20.05.2026
Дар таърихи башарият номи нек ва қаҳрамониҳои бе мислу монданди шахсиятҳои баруманд доимо вирди забони ҳамагон мегардад. Эҳтиром ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои накуном баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, нишонаи поси хотир ба гузаштагон, қадршиносӣ ва бақои миллат аст.
Дар партави ин гуфтаҳо, 19 майи соли 2026 маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур, инчунин, чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маросими истиқболи мушти хоки чеҳраҳои таърихии миллати тоҷик бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
Аҳаммияти ин маросими хештаншиносӣ нисбат ба миллату давлат дар раванди давлатдории миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад, зеро маросими истиқболи мушти хоки чеҳраҳои таърихии миллати тоҷик далели возеҳи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва хислатҳои неки инсондӯстию инсонпарварӣ ба хотири таҳкими давлатдории миллӣ ва таҳкими ҳувиятшиносии миллати тоҷик мебошад.
Аз нуктаи назари сиёсӣ, шакл гирифтани амалҳои инсондӯстӣ танҳо ба хотири арҷгузории таърих ва болоравии маънавиёти ҷомеа нест, балки воситаи амалишавии шинохти худшиносӣ ва гиромидошти меҳнати содиқонаи сарсупурдагони миллати тамаддунофари тоҷик дар роҳи озодӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва эҳсоси ватанхоҳиву ватандӯстӣ мебошад. Фазои воқеии сиёсию фарҳангӣ дар маросими истиқболи хоки чеҳраҳои саршиноси миллат, думболагири идея ва ё андешаи миллатдӯстист. Ин тасмимҳои сиёсӣ, бахсус, дар замони бархӯрди тамаддунҳо, сохтани консепсияи воқеии миллииро ҷиҳати посдорӣ ба хизматҳои шоёни чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик собит месозад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки иқдоми Пешвои миллат доир ба истиқбол мушти хоки қаҳрамонони миллат, шакли бақои миллат ва ҳифзи манфиатҳои миллиро ифода менамояд.
Хусусияти дигари ин маросим, ҷанбаҳои фалсафӣ дошта, дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш худи маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом собитгари ин гуфтаҳост, зеро ин рӯйдоди таърихӣ рамзи пирӯзии ҳақиқат ва эҳёи адолат дар назди таърих баҳисоб меравад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки хизматҳои бемислу монанди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти посдории рӯҳи шикастнопазир ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои чеҳраҳои мондагори миллат дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз номи фарзандони фарзонаи тоҷик ва корномаҳои таърихии онҳо дубора эҳё гардида, омӯзишу тарғиби зиндагинома ва фаъолияти ин шахсиятҳои барҷаста ба омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии насли ҷавон табдил ёфтааст. Аз ҷумла, Нусратулло Махсум яке аз роҳбарони нахустини Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ барои муттаҳид сохтани тоҷикон, рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ талошҳои зиёд анҷом додааст. Дар давраи фаъолияти худ Нусратулло Махсум дар таъсиси мактабҳо, густариши забони тоҷикӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузошта, инчунин барои муайян намудани мақому мавқеи Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ муборизаи пайгирона бурдааст. Имрӯз номи ӯ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун шахсияти ватандӯст ва муборизи роҳи истиқлолу ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо эҳтиром ёд мешавад. Дар баробари Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур низ аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи миллӣ маҳсуб меёбад, ки барои ташаккули давлатдории тоҷикон хизматҳои арзишманд анҷом додааст. Таърих гувоҳ аст, ки ӯ аз овони ҷавонӣ ба корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Дар давраи таъсиси ҳокимияти шуравӣ Шириншо Шоҳтемур яке аз чеҳраҳои фаъоли сиёсӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои тоҷикон мубориза бурдааст. Ӯ яке аз роҳбарони аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили сохторҳои давлатӣ, идоракунии ҷомеа ва пешбурди сиёсати миллӣ саҳми назаррас гузошта, махсусан дар масъалаи муайян намудани ҳудуд ва мақоми давлатии Тоҷикистон хизматҳои бузург кардааст. Нисор Муҳаммад низ ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва яке аз поягузорони соҳаи маорифи Тоҷикистон дар таърихи миллат мақоми хос дорад. Ӯ дар замоне, ки пас аз Инқилоби Октябр дар Афғонистон ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ авҷ мегирифтанд, дар канори равшанфикрон ва донишмандон фаъолияти фаъолона анҷом додааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Нисор Муҳаммад дар давраи тақсимоти миллию марзии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик ва муқобила бо неруҳои зиддитоҷикӣ муборизаи ҷиддӣ бурдааст. Дар он солҳо андешаҳои зиддитоҷикӣ бештар паҳн гардида, баъзе гурӯҳҳо ба таъсиси ҷумҳурии алоҳида барои тоҷикон мухолифат мекарданд. Ҳатто бархе аз роҳбарони вақт мавҷудияти миллати тоҷикро инкор менамуданд. Бо вуҷуди чунин вазъияти ҳассосу печида, Нисор Муҳаммад дар баробари Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Чинор Имомов, Саидаҳмад Анваров ва дигар фарзандони содиқи миллат барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикон ва таъсиси давлати миллӣ талошҳои пайваста анҷом медод.
Маросими истиқболи мушти хоки чеҳраҳои таърихии миллати тоҷик бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат рамзи худшиносии миллӣ ва поси хотир ба хотири хизматҳои шоёни чеҳраи таърих дар раванди давлатдории миллӣ мебошад. Маросими мазкур, аз рӯйи фарогирии ҷанбаҳои фалсафию сиёсӣ ба омилҳои зерин алоқамандии ногусастанӣ дорад:
- поси хотир ва гиромидошти чунин шахсиятҳо нишонаи эҳтиром ба хизматҳои онҳо буда, воситаи муҳимми тарбияи маънавӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб мераванд;
- ба Ватан баргардонидани хоки онҳо хусусияти тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро нишон медиҳад. Махсусан ин чеҳраҳои мондагори миллат барои ҷавонон ва насли наврас намунаи олии ватандӯстӣ, ҷасорат ва хизмат ба халқ мебошанд. Омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти онҳо дар рӯҳияи ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба миллат ва ҳифзи манфиатҳои давлатро бедор мекунад. Шахсиятҳои таърихӣ бо корномаҳои худ нишон медиҳанд, ки инсон метавонад бо дониш, ирода ва меҳнат ба ҷомеа хизмати бузург намояд. Аз ин рӯ, гиромидошти онҳо воситаи муҳимми тарбияи ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон мебошад;
- сеюм, ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ бозгӯ мегардад. Аз ин нуктаи назар гиромидошти чеҳраҳои барҷаста дар ҳифз ва нигоҳдории хотираи таърихии миллат аҳамияти махсус дорад. Таърих ва фарҳанги ҳар як миллат тавассути фаъолияти фарзандони фарзонаи он миллат зинда мемонад;
- худшиносии миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлат ва ваҳдати ҷомеа буда, амали мазкур боиси тақвияти он мегардад.
Дар маҷмуъ, маросими истиқболи мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат рӯйдоди муҳими таърихӣ, таҷассуми эҳтироми амиқи давлат ва миллат ба хизматҳои содиқонаи қаҳрамонони роҳи озодӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит сохт, ки миллате, ки гузашта, қаҳрамонон ва арзишҳои миллии худро гиромӣ медорад, метавонад бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи ояндаи худро устуворона идома диҳад.
Бозгардонидани мушти хоки ин чеҳраҳои барҷаста ба Ватан рамзи эҳёи ҳақиқат, адолати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳое мебошад, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули давлатдории тоҷикон ва рушди фарҳангу маърифати ҷомеа мубориза бурдаанд. Ин рӯйдод дар замири ҷомеа, махсусан ҷавонон, эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақвият бахшида, онҳоро ба омӯзиши таърих ва пайравӣ аз роҳи фарзандони содиқи миллат ҳидоят менамояд.
Бинобар ин, поси хотир ва гиромидошти чунин шахсиятҳои таърихӣ ҳамчун рамзи вафодорӣ ба миллат, эҳтиром ба таърих ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дошта, дар роҳи ташаккули ҷомеаи худогоҳу ватандӯст нақши муассир мегузорад.
Сафарзода Даврон Ҷурахон,
ректори Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон