20.05.2026
20 майи соли 2026 бо ташаббуси бевоситаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди зеҳнӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, даври ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявии «Шоҳмот» миёни хонандагон, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа ғолибон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ, тафаккури мантиқӣ ва малакаи касбии худро нишон доданд.
Мусибоқаро Муясара Давлатзода – директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм, маърифат ва варзишҳои зеҳнӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо бо мақсади омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи бозии «Шоҳмот» ташаккули фикронӣ, беҳтар намудани қобилияти зеҳнӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, рушди қобилияти фикрронӣ, баланд бардоштани ҳисси рақобати солим ва дарёфти чеҳраҳои болаёқат миёни хонандагон, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади рушду оммавигардонии бозии «Шоҳмот», инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати захираҳои варзишӣ, зеҳнӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф соли дуюм аст, ки мусобиқаи мазкур бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дар мусобиқа иштирокчиён байни ҳам дар се гуруҳ, гурӯҳи якум синну соли аз 7 то 12 сола (синфҳои 1-5), гурӯҳи дуюм синну соли аз 13 то 17 сола (синфҳои 6-11), гурӯҳи сеюм синну соли аз 18 боло омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, духтарон (занон) ва писарон (мардон) дар алоҳидагӣ миёни ҳам рақобати ҷолибу хотирмон нишон дода, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати доварон муайян гардиданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шудаанд.