ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд. Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад. Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд. Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.34
02.09.2026
-
Иштирок дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Роҳбари он Садир Жапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст. Сарвари давлати мо аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд. “Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, - изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро, таъкид намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии устувори Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо дар эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” арзи сипос намуданд. Дар идомаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад. Гуфта шуд, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад. Бо назардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, даъват карда шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба неруи “сабз” тақвият дода шавад. Пешниҳод гардид, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад. Аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол карда шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номиданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир Ҷумҳурии Исломии Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026-2027 изҳор намуданд.45
01.09.2026
-
ДОНИШ ХУРШЕДИ ОЛАМОРОСТ Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 Ҳамватанони азиз! Устодон, шогирдон ва падару модарони гиромӣ! Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инак, боз соли нави таҳсил оғоз гардида, паём аз марҳалаи тозаи омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат меоварад. Ин пайки басо фараҳбахшу нишотоварро ба аҳли таълиму тарбия ва тамоми алоқамандони соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки дар оғози ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳо Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Маълум аст, ки ҳадаф аз таҳсил донишандӯзист ва бузургон донишро ҳамбаста ба нерую тавоноӣ, комёбию шарафмандӣ донистаанд. Ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар ин боб фармудааст: Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад. Дониши комил омӯхтан, албатта, дар шароити созгор, дар муҳите, ки сулҳу амният пойдору устувор бошад, муяссар мешавад. Хушбахтона, дар диёри арҷманди мо ба шарофати сиёсати хирадбунёду ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи саодатбахш тантана дорад ва дар ин замина, аҳли кишвар ба бунёдкорию созандагӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф машғуланд. Ин равандро ташаббуси нави Президенти муҳтарами мо оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки чанде пеш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, боз ҳам тақвият бахшид. Дарси сулҳе, ки ҳамасола Пешвои миллат дар оғози соли таҳсил баргузор мекунанд, саршор аз ғояҳои ватандӯстию ваҳдатпарастӣ, ҳувияти миллию хештаншиносист. Зимни чунин дарс дар оғози соли таҳсили гузашта Сарвари кишвар иброз дошта буданд: «Бояд ҳама якҷояву ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсозаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем». Соли таҳсил имсол дар вазъи гуворою тантанавие оғоз меёбад, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ин фархундаҷашн бори дигар ва ба таври хеле барҷаста собит месозад, ки тоҷикон, воқеан, дар давлатдорию бунёдкорӣ мумтозанд, истеъдоду тавоноии дерину табиӣ доранд ва комёбиҳои миллатро шарафмандона ҳифз мекунанд. Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, махсусан, соҳаи маориф хеле рушд ёфта, соҳаи афзалиятнок эълон шуд ва ба дастовардҳои фаровоне ноил гашт. Дар ин давра таълимгоҳҳои зиёде бунёд ёфтаву ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Чандест, ки вобаста ба татбиқи комёбиҳои илму инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳа марҳалаи тозае оғоз ёфтааст ва дар ин замина, барномаҳои нави фаъолият тарҳрезӣ мешаванд. Кулли таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастуру раҳнамоҳои илмию методӣ ва дигар воситаҳои ёвар комилан таъминанд. Ин ҳама ба болоравии сатҳи таҳсил ва дониши шогирдони мо мусоидат кардааст ва онҳо дар баробари омӯзиши ҳамарӯза дар таълимгоҳҳо дар озмунҳои бонуфузи кишвар – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок мекунанд. Аҳли маорифи мамлакат дар нахустсолҳои татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат обрӯю эҳтироми омӯзгорон пайваста боло меравад, заҳмати онҳо ба таври шоиста арҷгузорӣ мешавад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳаёт ва фаъолияти аҳли таълиму тарбия давраи навинеро ифтитоҳ бахшид ва бори дигар собит кард, ки дар кишвари мо омӯзгор сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо ва равшангари роҳи фардои миллат эътироф шудааст. Аҳли маорифи ҷумҳурии азизамон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро бо ифтихору сарбаландӣ ва бо дастовезҳои арзанда – комёбиҳои нав ба нав дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон пешвоз мегиранд ва минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам пешрав бошад, шуҳраташ ҳамчун диёри бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва қаламрави мардумони тамаддунпарвару бунёдкор дар арсаи байналмилалӣ пайваста биафзояд. Бори дигар ҳамаи шумо – омӯзгорону шогирдони азиз, тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва волидайни муҳтарамро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик мегӯям. Ҳамеша комёбу сарбаланд ва садоқатпеша ба Ватану миллат бошед. Соли нави таҳсил муборак!54
01.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар -
28.08.2026
Специальное уведомление о закупках
Запрос на подачу заявок на выполнение небольших работ (Одноконвертная процедура проведения торгов) Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор