БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ”

04.12.2024

4-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи платформаи ҳамоҳангсозии “Таъмини об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои таълимӣ” бо иштироки Дилшод Сафарзода - муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.

 

Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъмини хонандагонро бо оби нӯшокӣ ва гигиена боиси рушди зеҳниву ҷисмонии кӯдакон унвон кард.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои актуалии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2024 - 2026» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми марказӣ тибқи ваколатҳои худ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, хусусан Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба ҳадафҳои гузошташуда ноил шавад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар қисмати аввали маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.   Тавре таъкид гардид, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад.   Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.   Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 - 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.   Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 - 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.   Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.   Дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 млрд. сомонӣ ва Хадамоти гумрук 106,8 фоиз ё 9,7 млрд сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 млрд. 18 млн. сомонӣ ва 618 млн. сомонӣ зиёд мебошад.   Зикр гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд мебошад.   Сарвазири кишвар иброз доштанд, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳаи саноат 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.   Соли 2024 дар ҳудуди кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд.   Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар соли сипаришуда корҳо дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 млрд. доллар ба роҳ монда шуд.   Соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 74 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он ба 10,6 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ 13,4 фоиз ва чорводорӣ 4,9 фоиз баробар гардид.   Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.   Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2024 ба кишвар 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.   Дар соли 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар 90 адад ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 млрд. сомониро ташкил намуд.   Дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ соли 2024 гардиши савдо 13,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 65,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.   Сарвазири кишвар изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27 муассиса зиёд мебошад. Шумораи марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бошад, дар ин давра 503 адад зиёд шудааст.   Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 273 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардид. Дар маҷмуъ 2 миллиону 357 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд.   Соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.   Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,7  млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 - 12,6 фоиз зиёд мебошад.   Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.   Давоми соли 2024 бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22,5 ҳазор нафар ба намудҳои гуногуни шуғл таъмин гардиданд.   Дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.   Тавре зикр гардид, пешравиҳо дар самти рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқ ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соли 2024 1,4 млн. сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.   Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифатӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ тақвият дода шуд.   Бахусус баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” аз қабили руйдодҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.   Дар идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

    145

    17.01.2025
  •  img
    Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.   Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.   Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда мешаванд.

    144

    17.01.2025
  •  img
    Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри Миллат идома ёфт.   Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”.   Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”.   Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.   Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.   Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолењи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд.   Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон  160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2  баробар афзоиш ёфт.   Фаъолгардонии бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, кори мунтазами Шўро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 ва Нақшаи роҳи он муҳим дониста шуд.   Ба зарурати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тавсеаи минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ ангезаи муҳимми қаробату наздикии бештари ду ҷониб арзёбӣ карда шуд.    Ду ҷониб таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву фарҳангиро муҳим дониста,  алоқамандии худро ба роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз доштанд.   Табодули андешаҳо, ҳамчунин, атрофи мавзӯъҳои гуногуни ҳамкорӣ доир ба масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯст ҷараён гирифт. Дар ин робита зарурати ҳамкории ҳамоҳанг дар минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберӣ таъкид карда шуд.

    145

    16.01.2025