12.07.2025

 img

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.

 

Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид.

 

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст.

 

Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст.

 

Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст.

 

Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали таҳсилот ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ муҳим мебошад, масъулинро вазифадор намуданд.

  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави тарабхонаи “Кайҳон” дар шаҳри Бӯстон 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати Маҷмааи муосири “Кайҳон”-и ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои нави тарабхонаро  ифтитоҳ намуданд.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.   Иншооти навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.   Дар ошёнаи якуми бинои муосир ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷойи нишаст фароҳам гардидааст. Инчунин бинои навбунёд дорои таҳхона барои нигоҳдории маҳсулот ва айвони калону барҳаво мебошад.   Хизматрасонӣ дар тарабхонаи Маҷмааи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки давоми 24 соат мизоҷон метавонанд аз он истифода намуда, истироҳати худро комил гардонанд.   Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом мулоқот намуданд.   Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ бенасибшуда бозгӯ аз маариди таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад.   Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ, саривақтӣ ва муассир меандешад.   Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Пешвои миллат барои ятимон хони пурнозу неъмат ороста гардида, ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Туҳфаҳо аз сару либос ва лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва кумакҳои пулӣ иборат буд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бобати нигоҳубини хуби ятимон дастуру тавсияҳо дода, худи онҳоро ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

    36

    13.07.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА, АТТЕСТАТИ АЪЛОИ РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА Имрӯз, 13 июли соли 2025 дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.   Маросимро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, довталабони озмунро ба муносибати ба даст овардани ғолибият самимона табрик ва таҳният гуфт. Зимни суханронии худ вазир таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо самараи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.   Зикр гардид, ки дар доираи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, тайи солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд ва азнавсозӣ гардида, низоми таълим бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин ҳама барои дарёфти истеъдодҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 нафар довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд, аз ҷумла: 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло; 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло; 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра; 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло; 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.   Дар идомаи маросим ба ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.   Ҳамчунин хонандагон, волидайн ва омӯзгорон эҳсосоти хурсандии худро баён намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушду нумуи қобилиятҳои ҷавонон изҳори сипос карданд. Онҳо ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффофият ва сатҳи баланди баргузории озмун миннатдорӣ намуданд.

    46

    13.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.   Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии  кӯдакон фароҳам оварда шудааст.   Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.   Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзишӣ ва таълимгоҳ барои гузаронидани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари мактаб мебошад.   Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич беш аз 78 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 41 454 хонанда фаъолият дорад.   Инчунин, дар ин рӯз толори варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар маркази ноҳияи Деваштич ба фаъолият оғоз намуд.   Иншооти варзишӣ дорои толори варзишӣ бо зиёда аз 250 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои корию либосивазкунӣ мебошад. Ҷавонон имкон доранд, ки дар толори варзишӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш машғул шаванд.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ дар ҳудуди ноҳия 78 майдоначаи варзиш, 29 толори варзиш ва 1 маҷмааи варзиш фаъолият менамояд.    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисонро ба истифода доданд.   Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ду ошёна, 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 50 коргар иборат мебошад.   Бинои мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб бо тарҳи муосир сохта шудааст.   Дар иншоот барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.   Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи корӣ қарор дода, фаъолияти хешро ҷоннок менамоянд  ва дар ободонӣ ва таҳкиму суботи кишвар саҳми муассир мегузоранд.

    27

    12.07.2025