрасанд ва омӯзгорон тадриҷан ба истифодаи технологияҳои муосир ҷалб мешаванд.

 

Бо вуҷуди ин, мушкилоти ҷиддие ҳамчунон боқӣ мондаанд — маҳдудияти интернет дар минтақаҳои дур, норасоии мутахассисони соҳаи ТИК ва камбудии муҳтавои рақамии мутобиқ ба муҳити кӯҳӣ аз ҷумлаи монеаҳои асосӣ ба шумор мераванд.

 

Гурӯҳи корӣ дар фарҷоми боздид пешниҳод намуд, ки барои рушди минбаъдаи Барнома бояд ба омодасозии кадрҳо, тавсеаи инфрасохтор ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Инчунин, таъмини дастрасӣ ба интернет ва таҳияи муҳтавои таълимии рақамии маҳаллӣ ҳамчун афзалиятҳо муайян гардиданд.

 

Боздиди гурӯҳи кории МҶТИК як иқдоми амалӣ ва муҳими марбут ба рушди рақамӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ шуда, заминаи устуворе барои тақвияти иқтидори муассисаҳои таълимии минтақа фароҳам меорад.

  • БАРРАСИИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ img
  • БАРРАСИИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ img
  • БАРРАСИИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚВИЯТИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНИИ МАОРИФ ДАР ВМКБ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР БА 21 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАСТРАС ГАРДИД   Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028, ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла, компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардиданд.   Ин иқдом бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди захиравии Президенти мамлакат амалӣ гардида, як ҷузъи муҳимми сиёсати давлатии рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Он ба раванди рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ дар минтақаи дурдасти кишвар таҳким мебахшад.   Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ ба шабакаи интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ пайваст гарданд. Ҳамзамон, татбиқи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS), платформаҳои таълимии электронӣ ва таҳияи ҳазорон китоби рақамӣ ва маводи интерактивӣ дар назар аст.   Барномаи давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорон ва хонандагон, инчунин ташкили муҳити рақамии таълимӣ дар муассисаҳо нигаронида шудааст. Тибқи нақша, дар оянда ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шабакаи ягонаи таълимии миллӣ пайваст хоҳанд шуд ва аз платформаҳои муосири рақамӣ истифода хоҳанд бурд.   Ин марҳилаи муҳим дар рушди соҳаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат амалӣ гардида, заминаи устувор барои ҳамгироии ВМКБ ба ҷомеаи рақамии ҷаҳонӣ мебошад.   Омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳо ва хонандагонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд, то сифати таҳсил боз ҳам баланд гардад.

    8

    23.05.2025
  •  img
    БАРРАСИИ МАСОИЛИ КАЛИДИИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ СИТОД 22 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар, директорони марказҳои рушди истеъдодҳо, мактабҳои Президентӣ ва литсейҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти идоракунии муассир, тақвияти сатҳи таълим ва тарбияи хонандагон, танзими раванди аттестатсионӣ ва омодагии муассисаҳо ба соли таҳсили нав изҳори назар кард.   Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омодагӣ ба аттестатсияи синф ба синф ва хатм, бо таъкиди қатъӣ ба пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии маблағҳо, нақшаи ташкили чорабинии “Занги камолот” тибқи фармоиши вазир аз 17.05.2017, таъмири муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кумитаҳои падару модарон, назорати равандҳои таълиму тарбия тавассути ташкил ва гузаронидани санҷишҳои ногаҳонии сатҳи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ мавриди барасӣ қарор дода шуд.   Ҷаласа дар фазои корӣ, таҳлилии муфассал ва бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтарсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    16

    22.05.2025
  •  img
    ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ 22 майи соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ҷиҳати назорати рафти корҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз рафти сохтмони марказҳои инкишофи кӯдаки деҳаҳои Вишхарф ва Будуни ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ боздид намуд.   Ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки марказҳои мазкур дар умум метавонанд 100 нафар кӯдакро ҷалб намоянд.   Сохтмони марказҳои зикршуда пурра ба анҷом расида, рангу бори гирду атрофи панҷараҳо идома дорад. Сохтмони мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шуда, дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.   Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гаштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат намудааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    4

    22.05.2025