30.10.2025
Ӯ ҳангоми таҳсил дар синфи 11 якчанд касбҳоро интихоб карда буд. Нахуст табиб шудан орзуяш буд, вале рафтор, гуфтор, кирдор ва равиши дарсгузарии муаллими фанни биология боис шуд, ки ба пешаи омӯзгорӣ шавқманд шаваду ин пешаро дар оянда интихоб кунад.
- Маҳз усулҳои дарсгузарӣ, рафтори ҳалим ва модаронаи ин омӯзгор сабаб шуд, то эҳсос ва дарк намоям, ки омӯзгорӣ касбест пуршараф ва масъулиятест басо бузург. Аз ин рӯ, хостам, ки омӯзгор шуда, дар тарбия ва дар баланд бардоштани донишҳои биологии хонандагон саҳм гузорам, –мегӯяд ӯ.
Ба гуфтааш омӯзгор бояд шахсе бошад намуна ва босавод: “Омӯзгор бояд дорои хислатҳои хуби инсонӣ, намунаи ибрат барои дигарон аз лиҳози ахлоқ ва дониш бошад. Баъдан омӯзгор тамоми хислатҳои хубро дар вуҷуди шогирдонаш бояд тарбият кунад, аз технологияи рақамии ҳозира бохабар бошаду дар раванди дарс аз онҳо истифода карда тавонад. Барои оне, ки дарс шавқовар бошад, омӯзгор бояд аз усулҳои гуногуни таълим истифода намояд ва методҳои ҷолибро ба дарс дохил кунад.”
Ӯ таъкид дошт, ки омӯзгор будан барояш ҳама чиз асту ошиқи он аст, ки бо насли наврас сару кор мегирад ва ба зиёд гаштани донишҳои онҳо мусоидат менамояд. Дар оғози кор шавқу завқи хонандагон ба фанни биология ӯро бештар илҳом мебахшид.
- Аз тарафи дигар машғул будан дар таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар рушду нумӯи ҷомеа маро руҳбаланд мекард, - зикр мекунад ӯ.
Мо атрофи Ҳусейн Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе ҳарф мезанем, ки ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Ӯ мухтасар доир ба ғолибияти худ чунин гуфт:
- Тули 5 сол аст, ки барои ин озмун тайёрӣ медидам ва орзу доштам, ки рӯзе ғолиби он гардам. Дар ин озмун ҳамаи лаҳзаҳо ҳассос ва фаромӯшнашаванда буданд. Махсусан, лаҳзае, ки ғолибро эълон менамуданд ва фаҳмидам, ки тамоми меҳнату заҳмати кашидаам самара доданд, ба назарам он лаҳза ҳамаи ҳиссиёт басо ногуфтанист. Ин ғолибият бароям қадру манзалати зиёд дорад.
Ҳусейн атрофи қадрдонӣ ва дастгирии омӯзгорон аз ҷониби давлат ва ҷомеа чунин иброз намуд:
- Имрӯзҳо барои ҳавасманд ва муайян намудани омӯзгорони эҷодкор дар ҷумҳурӣ озмунҳои зеҳнӣ ва соҳавӣ ташкилу баргузор карда мешаванд, инчунин барои ғолиб шудани шогирдон дар олимпиадаҳои фаннӣ омӯзгорон низ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд, ки барои дастгирии омӯзгорони ҷавон имкони хубест. Агар омӯзгор эҷодкору навовар ва ба касби худ содиқ бошад, ҳам дар ҷомеа қадр пайдо мекунаду ҳам маоши хуб мегирад. Аз сӯи дигар, мо шоҳиди онем, ки сол ба сол маоши омӯзгорон баланд шуда истодааст ва қонунҳои нав барои баланд бардоштани обрӯю эътибори омӯзгор таҳия шуда истодаанд, ки бидуни шак аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба ин соҳа дарак медиҳад. Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” метавонад мақому мартабаи омӯзгорро бори дигар дар ҷомеа баландтар бардорад. Мо-ҷавононро лозим аст, ки дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо фаъолияти худро беҳтар созем.
Ӯ зикр кард, ки яке аз муваффақиятҳои омӯзгор ин пеш аз ҳама тайёр намудани шогирди хуб ва ҷойгузини худ кардани ӯст.
- Инчунин, омӯзгори муваффақ онеро гуфтан мумкин аст, ки шогирдонашро дар руҳияи худогоҳӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ тарбият менамояд ва ҳамроҳ бо шогирдонаш таъми ғолибияти онҳоро мечашад, - илова намуд Ҳусейн.
Қаҳрамони мо мегӯяд, барои нигоҳ доштани руҳияи мусбат дар синф амалҳои зиёде аст ва он аз маҳорату малакаи ҳар як омӯзгор вобастагии калон дорад.
- Омӯзгор бо хонандагон бояд боэҳтиромона ва бо саб-ру таҳаммул муносибат кунад. Ҳангоми хато ё камбудӣ ба ҷойи интиқод онҳоро роҳнамоӣ кунад. Онҳоро бодиққат гӯш кардан лозим, то мушкилашонро фаҳмем ва нишон диҳем, ки эҳсосоти онҳо ва фикру мулоҳизаашон барои мо хело муҳим аст, - таъкид дошт номбурда.
Зимни суҳбат аз ӯ пурсон гаштем, ки кадом арзишҳоро мехоҳад ба хонандагон омӯзонад?
- Ман дар навбати аввал дар хонандагон арзишҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ғамхорона рафтор намудан бо табиат ва муҳити зисти худро тарбият мекунам, - мегӯяд ӯ.
Ҳусейн ба суоли кадом усулҳои инноватсиониро истифода мебарад, то фанни биологияро барои хонандагон шавқовар гардонад, чунин ҷавоб дод:
- Истифодаи усулҳои инноватсионӣ барои хонандагон нақши муҳим дорад. Барои мисол методи таҳқиқотӣ (пажӯҳишӣ), ки ба шогирдон имконият медиҳад, ки мустақилона маълумот ҷамъ кунанд, таҳлил намоянд ва хулоса бароранд. Гузаронидани таҷрибаҳои сода дар синф ё хона, лоиҳаҳои гурӯҳӣ оид ба мавзуъҳои экологӣ ва генетика. Технологияҳои рақамӣ биологияро хеле ҷолибтар месозанд: видеоҳо ва аниматсияҳо (масалан, механизми нафаскашӣ, гардиши хун). Инчунин, озмунҳо, лоиҳаҳои илмии синфӣ ва мактабӣ (масалан, сохтани модели ҳуҷайра). Омӯзиши масъалаҳои муҳити зист ва пешниҳоди роҳҳои ҳал. Истифодаи усулҳои инноватсионӣ биологияро аз як фанни назариявӣ ба фанни зинда ва шавқовар табдил медиҳад. Онҳо на танҳо донишро амиқтар мекунанд, балки маҳоратҳои таҳлилӣ, эҷодӣ ва ҳамкориро низ миёни хонандагон инкишоф медиҳанд.
Ӯ ёдрас шуд, ки барои ҷалб кардани хонандагон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, махсусан биология, талаб карда мешавад, ки омӯзгор роҳҳои шавқовар, фаҳмотар ва наздик ба ҳаёти воқеиро истифода барад.
- Дар асоси таҷрибаи омӯзгорӣ, чанд роҳу усуле ҳаст, ки натиҷаҳои хуб медиҳанд. Хонанда вақте мефаҳмад, ки илм дар зиндагии ӯ нақш дорад, бештар шавқманд мешавад. Масалан: тавзеҳ додани чаро ва чӣ гуна кор кардани системаи ҳозимаи инсон пас аз хӯрдани ғизо. Шарҳи масъалаҳои муҳити зист, ки дар маҳалли зисти худи хонандаҳо ҷой доранд. Ҳатто таҷрибаҳои сода метавонанд диққати хонандаро ҷалб кунанд. Парвариши тухмиҳо барои фаҳмидани марҳилаҳои инкишофи рустанӣ. Истифодаи микроскоп барои дидани ҳуҷайраҳои зинда, - баён кард номбурда.
Ҳусейн таъкид менамояд, ки фанни биологияи муосир метавонад нақши хеле муҳимеро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмиву фикрии хонандагон дошта бошад. Ин бахш на танҳо донишҳои биологиро меомӯзонад, балки дониши илмӣ, мантиқ, ахлоқ ва арзишҳоро низ рушд медиҳад.
- Биология хонандаро ташвиқ мекунад, ки аз масоили мураккаб, табиат, организмҳо, муҳити зист саволҳо диҳад ва ҳалли мушкилотро бо истифода аз принсипҳои илмӣ ҷустуҷӯ кунад. Омӯзиши мавзуъҳое мисли генетика, экология, тағйирёбии иқлим, эволютсия хонандаро водор мекунад, ки муқоиса, таҳлил ва баҳсҳоро истифода кунад, - иброз намуд Ҳусейн.
Ӯ устодест, ки берун аз дарсҳо ҳам бо шогирдон вақт мегузаронад ва онҳоро барои олимпиадаҳои гуногун омода месозад. Дар ин дарсҳо онҳо аз адабиётҳои гуногуни ҷаҳон истифода бурда, бо маълумотҳои гуногуни биологияи муосир шинос шуда, онро аз худ мекунанд, ки ба манфиати хонандагон аст.
Ҳусайн нақша дорад, ки дар оянда номзадии хешро аз рӯйи мавзуи “Хомӯшакҳои хунмаки дараи Варзоб”, ки 3 сол аст рӯи он кор мекунад, дифоъ кунад.
- Ман яке аз таҳиягарони китобҳои биологияи синфи 7 ва 11 хоҳам буд ва инчунин ба рушди фанҳои табиатшиносӣ дар Тоҷикистон, каме ҳам бошад, ҳиссагузор будан мехоҳам, - зикр намуд ӯ.
Ҳусейн дар охири суҳбат ба омӯзгорони ҷавон чунин гуфт:
- Дар навбати аввал ба омӯзгорони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки барои аз худ намудани дониш, малакаву маҳорати педагогӣ вақти худро дареғ надоранд. Дар ҳама ҳолат аз касби интихобкардаи худ розӣ бошанду ҳангоми дар озмунҳо иштирок ва ноком шудан руҳафтода нашаванду боз дар оянда бештар кор карда, барои муваффақ шудан талош кунанд.
Даричаи ошноӣ
Ҳусейн Ализода соли 1997 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2015 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 - и шаҳри Душанберо хатм намуд ва худи ҳамон сол ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Аз соли 2021 то соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни биология фаъолият намудааст. Аз соли 2023 то инҷониб дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни биология фаъолият намуда истодааст. Ӯ барандаи Стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар соли таҳсили 2024-2025, ҳамчунин барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соли 2025 ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз соли 2021 мебошад. Ҳусейн зиёда аз 26 мақолаи методиву илмии нашршуда дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ду дастури методӣ дорад. Ҳамзамон, зиёда аз 20 шогирдаш дар даврҳои ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳси-лоти умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардидаанд.
Гулафшон КАРИМОВА, “ҶТ”