24.08.2026
Ҳар омӯзгори забони англисӣ борҳо чунин ҳолатро мушоҳида кардааст, ки дар оғози дарс хонандагон фаъолона ба саволҳо ҷавоб медиҳанд, бо шавқу рағбат бо ҳамдигар кор мекунанд ва мекӯшанд ба забони англисӣ суҳбат намоянд. Аммо баъди гузаштани муддате диққати онҳо тадриҷан коҳиш меёбад. Ҷавобҳо кӯтоҳ мешаванд, баъзеҳо парешон мегарданд, гурӯҳе ба корҳои дигар машғул мешавад ва ҳатто хонандагони фаъол низ завқи худро ба дарс аз даст медиҳанд. Дар аксар маврид сабаби ин ҳолат душвории мавзуъ ё набудани хоҳиши омӯзиш нест, балки хасташавии табиии организми кӯдак мебошад.
Омӯзиши забони хориҷӣ аз хонанда тамаркузи доимии диққатро талаб мекунад. Дар як дарс ӯ ҳамзамон нутқи англисиро мешунавад, матн мехонад, вожаҳои навро ба хотир меорад, ҷумла месозад, ба тарзи талаффуз диққат медиҳад ва супоришҳои хаттиро иҷро мекунад. Чунин фаъолияти зеҳнӣ хотира, тафаккур, шунавоӣ ва маҳорати нутқро якбора фаъол месозад. Агар ин фаъолият муддати дароз бидуни тағйир идома ёбад, қобилияти кории мағзи сар тадриҷан коҳиш меёбад.
Тадқиқоти равоншиносон нишон медиҳанд, ки пас аз понздаҳ то бист дақиқа фаъолияти пуршиддати зеҳнӣ қобилияти диққати аксари хонандагон паст мешавад. Дар чунин ҳолат бисёр омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар шарҳи мавзуъро ба анҷом расонанд, вале таҷрибаи педагогӣ нишон медиҳад, ки дар ҳамин лаҳза иваз намудани намуди фаъолият самараи бештар медиҳад. Танҳо 2-3 дақиқаи фаъолияти дигаргуна метавонад диққати хонандагонро дубора фаъол гардонад ва барои идомаи дарси пурсамар замина фароҳам оварад.
Чунин таваққуфро набояд танаффуси маъмулӣ шуморид. Он қисми ҷудонашавандаи раванди таълим аст. Агар машқ дуруст интихоб шуда бошад, маҳорати забонӣ инкишоф, шиддати равонӣ коҳиш меёбад ва муҳити мусбати омӯзиш ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин сабаб, дар методикаи муосири таълими забонҳои хориҷӣ истифодаи машқҳои кӯтоҳи фаъолкунанда, ки онҳоро дар адабиёти методӣ «энерҷайзерҳо» (еnergizers) меноманд, тавсия дода мешавад.
Зимни баргузории машқҳо ҳар як ҳаракат бояд бо истифодаи забони англисӣ сурат гирад. Дар ин ҳолат, хонандагон омӯзиши забонро идома медиҳанд, ҳарчанд фаъолияти онҳо шакли бозӣ ва ҳаракатро касб мекунад.
Машқи «Touch and say» («Даст расон ва бигӯ»)
Яке аз роҳҳои зуд фаъол сохтани хонандагон машқи «Touch and say» мебошад.
Омӯзгор бо суръати нисбатан тез фармонҳоро ба забони англисӣ мегӯяд:
Touch something red.
Touch your book.
Touch the window.
Touch something made of wood.
Touch something round.
Хонандагон дар ҷойи худ ё бо як-ду қадам гузоштан фармонро иҷро мекунанд. Пас аз он омӯзгор аз чанд нафар мепурсад:
What did you touch?
Хонандагон бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд:
I touched my book.
I touched the window.
Ин машқ ҳамагӣ як-ду дақиқа вақт мегирад. Дар ҳамин муддат диққати хонандагон фаъол мегардад ва ҳамзамон, луғатҳои вобаста ба мавзуъ, дарки нутқи шунидашуда ва истифодаи замони гузашта (Past simple) такрор мешавад.
Машқи «Repeat if it is true» («Агар дуруст бошад, такрор кун»)
Ин машқ барои фаъол намудани диққат ва рушди малакаи шунавоӣ мувофиқ аст.
Омӯзгор ҷумлаҳои кӯтоҳро ба забони англисӣ мехонад. Агар ҷумла дуруст бошад, хонандагон онро якҷо такрор мекунанд. Агар ҷумла нодуруст бошад, бояд хомӯш монанд.
Масалан:
Winter is cold.
Cats can fly.
The sun is hot. ✓
Fish live in trees.
Monday comes after Sunday. ✓
Барои синфҳои болоӣ метавон ҷумлаҳоро ба мавзуи дарс мутобиқ намуд. Масалан, ҳангоми омӯзиши грамматика:
She goes to school every day. ✓
He don’t like apples.
Ин машқ аз як дақиқа зиёд вақтро намегирад, вале диққати хонандагонро фавран ҷалб мекунад. Онҳо маҷбур мешаванд ҳар ҷумларо бодиққат бишнаванд, мазмуни онро таҳлил намоянд ва танҳо баъд вокуниш нишон диҳанд. Ҳамин тавр, ҳам малакаи шунидан, ҳам донишҳои луғавию грамматикӣ ва ҳам суръати фикрронӣ тақвият меёбад.
Албатта, имконоти омӯзгор танҳо бо ҳамин ду машқ маҳдуд намешаванд. Ҳар гуна супориш метавонад воситаи рафъи хастагӣ гардад, агар он ба иваз намудани шакли фаъолият, иштироки фаъолонаи хонандагон ва истифодаи забони англисӣ асос ёфта бошад. Мутолиаро метавон бо гуфтугӯ, корҳои хаттиро бо фаъолияти ҷуфтӣ ва шарҳи мавзуи навро бо унсурҳои бозӣ иваз намуд. Чунин тарзи ташкили дарс имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи хонандагон то анҷоми он нигоҳ дошта шавад.
Замира АЛИЕВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №7-и шаҳри Кӯлоб