01.09.2026
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027
Ҳамватанони азиз!
Устодон, шогирдон ва падару модарони гиромӣ!
Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инак, боз соли нави таҳсил оғоз гардида, паём аз марҳалаи тозаи омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат меоварад. Ин пайки басо фараҳбахшу нишотоварро ба аҳли таълиму тарбия ва тамоми алоқамандони соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям.
Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки дар оғози ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳо Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Маълум аст, ки ҳадаф аз таҳсил донишандӯзист ва бузургон донишро ҳамбаста ба нерую тавоноӣ, комёбию шарафмандӣ донистаанд. Ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар ин боб фармудааст:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Дониши комил омӯхтан, албатта, дар шароити созгор, дар муҳите, ки сулҳу амният пойдору устувор бошад, муяссар мешавад. Хушбахтона, дар диёри арҷманди мо ба шарофати сиёсати хирадбунёду ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи саодатбахш тантана дорад ва дар ин замина, аҳли кишвар ба бунёдкорию созандагӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф машғуланд. Ин равандро ташаббуси нави Президенти муҳтарами мо оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки чанде пеш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, боз ҳам тақвият бахшид.
Дарси сулҳе, ки ҳамасола Пешвои миллат дар оғози соли таҳсил баргузор мекунанд, саршор аз ғояҳои ватандӯстию ваҳдатпарастӣ, ҳувияти миллию хештаншиносист. Зимни чунин дарс дар оғози соли таҳсили гузашта Сарвари кишвар иброз дошта буданд: «Бояд ҳама якҷояву ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсозаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».
Соли таҳсил имсол дар вазъи гуворою тантанавие оғоз меёбад, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ин фархундаҷашн бори дигар ва ба таври хеле барҷаста собит месозад, ки тоҷикон, воқеан, дар давлатдорию бунёдкорӣ мумтозанд, истеъдоду тавоноии дерину табиӣ доранд ва комёбиҳои миллатро шарафмандона ҳифз мекунанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, махсусан, соҳаи маориф хеле рушд ёфта, соҳаи афзалиятнок эълон шуд ва ба дастовардҳои фаровоне ноил гашт. Дар ин давра таълимгоҳҳои зиёде бунёд ёфтаву ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Чандест, ки вобаста ба татбиқи комёбиҳои илму инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳа марҳалаи тозае оғоз ёфтааст ва дар ин замина, барномаҳои нави фаъолият тарҳрезӣ мешаванд.
Кулли таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастуру раҳнамоҳои илмию методӣ ва дигар воситаҳои ёвар комилан таъминанд. Ин ҳама ба болоравии сатҳи таҳсил ва дониши шогирдони мо мусоидат кардааст ва онҳо дар баробари омӯзиши ҳамарӯза дар таълимгоҳҳо дар озмунҳои бонуфузи кишвар – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок мекунанд. Аҳли маорифи мамлакат дар нахустсолҳои татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат обрӯю эҳтироми омӯзгорон пайваста боло меравад, заҳмати онҳо ба таври шоиста арҷгузорӣ мешавад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳаёт ва фаъолияти аҳли таълиму тарбия давраи навинеро ифтитоҳ бахшид ва бори дигар собит кард, ки дар кишвари мо омӯзгор сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо ва равшангари роҳи фардои миллат эътироф шудааст.
Аҳли маорифи ҷумҳурии азизамон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро бо ифтихору сарбаландӣ ва бо дастовезҳои арзанда – комёбиҳои нав ба нав дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон пешвоз мегиранд ва минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам пешрав бошад, шуҳраташ ҳамчун диёри бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва қаламрави мардумони тамаддунпарвару бунёдкор дар арсаи байналмилалӣ пайваста биафзояд.
Бори дигар ҳамаи шумо – омӯзгорону шогирдони азиз, тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва волидайни муҳтарамро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик мегӯям. Ҳамеша комёбу сарбаланд ва садоқатпеша ба Ватану миллат бошед.
Соли нави таҳсил муборак!