29.04.2025

 img

29 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаромӯрз Раҳмонзода, кормандони достгоҳи марказии вазорат ва дигар шахсони масъул чорабинии махсус оид ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

 

Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва тарғиби фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин дигар зерсохторҳои тобеи вазорат баргузор шуд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ иброз дошт, ки муборизаи муассир бо коррупсия тақозо менамояд, ки дар тамоми зинаҳои низоми маориф шаффофият, адолат ва эҳтироми қонун тақвият дода шавад. Амалҳои коррупсионӣ на танҳо ба иқтисод, балки ба эътимоди мардум нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд, аз ин рӯ мо, кормандони соҳаи маориф бояд намунаи ибрат бошем.

 

Ҳамчунин қайд гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва одоби касбӣ бояд ба як унсури ҷудонашавандаи фаъолияти омӯзгорону кормандони соҳа табдил ёбад.

 

Сипас, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи агентӣ дар суханронии худ зикр кард, ки тарбия ва маърифати зиддикоррупсионӣ бояд аз муҳити таҳсил оғоз гардад, зеро мактаб ва донишгоҳ муҳимтарин пойгоҳи ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошанд. Инчунин, аз ҷониби мавсуф таъкид гардид, ки агентӣ омодааст дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиш, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

 

Дар анҷоми чорабинӣ зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия минбаъд низ ҷиҳати таҳкими руҳияи поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва шаффофият дар тамоми сатҳҳои соҳаи маориф тадбирҳои иловагӣ меандешад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ img
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НАВ: ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ BRAINIACS Аз 24 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs баргузор гардид. Дар ин Олимпиада кишвари моро 117 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар муаррифӣ намуданд, ки аз ин шумора 12 нафар сазовори медали тило, 12 нафар сазовори медали нуқра ва 36 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.   Олимпиадаи мазкур сатҳи миёна буда, аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва зеҳни сунъӣ миёни хонандагони 50 давлати дунё баргузор карда шуд.   Иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назарраси хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаҳои байналмилалӣ гувоҳи равшани сатҳи баланди омодагии онҳо ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф мебошад.   Бояд қайд кард, ки Олимпиадаи Brainiacs майдоне барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷриба миёни иштирокдорон аз кишварҳои гуногун ва мусоидат ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои нав дар байни насли наврас буда, барои омодашавии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи баланд заминаи мусоидро фароҳам меорад.   Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    46

    30.04.2025
  •  img
    ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚУ ТАБИАТШИНОСӢ: НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА 30 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040” баргузор гардид.   Ҷаласа бо мақсади таҳлили муфассали марҳалаи амалӣ гардидани ин иқдоми муҳим ва баррасии натиҷаву вазифаҳои минбаъда дар самти рушди фанҳои мазкур дар низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ роҳандозӣ гардид.   Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода дар суханронии худ таъкид кард, ки татбиқи пайгиронаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии сиёсати маориф буда, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими базаи моддию техникии омӯзиши фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос дар ин самтҳо вазифаи ҷонии сохторҳои марбута мебошад.   Дар идома, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, аз ҷумла, иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳияи маводи таълимӣ, дастури методӣ, баргузории семинару омӯзишҳо ва дигар тадбирҳои тақвиятбахш корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд. Номбурда инчунин ба зарурати боз ҳам фаъолтар гардидани ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор ва пайваста нигоҳ доштани рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муҳити таҳсил таъкид намуд.   Иштирокчиёни чорабинӣ атрофи масъалаҳои марбут ба таъмини кадрҳо, такмили барномаҳои таълимӣ, таҷдиди методикаи омӯзиш ва ҳамкории муассисаҳо мубодилаи афкор анҷом дода, барои беҳтар намудани вазъи амалисозии ин иқдом пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.   Дар анҷоми ҳамоиш зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илм минбаъд низ ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи ин барнома ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    12

    30.04.2025
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ "ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2025" Имрӯз, (30.04.2025) дар толори китобхонаи Донишкада даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун ректори Донишкада - Наврӯз Мирзозода, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Ректори Донишкада иброз намуд, ки яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа имкон дод, ки ҳазорон нафар донишҷӯён, муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илм дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши худро гузоранд. Аз ҷумла, имрӯз ҷамъбасти даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон" бори дигар нишон дод, ки омӯзгорону навовару эҷодкор кӯшиш менамояд, маҳорату малакаи худро нишон дода, дар давраҳои минбаъдаи озмун сабқат намоянд. Рафти озмун шаффоф ва тибқи талаботҳои Низомномаи озмун баргузор гардид, ҷиҳати фаъолияти довталабон ва ҳакамон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардиданд. Дар рафти озмун вазири маориф ва илм муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бевосита ташриф оварда бо довталабон суҳбат анҷом дода, ҷиҳати дастгириҳои давлату ҳукумат оид ба мактабу маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа андешаронӣ намуданд.   Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ намуда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон" ғолиби даври минтақавиро эълон намуданд.   Ҳамин тавр, Неъматов Ҷамшед-омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Варзоб дар рафти озмун малака ва маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал дониста шуда, барои сабқат ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда шуд.   Ба довталабон Бобиев Маҳмадрасул – омӯзгори фанни математикаи МТМУ №182 ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарифов Фирдавс – омӯзгори фанни географияи МТМУ №3 ноҳияи Рашт пешниҳод карда шуд, ки ҳамчун омӯзгорони ҳамкор дар Донишкада фаъолият намоянд.   Ҳамзамон, иброз гардид, ки таҷрибаи ҳамаи довталабон ҳамчун омӯзгорони таҷрибаи пешқадам мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар семинару омӯзишҳо ва тренингҳои Донишкада ҷалб карда мешаванд.   Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 27-уми апрел оғоз шуда, дар давоми се рӯз иштирокчиён аз руйи шаш шарт маҳорати худро санҷиданд.

    7

    30.04.2025