26.08.2025

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе семинари миллӣ оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ баргузор гардид.
Дар семинар Музаффарзода Бадриддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мария Светкова, намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), масъулини шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои пилотии таълимӣ аз шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар рафти семинар гуфта шуд, ки аз соли 2023 бо дастгирии БОҶ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ғизои мактабӣ фаъолият мекунад, ки татбиқи барномаҳои марбут ба ғизои мактабиро назорат ва ҳамоҳанг месозад. Бахш дар самти рушди захираҳои инсонӣ саҳмгузор буда, барои муассисаҳои пилотӣ ва шуъбаҳои маориф омӯзишҳо ва мониторингҳои мунтазам ташкил менамояд.
Ғизои мактабӣ яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи саломатии кӯдакон ва баланд бардоштани самаранокии таълим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои стратегӣ, аз ҷумла, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ то соли 2027 ва Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027-ро қабул намудааст.
Аз соли 2022 маблағгузории буҷетӣ барои ғизои мактабӣ пайваста афзоиш меёбад. Соли 2024 зиёда аз 11,6 миллион сомонӣ барои таъмини 25 ҳазор хонанда дар 55 муассисаи таълимӣ ҷудо гардид, ки зиёда аз 80% он амалӣ шуд.
Барои соли 2025, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ба 18,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 60% зиёд аст. Соли ҷорӣ зиёда аз 36 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар 94 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 40 муассиса дар вилояти Хатлон, 24 муассиса дар вилояти Суғд, 8 муассиса дар ВМКБ, 15 муассиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 7 муассиса дар шаҳри Душанбе, ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.
Иштирокичёни семинар аҳамияти ҳамкории байнисоҳавиро дар рушди устувори ғизои мактабӣ ва таъмини саломатии кӯдакон таъкид намуданд.
Бояд гуфт, силсилаи семинарҳои омӯзишӣ оид ба ташкил ва татбиқи барномаи ғизои мактабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ баргузор гардиданд.