30.04.2025

Имрӯз, (30.04.2025) дар толори китобхонаи Донишкада даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун ректори Донишкада - Наврӯз Мирзозода, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Ректори Донишкада иброз намуд, ки яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа имкон дод, ки ҳазорон нафар донишҷӯён, муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илм дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши худро гузоранд. Аз ҷумла, имрӯз ҷамъбасти даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон" бори дигар нишон дод, ки омӯзгорону навовару эҷодкор кӯшиш менамояд, маҳорату малакаи худро нишон дода, дар давраҳои минбаъдаи озмун сабқат намоянд. Рафти озмун шаффоф ва тибқи талаботҳои Низомномаи озмун баргузор гардид, ҷиҳати фаъолияти довталабон ва ҳакамон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардиданд. Дар рафти озмун вазири маориф ва илм муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бевосита ташриф оварда бо довталабон суҳбат анҷом дода, ҷиҳати дастгириҳои давлату ҳукумат оид ба мактабу маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ намуда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон" ғолиби даври минтақавиро эълон намуданд.
Ҳамин тавр, Неъматов Ҷамшед-омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Варзоб дар рафти озмун малака ва маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал дониста шуда, барои сабқат ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда шуд.
Ба довталабон Бобиев Маҳмадрасул – омӯзгори фанни математикаи МТМУ №182 ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарифов Фирдавс – омӯзгори фанни географияи МТМУ №3 ноҳияи Рашт пешниҳод карда шуд, ки ҳамчун омӯзгорони ҳамкор дар Донишкада фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки таҷрибаи ҳамаи довталабон ҳамчун омӯзгорони таҷрибаи пешқадам мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар семинару омӯзишҳо ва тренингҳои Донишкада ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 27-уми апрел оғоз шуда, дар давоми се рӯз иштирокчиён аз руйи шаш шарт маҳорати худро санҷиданд.