10.09.2024

 img

Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологӣ.

 

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки “истиқлолият яке аз дастовардҳои бузурги миллати тамаддунофари тоҷик буда, барои пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани сулҳу оромиш дар ҷомеа имконият фароҳам овард. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор, инчунин воситаи ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.

 

Дар ҳамоиш як зумра устодону кормандон бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

 

Инчунин ба 12 донишҷӯи ниёзманд туҳфаҳои аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷудогардида тақдим шуданд.

  • Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи бошукуҳ доир гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба пиряхҳо — аз Душанбе ба ҷаҳон   Имрӯз, 30 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.   Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.   Зимни ифтитоҳи конфронс, ки дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, сарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, пас аз он конфронс дар ин ҷо дар шакли иҷлосияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар идома меёбад. Дастгирии иттилоотии баргузории чорабинӣ аз ҷониби беш аз 350 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 150 намояндаи расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили “Ал-Ҷазира”, “Euronews”, “TRT-Avaaz”, “France-Presse”, “ИТАР-ТАСС” ва дигарон таъмин карда мешавад. Барои фаъолияти онҳо дар «Кохи Сомон» маркази муосири матбуотии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва интернети баландсуръат ташкил карда шудааст.   Зиёда аз 120 волонтёр дар тамоми марҳилаҳои конфронс фаъолона иштирок намуда, бақайдгирӣ, логистика, дастгирии меҳмонон, тарҷума ва кумак дар баргузории чорабиниҳои мавзуиро таъмин менамоянд.   Аз натиҷаи конфронс ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул карда мешаванд, аз ҷумла: Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо- даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ; Хулосаи ҳамраисон — тавсияҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳои асосӣ; Даъвати Душанбе — паёми сиёсӣ ва платформа барои дурнамои ҳамкории байналмилалӣ.   Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо- муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда мегузорад.   Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

    17

    30.05.2025
  •  img
    РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пагоҳ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад Пагоҳ, 29 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад, ки он аллакай таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».   Ин чорабинии навбатии таърихӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо қарори иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, баргузор мегардад.   Дар остонаи ифтитоҳи расмии конфронс 29 май дар Душанбе форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ баргузор мешаванд, ки барои гирди ҳам овардани коршиносон, олимон, экологҳо, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ҷавонон аз саросари ҷаҳон пешбинӣ шудаанд. Ин вохӯриҳо барои баррасии ҳалли илмӣ, сиёсӣ ва амалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби тоза ва тавозуни ҷаҳонии иқлим замина фароҳам меоранд.   Ба иттилои Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, яке аз натиҷаҳои аслии ҳамоиш қабули Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо, даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ барои пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва кам кардани таъсири он хоҳад буд. Хулосаи ҳамраисон ва Даъвати Душанбе низ пешниҳод хоҳанд шуд, ки тавсияҳо, изҳорот ва роҳҳои пешрафтро барои ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ дар бар мегиранд.   Конфронси Душанбе дар таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва сиёсӣ, табодули донишу таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор қадами муҳим хоҳад буд.

    24

    29.05.2025
  •  img
    Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад 29 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Дар Форум 100 ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок менамоянд.   Аз шумораи умумии 100 ҷавони иштироккунанда дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.   Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.   Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд.   Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд.

    28

    27.05.2025