ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Идомаи ҳамкориҳо бо Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир Имрӯз, 27 октябри соли 2025 вохурии ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз бо менеҷери лоиҳаи "Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ" хонум Ҷамила Гулямова, директори Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Том Кедлӣ, намояндаи лоиҳа дар Тоҷикистон Алишер Ҷабборов, мушовири байналмилалии лоиҳа Лиза, намояндаи Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Эмма Чейна Робинсон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани 20 нафар омӯзгорони фанни забони англисии Донишкада ва филиалҳо аз ҷониби омӯзгорони Донишкадаи Норвич дар асоси барномаҳои нави таълимии 50 соата (бо назардошти методикаи пешрафтаи ҷаҳон) ҳамчун тренер омода карда мешаванд. Барномаҳои нави таълимӣ муштаракан аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи Норвич ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо назардошти компонентҳои миллӣ таҳия карда мешаванд. Дар навбати худ аз ҷониби ин 20 нафар тренерони омодагардида, зиёда аз 1500 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2026 ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва баргузории омӯзишу тренингҳо ва конференсияҳо дар якҷоягӣ ба тариқи ҳузуриву онлайнӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд. Вохӯрӣ дар шакли онлайн баргузор гардида, он дар доираи харитаи роҳ, ки моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Наврӯз Мирзозода ва Том Кедлӣ, ки дар Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ба имзо расида буд, ба роҳ монда шудааст.36
27.10.2025
-
МУҲОКИМА ВА БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО Дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ ҷаласаи назоратӣ назди директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳамадҷон Ғафорзода бо иштироки директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо — Муҳамадҷон Ғафорзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Ҳисоботи роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуда, ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, масъалаҳои ташкилӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва инчунин фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъкид намуд, ки роҳбарони марказҳо бояд ҷиҳати такмили заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ бо муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешанд. Дар анҷом вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта ва масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххаст дода шуд. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо45
27.10.2025
-
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва муовини директори минтақавии БОҶ СММ оид ба кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором Анита Ҳироҷ ширкат варзиданд. Муовини вазир зимни ифтитоҳи мулоқот меҳмононро хайрамақдам намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои судманди байни Вазорати маориф ва илм ва Намояндагии БОҶ СММ дар тӯли солҳои охир дар рушди низоми ғизои мактабӣ ва беҳсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Муовини вазир зикр намуд, ки аз оғози татбиқи барнома (соли 1999) то имрӯз шумораи муассисаҳои фарогирифташуда ба 1 840 мактаб расида, зиёда аз 420 000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои ҳаррӯза таъмин мегарданд. Муовини вазир афзуд, ки барномаи ғизои мактабӣ танҳо як барномаи таъминотӣ нест, балки ташаббуси муҳимест, ки ба беҳтарсозии шароити таҳсил, таҳкими саломатии кӯдакон ва рушди ҳамкории устувори байни давлат, ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ равона гардидааст. Вохӯрӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар идома, намояндаи БОҶ СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ҷиҳати пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хонандагон бо ғизои гарм, таъсиси воҳидҳои корӣ ва таҳияи санадҳои меъёрӣ ҷиҳати амалисозии барномаи ғизои мактабӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон, Анита Ҳироҷ низ аз ҳамкории самарабахш бо Вазорати маориф ва илм изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки Форуми ғизои мактабӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нишони ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад. Гуфта шуд, ки масъалаи ғизои солим барои кӯдакон ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои таъмини маҳсулоти тару тоза яке аз самтҳои муҳимми рушди барномаи ғизои мактабӣ мебошад. Зеро ҳадафи асосии Барномаи ғизои мактабӣ баланд бардоштани сифати таҳсил ва имконияти омӯзиши муассири хонандагон буда, ғизои солим ба қобилияти фаҳм ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарс таъсири мусбат мерасонад. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи босамари барномаҳои муштарак баён намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон14
27.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор