29.05.2025

 img

Пагоҳ, 29 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад, ки он аллакай таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

 

Ин чорабинии навбатии таърихӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо қарори иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, баргузор мегардад.

 

Дар остонаи ифтитоҳи расмии конфронс 29 май дар Душанбе форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ баргузор мешаванд, ки барои гирди ҳам овардани коршиносон, олимон, экологҳо, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ҷавонон аз саросари ҷаҳон пешбинӣ шудаанд. Ин вохӯриҳо барои баррасии ҳалли илмӣ, сиёсӣ ва амалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби тоза ва тавозуни ҷаҳонии иқлим замина фароҳам меоранд.

 

Ба иттилои Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, яке аз натиҷаҳои аслии ҳамоиш қабули Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо, даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ барои пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва кам кардани таъсири он хоҳад буд. Хулосаи ҳамраисон ва Даъвати Душанбе низ пешниҳод хоҳанд шуд, ки тавсияҳо, изҳорот ва роҳҳои пешрафтро барои ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ дар бар мегиранд.

 

Конфронси Душанбе дар таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва сиёсӣ, табодули донишу таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор қадами муҳим хоҳад буд.

  • РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пагоҳ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба пиряхҳо — аз Душанбе ба ҷаҳон   Имрӯз, 30 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.   Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.   Зимни ифтитоҳи конфронс, ки дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, сарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, пас аз он конфронс дар ин ҷо дар шакли иҷлосияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар идома меёбад. Дастгирии иттилоотии баргузории чорабинӣ аз ҷониби беш аз 350 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 150 намояндаи расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили “Ал-Ҷазира”, “Euronews”, “TRT-Avaaz”, “France-Presse”, “ИТАР-ТАСС” ва дигарон таъмин карда мешавад. Барои фаъолияти онҳо дар «Кохи Сомон» маркази муосири матбуотии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва интернети баландсуръат ташкил карда шудааст.   Зиёда аз 120 волонтёр дар тамоми марҳилаҳои конфронс фаъолона иштирок намуда, бақайдгирӣ, логистика, дастгирии меҳмонон, тарҷума ва кумак дар баргузории чорабиниҳои мавзуиро таъмин менамоянд.   Аз натиҷаи конфронс ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул карда мешаванд, аз ҷумла: Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо- даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ; Хулосаи ҳамраисон — тавсияҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳои асосӣ; Даъвати Душанбе — паёми сиёсӣ ва платформа барои дурнамои ҳамкории байналмилалӣ.   Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо- муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда мегузорад.   Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

    17

    30.05.2025
  •  img
    Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад 29 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Дар Форум 100 ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок менамоянд.   Аз шумораи умумии 100 ҷавони иштироккунанда дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.   Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.   Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд.   Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд.

    28

    27.05.2025
  •  img
    ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ МУКОЛАМАИ ҶАҲОНӢ Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 2200 нафар тасдиқ шудааст.   Ҳафтаи равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба платформаи калидӣ барои баррасии сарнавишти пиряхҳо ва хатарҳои иқлимӣ табдил меёбад.   Аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.   Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.   Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.   АМИТ "Ховар"

    24

    26.05.2025