18.10.2025

18 октябри соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мудирони шубаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои зертобеи соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти томактабии минтақаи Бохтар ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ иброз дошт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи асосӣ — таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддиву техникӣ равона гардидааст.
Зикр шуд, ки таҳкими пояҳои илм ва маориф омили рушди устувори давлат ва ҷомеа буда, масъулон бояд ба раванди таълим бо масъулияти баланд ва муносибати навоварона назар кунанд.
Инчунин, аҳли нишаст аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" изҳори хушнудӣ карданд. Изҳор гардид, ки қабули қонуни мазкур бо дастгириву ғамхории Пешвои муаззами миллат дар ҷалб гардидани мутахассисони тахассусманд ба соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот нақши худро мерасонад.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар чанд соли охир садҳо муассисаи таълимӣ таъмиру таҷҳизонида шуда, омӯзгорон бо шароити беҳтари кор таъмин мегарданд.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода ва сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода вобаста ба татбиқи сиёсати маориф дар минтақаи Бохтар, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим гузориш доданд.
Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ш. Шукурзода оид ба вазъи соҳаи маориф дар ноҳия ва ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои соҳаи маориф маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, ҳанӯз ҳам масъалаҳои такмили сифати таълим, истифодаи муассир аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳа ниёз ба таваҷҷуҳи бештар доранд.
Вазири маориф ва илм дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулон ва роҳбарони сохторҳои маориф супориш дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон