31.10.2025
Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассомиддинзода Шарофиддин, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии озмун аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамъ 75 нафар иштирок намуд.
Озмун дар доираи амалӣ намудани "Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кўдаконаи экологӣ дар самти омўзиши табиати диёри азиз, бунёдкорӣ, инкишофи шахсияти эҷодкор ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавӣ аз рўи се номинатсия:
– ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, коркарди дубора аз партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти «Нозирони сабз»;
- намоиши маводҳои видеоӣ оид ба кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист дар маҳалли зист ё муассисаи таълимӣ;
-ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзўи муҳити зист ва экология баргузор гардид.
Зимни суханронии хеш қайд гардид, ки ки дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошад.
Дар робита бо ин, дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод аз қабили Наврўзи аҷам, Меҳргон, Тиргон, Сада аз нав эҳё гардида, барои минбаъд ҳам ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Бисёр хурсандибахш аст, ки иди аҷдодии Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон дар яке аз фаслњои зебои табиат - тирамоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Тирамоҳ фаслест рангину пурбаракату зебо, аз ин рӯ хуҷастагиҳову зебоиҳои онро бештар адибону шоирон сутудаанд. Тирамоҳ фасли қазоватҳост, фаслест, ки деҳқон ҳосили тухми кошта, ҳосили заҳмати худро мебинад. Тирамоҳ ҷамъбаст ва подоши ҳама ҳунарҳову заҳматҳои инсон аст.
Бешубҳа баргузории чунин озмун дар нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии наврасон нақши муҳиме дорад.
Дар ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон – намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчӣ баҳои холисона дода шуда, ғолибони он бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳавасманд гардонида шуданд.