04.07.2025
Санаи 4-уми июли соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии Левакант”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Ширинзода Муҳиддин, кормандони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ, иловагӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас сардори Раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода ҳисоботи ҷамъбастии шашмоҳаи соли 2025-ро пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 177 адад расида, дар онҳо 21319 кӯдак ва дар 1268 маркази инкишофи кӯдак 84144 нафар фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ 105463 нафар кӯдак (24,7%) ба таълими томактабӣ ҷалб гардидааст.
Дар соли таҳсили 2024–2025 теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 900598 нафарро ташкил дода, 803184 нафар дар ҷамъбасти чоряки чорум иштирок карданд (99,6%). Дараҷаи азхудкунии дониш 99,8% ва сатҳи сифатнокӣ 57,4%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ҳисобот таъкид шуд, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 оид ба имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон пайваста зери назорат қарор дорад. Аз соли 2007 то имрӯз 3394 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардидаанд. Танҳо дар соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.
Пас аз ҳисоботи сардори раёсати маориф, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Мирзоев ва директори литсейи “Ориёно” Шаҳло Насруллоева баромад намуда, фаъолияти раёсатро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар идома, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид суханронӣ карда, оид ба масоили омодагӣ ба аттестатсияи аълои равиявӣ ва универсалӣ, сифати таълим, тайёр кардани кадрҳои тахассусманд ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ибрози назар намуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат зимни баромади худ бурду бохти соҳаи маорифро натиҷагирӣ намуда, масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, рақамикунонии соҳаи маориф, таъмири муассисаҳо, ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, пешгирӣ аз монеъшавӣ ба таҳсили духтарон, пешгирии хурофотпарастӣ ва пешгирии ноболиғон аз амалҳои номатлуб, пешгирии никоҳи барвақтии духтарон ва таҳкими маърифати сиёсии омӯзгоронро дар маркази диққат қарор дод.
Дар фарҷом, барои ислоҳи камбудиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани сифати соҳаи маориф дастурҳои мушаххас ба масъулин дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон