14.07.2025

 img

14 июли соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар шаш моҳи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо то охири сол муайян гардиданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаҳои вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун бахши калидии сиёсати иҷтимоии давлат таъмин гардида, дар ҳамаи самтҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд.

 

Гуфта шуд, ки сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, ду сафари охири Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд, бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии давлат ба соҳаи маориф буда, зимни ин сафарҳо даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба истифода дода шуда, муҳити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас фароҳам оварда шуд.

 

Таъкид гардид, ки дар баробари таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбари давлат мо вазифадорем, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо масъалаҳои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани бештари кӯдакон, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, такмили инфрасохтори таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимиро ҳадафмандона бартараф намоем.

 

Дар қисмати музокираҳо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Миёншо Назаршоев Комилбек Амид ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кучарзода Ҳусния суханронӣ намуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи шашмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Дар қисмати ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастовардҳо моро зарур аст, масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии зич дорад, вазифаи ҷонии ҳар корманди соҳа ба шумор меравад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ img
  • ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ img
  • ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави тарабхонаи “Кайҳон” дар шаҳри Бӯстон 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати Маҷмааи муосири “Кайҳон”-и ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои нави тарабхонаро  ифтитоҳ намуданд.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.   Иншооти навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.   Дар ошёнаи якуми бинои муосир ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷойи нишаст фароҳам гардидааст. Инчунин бинои навбунёд дорои таҳхона барои нигоҳдории маҳсулот ва айвони калону барҳаво мебошад.   Хизматрасонӣ дар тарабхонаи Маҷмааи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки давоми 24 соат мизоҷон метавонанд аз он истифода намуда, истироҳати худро комил гардонанд.   Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом мулоқот намуданд.   Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ бенасибшуда бозгӯ аз маариди таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад.   Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ, саривақтӣ ва муассир меандешад.   Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Пешвои миллат барои ятимон хони пурнозу неъмат ороста гардида, ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Туҳфаҳо аз сару либос ва лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва кумакҳои пулӣ иборат буд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бобати нигоҳубини хуби ятимон дастуру тавсияҳо дода, худи онҳоро ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

    56

    13.07.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА, АТТЕСТАТИ АЪЛОИ РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА Имрӯз, 13 июли соли 2025 дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.   Маросимро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, довталабони озмунро ба муносибати ба даст овардани ғолибият самимона табрик ва таҳният гуфт. Зимни суханронии худ вазир таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо самараи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.   Зикр гардид, ки дар доираи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, тайи солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд ва азнавсозӣ гардида, низоми таълим бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин ҳама барои дарёфти истеъдодҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 нафар довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд, аз ҷумла: 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло; 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло; 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра; 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло; 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.   Дар идомаи маросим ба ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.   Ҳамчунин хонандагон, волидайн ва омӯзгорон эҳсосоти хурсандии худро баён намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушду нумуи қобилиятҳои ҷавонон изҳори сипос карданд. Онҳо ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффофият ва сатҳи баланди баргузории озмун миннатдорӣ намуданд.

    71

    13.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.   Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид.   Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст.   Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст.   Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст.   Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали таҳсилот ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ муҳим мебошад, масъулинро вазифадор намуданд.

    48

    12.07.2025