18.12.2025

 img

18 декабри соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини вазир Восидиён Ф. С. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Такмили низоми амалкунандаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ» баргузор гардид.

 

Дар оғози ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити ҷаҳони муосир бе доштани кадрҳои соҳибихтисоси сатҳи баланд имконнопазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа равона карда шудааст. Бо вуҷуди пешравиҳои солҳои охир, ниёз ба такмили минбаъдаи ин низом бо назардошти тағйироти ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат рӯз аз рӯз бештар эҳсос мегардад.

 

Мавриди қайд аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264 «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардидааст.

 

Дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳо Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм шунида шуд.

 

Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

  • Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ img
  • Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ img
  • Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН: МУКОЛАМАИ СТРАТЕГӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ 18 декабри соли 2025 Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ (Erasmus+ National Big Info Day)-ро баргузор намуд.   Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, намояндагони як қатор сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон, инчунин ташкилотҳое, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди муколамаи стратегӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳкими ҳамкориҳои устувор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буд.   Қабл аз оғози расмии чорабинӣ ярмаркаи иттилоотӣ ва намоишии лоиҳаҳо ташкил карда шуд. Дар он муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият доранд, иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ярмарка фароҳам овардани платформа барои пайдо намудани шарикони нав, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор (stakeholders) ва мубодилаи ғояҳои нав ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар доираи барномаи Erasmus+ буд.   Қисми расмии чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Фердинанд Йенрих ва ҳамоҳангсози миллии Дафтари Erasmus+ дар Тоҷикистон доктор Моҳбону Нахатзода идома ёфт: Дар ҷараёни чорабинӣ самтҳои асосӣ ва имкониятҳои барномаи Erasmus+ муаррифӣ гардида, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла International Credit Mobility, Jean Monnet, Capacity Building in Higher Education (CBHE), рушди микроквалификатсияҳо, инчунин лоиҳаҳо дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва идоракунии хуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Қисми алоҳидаи барнома ба сессияи «Erasmus+ аз нигоҳи хатмкардагон» бахшида шуда, дар он иштирокчиён таҷрибаи шахсӣ, дастовардҳои касбӣ ва таъсири барномаи Erasmus+-ро ба рушди академӣ ва фаъолияти касбии худ иброз намуданд.

    21

    19.12.2025
  •  img
    ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУЛОҚОТ БО РАЁСАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО ШИРКАТИ АКАДЕМИИ «Bright»   17 декабри соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид.   Мазмун ва муҳтавои Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ҳамзамон, санад табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳар ду ҷонибро пешбинӣ менамояд.   Инчунин, давоми ҳамин рӯз вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Федератсияи хизматрасониҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин Федератсия тамоми муассисаҳои таълимии хусусии Камбоҷаро муттаҳид намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим мебозад.   Зимни мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Имзои Ёддошти тафоҳум ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкориҳо дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

    121

    17.12.2025
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №31-И НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни раванди таълиму тарбия, сифати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон ва шароити моддию техникии муассиса шинос гардид.   Зимни боздид вазири маориф ва илм бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбати озод анҷом дода, аз сатҳи дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин, ба омӯзгорон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои муосири омӯзиш ва ҷалби хонандагон ба фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.   Бахусус, вазир вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дирӯз, 16 декабр ироа гардид ва ҷомеаи кишвар, аз ҷумла, аҳли маориф таҳти таъсири нуктаҳои муҳимми он қарор доранд, суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мазмуни Паём роҳнамо барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф ба шумор меравад.   Вазир таъкид намуд, ки Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёми худ иброз доштаанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».   Дар идома вазир изҳор дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии кадрҳои соҳа, маоши омӯзгорон боз ҳам 25 фоиз зиёд мегардад, ки ин иқдом бозгӯи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли маориф мебошад.   Дар фарҷоми боздид, вазир таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф бояд дар ҷавоб ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба касб ва фаъолияти пурсамар кору фаъолият намуда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва босавод саҳми арзандаи худро гузоранд.

    100

    17.12.2025