07.07.2026

 img

7 июли соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми авазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони Ширкати zypl.ai баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илм ва Ширкати zypl.ai ба имзо расид, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи қарорҳо, маҳсулот ва маводи таълимӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бахшида шуд.

 

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилоти умумӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, омодасозии омӯзгорон ва истифодаи масъулонаи технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оғози марҳилаи нави рушди таҳсилоти рақамӣ ва омода намудани хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ ба талаботи ҷаҳони муосири рақамӣ мебошад.

 

Таъкид гардид, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз самтҳои муҳимми рушди илму техника, иқтисод, идоракунӣ, тандурустӣ, саноат ва маориф табдил ёфта, омӯзиши он барои хонандагон аҳаммияти стратегӣ дорад. Дар шароити муосир хонандагон бояд аз технология истифода бурда, моҳият, имкониятҳо, маҳдудиятҳо, хатарҳо ва қоидаҳои истифодаи бехатари онро дуруст дарк намоянд.

 

Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ бояд ба таври илмӣ, методӣ ва марҳилавӣ, бо дарназардошти шароити воқеии муассисаҳои таълимии кишвар, сатҳи омодагии омӯзгорон, имкониятҳои инфрасохторӣ ва хусусиятҳои муҳити миллии таълим амалӣ карда шавад. Дар ин раванд истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар баробари мутобиқсозии маводи таълимӣ ба талаботи низоми миллии маориф муҳим арзёбӣ гардид.

 

Дар доираи ҳамкорӣ бо Ширкати zypl.ai таҳияи барномаи намунавии таълимӣ аз самти зеҳни сунъӣ, омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, дафтарҳои амалӣ, маводи рақамӣ ва меъёрҳои баҳогузорӣ, инчунин ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва хонандагон, омодасозии тренерон, таҳияи нақшаҳои дарсӣ ва тавсияҳои методӣ дар назар дошта шудааст.

 

Таъкид карда шуд, ки маводи таълимӣ бояд бо забони давлатӣ ва бо истифода аз мисолҳои содаву фаҳмо, ки ба муҳити зиндагии хонандагони тоҷик наздик мебошанд, таҳия карда шавад. Ҳадаф аз ин раванд он аст, ки хонандагон зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи муосири омӯзиш, таҳлил ва эҷодкорӣ дуруст дарк намуда, онро бо масъулият истифода баранд.

 

Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи ҳуқуқи муаллиф, шаффофият ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ дар муҳити таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки зеҳни сунъӣ набояд ҷойгузини дониш, тафаккур ва масъулияти инсон гардад, балки ҳамчун воситаи ёрирасон дар раванди таълим истифода шавад.

 

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаи ташкили озмунҳо, олимпиадаҳо, чорабиниҳои маърифатӣ, вохӯриҳо бо падару модарон ва таҳияи маводи иттилоотӣ баррасӣ гардид. Ба андешаи иштирокчиён, чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани фарҳанги рақамии ҷомеа ва ташаккули муносибати масъулона нисбат ба истифодаи технологияҳои нав мусоидат хоҳанд кард.

 

Қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ бо Ширкати zypl.ai бо сиёсати давлатии рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳамоҳанг буда, ба рушди салоҳиятҳои рақамии омӯзгорону хонандагон, таҳкими тафаккури таҳлилӣ, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии сармояи инсонӣ равона шудааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ШИРКАТИ ZYPL.AI ДАР САМТИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАҲСИЛОТ img
  • ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ШИРКАТИ ZYPL.AI ДАР САМТИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАҲСИЛОТ img
  • ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ШИРКАТИ ZYPL.AI ДАР САМТИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАҲСИЛОТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар муассисаҳои таълимии томактабии №4, №5, №8, №12, №15, №17, №40, №41, №45, №59, №78, №110, №121 ва №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.   Бо мақсади таҳкими саломатии кӯдакон, ташкили истироҳат ва фароғати шавқовар дар муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳо, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифату серғизо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар давраи солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.   Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, раванди мазкурро зери назорати доимӣ қарор додааст.

    10

    16.07.2026
  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026 Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.    Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:   •  Мамуров Муҳаммадёсин;   •  Қодиров Аъзам;   •  Амиров Муҳаммадамин;   •  Маюсупов Хусрав;   •  Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.   Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.   Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.

    11

    15.07.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ВАЗОРАТ: НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, директорони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва Президентӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.   Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.   Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи минбаъдаи соли 2026 муайян карда шуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    108

    14.07.2026