05.12.2025
Анушервон Раҳимов-донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара буда, ғолиби Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид.
– Дар оғоз дар хусуси иштирок дар озмун ва роҳнамоии устодону аҳли оила чанд сухан мегуфтед.
– Ман дар оилае ба воя расидам, ки китоб ҳамеша қисми муҳимми зиндагиамон мебошад. Волидонам аз хурдӣ маро ба мутолиа ташвиқ намуда, ҳамеша китобҳои ҷолиб меоварданд ва барои ҳар саҳифае, ки мехондам, таҳсин мекарданд. Дастгирии устодони донишгоҳ низ нақши калидӣ дошт. Онҳо маро роҳнамоӣ мекарданд, ки кадом асарҳоро мутолиа кунам, мазмуну муҳтавои асарҳоро дарк созам ва барои иштирок дар озмун чӣ тавр омодагӣ бинам. Ҳамин муҳити пур аз меҳру дастгирӣ маро ба дунёи китоб ва саҳнаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ворид кард.
– Шавқу рағбати омӯзиши адабиёти классик дар шумо чӣ гуна пайдо шуд?
– Аз кӯдакӣ дар дилам меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик вуҷуд дошт. Вақте аввалин бор ашъори Рӯдакӣ ё байтҳои ҳикматбори Саъдии Шерозиро хондам, дунёи нав бароям кушода шуд. Ҳар саҳифа, ҳар байт ва ҳар достон барои ман дарси ҳаёт, ахлоқ ва роҳе буд барои муваффақият. Осори адибони классикон маро бештар ба фикр кардан водор мекарданд. Ҳикмати оламгири Ҳаким Фирдавсӣ, латофати сухани Ҷомӣ, инсондӯстию фалсафаи Саъдӣ – ин ҳама маро ба он водор кард, ки на танҳо мутолиа кунам, балки ҳар андешаашонро барои зиндагии худ истифода барам. Аз ҳамин хотир, ҳар қадар мутолиа намоям, ҳамон андоза хоҳишам пайдо мешавад, ки бештар бифаҳмам, умқи маъниҳоро дарёбам.
– Осори кадом адибон ба шумо бештар таъсир гузоштааст?
– Аз миёни адибони классик ба ашъори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ ва Камоли Хуҷандӣ бештар майл дорам. Осори ин бузургони сухан куллан фарқ доранд ва хонданиву ҷаззобанд. Махсусан, Ҳаким Фирдавсӣ дарси ҷасорат, ватандӯстӣ ва инсонгароиро ба мо меомӯзад. Осори Саъдии Шерозӣ бошад, бо ҳикматҳои рӯзгор, ахлоқи инсонӣ ва инсондӯстӣ ҳамеша роҳнамои мост. Мавлоно Ҷомӣ бо ишқу маърифат ва меҳру нафосати суханаш касро ба олами маънӣ ворид месозад. То имрӯз садҳо ғазал, рубоӣ, байт ва достонҳоро аз ин адибон аз бар кардам. Маҳз ҳамин таъсири амиқ буд, ки муҳаббати ман ба адабиёти классик бо гузашти солҳо бештар мешаванд.
– Барои дастрасӣ ба осори классикӣ ба мушкилие рӯ ба рӯ мешудед?
– Бештари осорро аз китобхонаҳои донишгоҳ, китобхонаи ноҳия, инчунин, аз китобхонаи шахсии хеш дастарам намуда, мутолиа мекардам. Албатта, солҳои аввал дастрасӣ ба баъзе китобҳо каме мушкил буд, зеро на дар ҳама китобхонаҳо номгӯи китобҳои дар низмомнома буда мавҷуд аст. Баъзе китобҳо танҳо дар нашрҳои куҳна вуҷуд доранд ва пайдо кардани онҳо вақти зиёдро талаб мекунад.
Бо гузашти вақт вазъият беҳтар шуд. Ҳоло китобхонаҳои электронӣ, нашрияҳои нав ва ҳатто мағозаҳои китобфурӯшӣ ба хонандагон имкони васеъ фароҳам оварданд. Дар бисёр ҳолат осореро, ки қаблан меҷӯстам, имрӯз дар шакли электронӣ зуд пайдо мекунам. Ҳар бор китобе меёфтам, ки муддати дароз ҷустуҷӯяшро мекардам, худро мисли шахсе эҳсос мекардам, ки ганҷинаи амволашро боз ёфта бошад.
Дар ин роҳ дастгирии устодон ва дӯстдорони китоб низ бебаҳост. Онҳо китобҳое, ки ба ман лозим буд, ҷуста меёфтанд ва маслиҳат медоданд, ки аз кадом нусхаҳо бештар истифода барам, кадоме аслӣ ва пурра мебошад. Ҳамин тавр, ҳар китобе, ки ба даст меомад, барои ман танҳо як матн набуд – роҳе буд ба сӯйи ҷаҳонбинии бузургону гузаштагон.
– Баъди ғолиби Шоҳҷоиза гардидан чӣ эҳсос доштед?
– Вақте номи маро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоиза эълон карданд, ҳис кардам, ки ҳамаи заҳматҳо ва кӯшишҳои панҷсолаи ман натиҷа доданд. Аввал, эҳсоси сипос ба оила, устодон ва ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд, дар дилам садо дод. Баъдан, эҳсоси масъулият: ман водор ҳастам, ки дониш ва муҳаббати худро ба китоб бештар биафзоям ва ба ин ҷоиза шоиста муносибат кунам. Ин ғалаба барои ман танҳо мукофот нест, рамзи он аст, ки ҳар кас агар бо меҳр, саъю талош ва сабр ба сӯйи мақсадаш равад, ҳатман ба он мерасад. Шоҳҷоиза ба ман қуввату неруи нав дод, ки бо ҷиддияти бештар ба таҳқиқ ва омӯзиши адабиёти классик машғул шавам ва дар ин ҷода қадамҳои устувортар гузорам.
– Нақши озмунро дар рушди фарҳанги китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” танҳо як рақобати зеҳнӣ нест, балки як мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва муҳаббат ба китоб аст. Ин озмун садҳо наврасу ҷавонро водор месозад, ки ба китоб рӯ оваранд, мутолиа кунанд, фикр кунанд ва ҷаҳонбинии худро густариш диҳанд. Озмуни мазкур муҳитеро фароҳам сохт, ки дар он китобу маърифату сухан қимат пайдо кард. Барои ман ин озмун боз як чизи дигарро низ эҳдо бахшид: дӯстони нав, ҳамфикрон ва шахсоне, ки ба китоб муҳаббат доранд. Мо бо ҳам таҷриба мубодила мекунем, китоб тавсия медиҳем, баҳсу гуфтугӯ мекунем ва ҳамин гуна дунёи фикриамон боз ҳам васеътар мешавад. Ин озмун фарҳанги китобхониро густариш бахшид, диққати наврасону ҷавононро ба арзишҳои маънавӣ равона намуд ва мушаххас кард, ки китоб калиди муваффақият дар зиндагист.
Сумая ЮСУПОВА,
«Омӯзгор»