18.10.2025

 img

Дар доираи ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон   17 октябри соли 2025 бо ташаббуси бевоситаи  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо кӯдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия Нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Абдуллозода Одил Толиб, директорони марказҳои таҳсилоти иловгагии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандон, аъзои ҳакамони озмунҳо ва хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. 

 

Ҳадафи асосии баргузории конференсия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зидди корупсионии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии дуруст нисбат ба хатарҳои коррупсия, инчунин ҷалби кӯдакону наврасон ҳамчун паёмрасонҳои арзизшҳои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.

 

Дар кори конференсия намояндагон ҷиҳати таъмини иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ вобаста ба Стратегияи мазкур, ҳамзамон дар мавзӯҳъои марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муҳити таълим, аҳмияти поквиҷдонӣ, одоб ва масъулияти шаҳрвандӣ баромад намуданд.

 

Дар доираи конференсия бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  кўдакону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озоди озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва видеоролики беҳтарин дар мавзўи “Мо кўдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем”. Инчунин бахшида ба 35 солагии Истиқлолиятии давлатӣ озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва иншои  беҳтарин дар мавзўъҳои “Ватанамро сарсабз мегардонем” , "Дурахши Истиқлол", "Дунёи кӯдакии ман" ҷамъбаст гардида,  намоиши расму видероликҳои ғолибон   баргузор карда шуд.

 

Дар қисмати ҷамъбастии конференсия ғолибони озмунҳои болозикр аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

  • Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо кӯдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” img
  • Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо кӯдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” img
  • Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо кӯдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям.   Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.   Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.   Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.   Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд.   Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.   Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад.   Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад: Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳрёр, Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ, Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.   Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад.   Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.   Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст.   Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад.   Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд.   Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.   Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.   Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.   Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд.   Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд.   Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем.   Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.   Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям.   Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям.   Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    36

    19.10.2025
  •  img
    ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз, 18 октябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби байналмилалӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Дар қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуда, доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, идомаи таҳсил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф муроҷиату пешниҳодҳои худро иброз доштанд.   Зимни баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои мавҷуда дар муҳлати муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    18.10.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР 18 октябри соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мудирони шубаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои зертобеи соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти томактабии минтақаи Бохтар ва омӯзгорон иштирок доштанд.   Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ иброз дошт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи асосӣ — таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддиву техникӣ равона гардидааст.   Зикр шуд, ки таҳкими пояҳои илм ва маориф омили рушди устувори давлат ва ҷомеа буда, масъулон бояд ба раванди таълим бо масъулияти баланд ва муносибати навоварона назар кунанд.   Инчунин, аҳли нишаст аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" изҳори хушнудӣ карданд. Изҳор гардид, ки қабули қонуни мазкур бо дастгириву ғамхории Пешвои муаззами миллат дар ҷалб гардидани мутахассисони тахассусманд ба соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот нақши худро мерасонад.   Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар чанд соли охир садҳо муассисаи таълимӣ таъмиру таҷҳизонида шуда, омӯзгорон бо шароити беҳтари кор таъмин мегарданд.   Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода ва сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода вобаста ба татбиқи сиёсати маориф дар минтақаи Бохтар, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим гузориш доданд.   Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ш. Шукурзода оид ба вазъи соҳаи маориф дар ноҳия ва ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои соҳаи маориф маълумот пешниҳод намуд.   Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, ҳанӯз ҳам масъалаҳои такмили сифати таълим, истифодаи муассир аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳа ниёз ба таваҷҷуҳи бештар доранд.   Вазири маориф ва илм дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулон ва роҳбарони сохторҳои маориф супориш дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои иловагӣ андешанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    18.10.2025