22.12.2025

 img

22 декабри соли 2025 дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – муайянкунандаи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар» баргузор гардид.

 

Ҳамоиши илмӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, бо иштироки муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шаъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф, олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

 

Ҳамоишро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми барномавӣ ва роҳнамои фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илму маориф, хизмат мекунад.

 

Вазир таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир илму маориф дар пешрафти босуботи иқтисодиёти миллии кишварҳои олам нақши меҳварӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати давлатӣ илму маориф дар меҳвар қарор дошта, баҳри вусъати соҳаҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».

 

Дар идомаи ҳамоиш маърузаҳои илмӣ ироа гардида, аз ҷумла, Ш.Дӯстмурод, сармутахассиси раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми вазорат, дар мавзуи «Шарҳи самти иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ», Н. Нурализода, номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», дар мавзуи «Нақши паёмҳои Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати иҷтимоии давлат» ва Б. Сафарзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и вазорат дар мавзуи «Таҳлили ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» баромад намуданд.

 

Зимни баргузории ҳамиош таъкид шуд, ки дар паёмҳои Пешвои миллат ба масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба зиёд карда шудааст ва тибқи пешниҳоди Сарвари давлат, аз 1 сентябри соли 2026 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.

 

Илова бар ин, зимни ҳамоиш масъалаҳои рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, омодасозии мутахассисон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сифати кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Дар ҷамъбаст таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури муҳимми роҳнамо буда, аҳли илму маориф вазифадоранд фаъолияти худро минбаъд низ дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илми муосир ва расидан ба дастовардҳои арзанда саҳми фаъол гузоранд.

  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН: МУКОЛАМАИ СТРАТЕГӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ 18 декабри соли 2025 Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ (Erasmus+ National Big Info Day)-ро баргузор намуд.   Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, намояндагони як қатор сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон, инчунин ташкилотҳое, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди муколамаи стратегӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳкими ҳамкориҳои устувор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буд.   Қабл аз оғози расмии чорабинӣ ярмаркаи иттилоотӣ ва намоишии лоиҳаҳо ташкил карда шуд. Дар он муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият доранд, иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ярмарка фароҳам овардани платформа барои пайдо намудани шарикони нав, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор (stakeholders) ва мубодилаи ғояҳои нав ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар доираи барномаи Erasmus+ буд.   Қисми расмии чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Фердинанд Йенрих ва ҳамоҳангсози миллии Дафтари Erasmus+ дар Тоҷикистон доктор Моҳбону Нахатзода идома ёфт: Дар ҷараёни чорабинӣ самтҳои асосӣ ва имкониятҳои барномаи Erasmus+ муаррифӣ гардида, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла International Credit Mobility, Jean Monnet, Capacity Building in Higher Education (CBHE), рушди микроквалификатсияҳо, инчунин лоиҳаҳо дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва идоракунии хуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Қисми алоҳидаи барнома ба сессияи «Erasmus+ аз нигоҳи хатмкардагон» бахшида шуда, дар он иштирокчиён таҷрибаи шахсӣ, дастовардҳои касбӣ ва таъсири барномаи Erasmus+-ро ба рушди академӣ ва фаъолияти касбии худ иброз намуданд.

    76

    19.12.2025
  •  img
    Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ 18 декабри соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини вазир Восидиён Ф. С. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Такмили низоми амалкунандаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ» баргузор гардид.   Дар оғози ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити ҷаҳони муосир бе доштани кадрҳои соҳибихтисоси сатҳи баланд имконнопазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа равона карда шудааст. Бо вуҷуди пешравиҳои солҳои охир, ниёз ба такмили минбаъдаи ин низом бо назардошти тағйироти ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат рӯз аз рӯз бештар эҳсос мегардад.   Мавриди қайд аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264 «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардидааст.   Дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳо Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм шунида шуд.   Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

    76

    18.12.2025
  •  img
    ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУЛОҚОТ БО РАЁСАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО ШИРКАТИ АКАДЕМИИ «Bright»   17 декабри соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид.   Мазмун ва муҳтавои Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ҳамзамон, санад табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳар ду ҷонибро пешбинӣ менамояд.   Инчунин, давоми ҳамин рӯз вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Федератсияи хизматрасониҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин Федератсия тамоми муассисаҳои таълимии хусусии Камбоҷаро муттаҳид намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим мебозад.   Зимни мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Имзои Ёддошти тафоҳум ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкориҳо дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

    177

    17.12.2025