15.06.2026

 img

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

 

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон анҷом дода шуд.

 

Ба вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи андоз, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якум ва муовини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

 

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоқикистон, мунтазам баланд бардоштани донишу малакаи худ дар кори роҳбарӣ, омӯзиши амиқи забони давллатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуданд.

 

Таъкид гардид, ки ба раванди тезондани рақамикунонӣ ва истифодаи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва беҳсозию кору муомила бо сармоягузорону соҳибкорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

 

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ дода шуд. 

  • Таъиноти кадрӣ img
  • Таъиноти кадрӣ img
  • Таъиноти кадрӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.   2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.   3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 15 июни соли 2026 №1184

    48

    15.06.2026
  •  img
    ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудааст. Дар ин замина, илова ба асноди мавҷуда, 28 майи соли 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Бо мақсади огоҳ гардидан аз зарурату ҳадафи қабули ин барнома ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон суҳбате оростем бо сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Бобоҷон, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.   – Муҳтарам Ҷаҳонгир Бобоҷон, мегуфтед, ки ҳадафи асосии қабули «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» аз чӣ иборат аст?   – Ҳадафи асосии қабули «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини манфиатҳои ҳар як кӯдак мебошад. Барнома ба фароҳам овардани муҳити бехатар барои зиндагӣ, таълим ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон равона гардида, ҳифзи онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, табъиз, беэътиноӣ ва истисмор дар мадди назар қарор медиҳад. Ҳамзамон, барнома барои рушди хидматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдак, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба кӯдакон, густариши таҳсилоти фарогир, беҳтар намудани сатҳи саломатӣ ва некуаҳволии онҳо ва мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи кӯдак заминаи мусоид фароҳам меорад.   Қабули ин барнома идомаи сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирӣ ва ҳифзи кӯдакон буда, ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат мекунад. Ин ҳуҷҷат стратегияи давлатӣ барои фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҳар як кӯдак мебошад. Фикр мекунам, қабули он дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил карда мешавад, беҳтарин туҳфа барои хурдсолони мамлакат гардид.   – Ин барнома аз барномаҳои қаблии давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз кадом ҷиҳатҳо фарқ мекунад?   – «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо дарназардошти таҷрибаҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои қаблӣ ва талаботи нави рушди ҷомеа таҳия гардидааст. Фарқияти асосиаш аз дигар барномаҳо дар он аст, ки ба таври фарогир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар шароити муосир муносибат намуда, на танҳо чораҳои муҳофизатӣ, балки механизмҳои дастгирӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакро дар бар мегирад.   Дар барномаи нав таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ дар муҳити оилавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фазои рақамӣ, рушди таҳсилоти фарогир, дастгирии кӯдакони осебпазир, аз ҷумла, кӯдакони имконияташон маҳдуд, кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта равона шудааст. Ҳамчунин, дар барнома масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кӯдакон ва волидон, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва такмили низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба вазъи кӯдакон ҷойгоҳи муҳим доранд.   Барнома ба пешгирии хавфҳо, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак равона гардидааст. Яъне, агар барномаҳои қаблӣ бештар ба ҳалли масъалаҳои алоҳида нигаронида шуда бошанд, барномаи нав тамоми низоми ҳифзи кӯдакро фаро мегирад.   Яке аз хусусиятҳои муҳимми барнома муайян намудани нишондиҳандаҳои мушаххаси натиҷавӣ ва механизмҳои мониторингу арзёбӣ мебошад, ки имкон медиҳад раванди татбиқи он мунтазам баҳогузорӣ гардида, самаранокии чорабиниҳои амалишаванда таъмин карда шавад.   – Дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон имрӯз дар Тоҷикистон чӣ мушкилоте ҷой доранд ва барнома барои ҳалли онҳо чӣ тадбирҳо пешбинӣ кардааст?   – Таҳлили вазъи ҷорӣ нишон медиҳад, ки новобаста аз дастовардҳои назаррас, як қатор масъ­алаҳо ҳанӯз ҳам мубрам боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, ниёз ба такмили қонунгузорӣ, норасоии ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, набудани мутахассисони соҳавӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ҳолатҳои алоҳидаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, савдои кӯдак ва никоҳи бармаҳал, пурра ба эътибор гирифта нашудани фикри кӯдак ҳангоми қабули қарорҳо ва ғайра. Як мисоли одӣ, кӯдак бо ҷурми содир кардани гуноҳ аз озодӣ муддате маҳрум мешавад. Пас аз чанде ба озодӣ мебарояд, аммо барои идомаи таҳсил роҳбари муассисаи таълимӣ ва ё ягон каси дигар ба ӯ монеа мешавад, ҳуқуқҳояшро поймол мекунад, ин дар ҳолест, ки бояд барои ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ шудан кумак расонанд. Барнома барои ҳалли ин масъалаҳо чораҳои мушаххас, амсоли такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши кормандони соҳа, таҳкими фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҷорӣ намудани механизмҳои нави хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва рушди корҳои фаҳмондадиҳиро пешбинӣ намудааст.   – Нақши муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи барномаи мазкур чӣ гуна арзёбӣ мешавад? Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кӯдакон кадом тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?   – Муассисаҳои таълимӣ дар амалисозии барнома нақши зиёд доранд. Кӯдакистону мактаб танҳо ҷойи омӯзиш нест, балки муҳити ташаккули шахсият буда, заминаҳои фарҳанги ҳуқуқии кӯдак маҳз дар ҳамин гуна муассисаҳо гузошта мешавад. Дар робита ба татбиқи барнома мутахассисони Вазорати маориф ва илм корбарӣ доранд ва дар доираи он қарор аст, мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба барномаҳои таълимӣ бештар ворид карда шаванд. Ҳамчунин, дар ин замина, дарсҳои тарбиявӣ, семинарҳо, конференсияҳои дохилимактабиву ҷумҳуриявӣ баргузор намуда, ба ин васила, маърифати ҳуқуқии омӯзгорон, хонандагону волидонро такмил бахшида, корҳои иттилоотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ густариш дода хоҳад шуд. Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ин самтро яке аз вазифаҳои афзалиятноки худ меҳисобад.   – Мехостем муфассалтар бигӯед, ки дар барнома барои ҳифзи кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла, кӯдакони имконияташон маҳдуд чӣ чораҳо муқаррар шудаанд?   – Ба ин гурӯҳ кӯдакони дорои маъюбият, ятимон ва бепарасторон, кӯдакони оилаҳои камбизоат, кӯдакони дар муҳоҷират қарордошта ё аз нигоҳубини падару модар маҳрумшуда дохил мешаванд. «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба ҳифзи кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок аҳаммияти махсус медиҳад. Он, пеш аз ҳама, ба таъмини баробарии имкониятҳо барои ҳамаи кӯдакон нигаронида шудааст. Бо ин мақсад, рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ), мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи кӯдакони дорои маъюбият ва таъмини онҳо бо воситаҳои махсуси таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии ин гурӯҳи кӯдакон хидмат­расониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва равоншиносӣ васеъ карда мешаванд.   Самти муҳимми дигар, пешгирии табъиз, зӯроварӣ ва истисмори кӯдакон мебошад. Барои ин сохтори ошкорсозӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ такмил дода шуда, ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо тақвият меёбад. Илова бар ин, барнома ба дастгирии оилаҳо аҳаммияти зиёд медиҳад, зеро муҳити солими оилавӣ омили асосии рушди кӯдак ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои ниёзманд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон ва пешгирии ҷудо шудани кӯдак аз оила аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд. Яъне, дар доираи барнома роҳҳои муосире баррасӣ ме­шавад, ки кӯдакони осебпазир, имконияти маҳдуддошта ё ятими кул дар оилаҳое, ки ба онҳо ниёз доранд, ҷой дода шаванд, на дар интернатҳо. Аслан, кӯдак бояд дар оила ба воя расад, ин яке аз шакл­ҳои муосири тарбия буда, дар баъзе кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ гашта истодааст. Умуман, барнома ба фароҳам овардани шароите равона шудааст, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ё имкониятҳои ҷисмонӣ ва равонии худ, аз ҳуқуқҳои баробар бархурдор бошад ва барои таҳсил, рушд ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа имконият пайдо намояд. Ин тадбирҳо барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои беҳтарини кӯдак заминаи мусоид фароҳам меоранд.   – Оё барнома механизмҳои нави ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеаро пешбинӣ мекунад?   – Таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа ҳамчун яке аз шартҳои асосии таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон муайян шудааст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти кӯдакон танҳо бо кӯшиши як ниҳод имконнопазир буда, иштироки фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро талаб мекунад. Дар барнома пешбинӣ шудааст, ки ҳамкории байни мактаб, оила ва ҷомеа дар сатҳи нав ба роҳ монда мешавад. Пеш аз ҳама, нақши оила ҳамчун муҳити аввалини тарбия ва рушди кӯдак тақвият меёбад. Барои ин баргузор намудани вохӯриҳо, машваратҳо ва барномаҳои омӯзишӣ барои волидон зарур аст, то онҳо бо ин роҳ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, усулҳои муосири тарбия ва масъулияти худ маълумоти бештар пайдо намоянд. Аз ҷониби дигар, муассисаҳои таълимӣ на танҳо вазифаи таълим додан, балки вазифаи ҳифз ва дастгирии кӯдаконро низ иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, дар барнома рушди фаъолияти равоншиносон, омӯзгорони иҷтимоӣ ва сохторҳои худидоракунии мактабӣ пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо ба муайян кардани мушкилоти кӯдакон ва расонидани кумаки саривақтӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, ҷомеа низ дар татбиқи барнома нақши муҳим дорад. Барои ин ҷалби мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои ҳифзи кӯдак пешбинӣ шудааст. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муҳити мусоид барои рушди кӯдак дар мактаб ва берун аз он фароҳам оварда шавад.   Яке аз механизмҳои муҳимми нав, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохторҳои марбут ба ҳифзи кӯдак мебошад. Яъне, дар ҳолатҳои зӯроварӣ, табъиз, бепарасторӣ ё дигар мушкилоти иҷтимоӣ, мактаб, оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллӣ ва хадамоти иҷтимоӣ бояд якҷоя амал намоянд. Ин равиш ба ошкорсозии фаврии мушкилот ва ҳалли самараноки онҳо мусоидат мекунад. Инчунин, барнома иштироки фаъоли худи кӯдаконро дар қабули қарорҳои вобаста ба ҳаёти мактабӣ ва ҷамъиятӣ дастгирӣ менамояд. Бо ин роҳ эҳсоси масъулият, фарҳанги ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо ташаккул меёбад.   – Имрӯз ба талбандагӣ ва меҳнати иҷборӣ ҷалб шудани кӯдакон масъалаи доғи рӯз гаштааст. Ин падида аз нигоҳи ҳуқуқӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад ва оё амалишавии барнома метавонад ба чунин қонуншиканиҳо хотима бахшад?   – Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба талбандагӣ ва меҳнати иҷборӣ ҷалб гардидани кӯдакон мебошад. Ин падида на танҳо мушкилоти иҷтимоӣ, балки вайронкунии ҷиддии ҳуқуқҳои кӯдак низ ба ҳисоб меравад. Кӯдаконе, ки ба талбандагӣ ва кори номувофиқ ба синну сол ҷалб мешаванд, аз имконияти таҳсил, рушди ҷисмонию маънавӣ, фароғат ва зиндагии шоиста маҳрум гардида, дар муҳити хатарнок қарор мегиранд. Чунин ҳолат метавонад ба саломатӣ, руҳия ва ояндаи онҳо таъсири манфии дарозмуддат расонад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҷалби кӯдакон ба талбандагӣ ва меҳнати номувофиқ ҳамчун шакли истисмори кӯдак арзёбӣ мешавад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, аз ҳама гуна шакл­ҳои истисмори иқтисодӣ, зӯроварӣ ва муносибати таҳқиромез ҳифз карда шавад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи кӯдак­ро ба зиндагии арзанда, таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷониба кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, истифодаи кӯдак барои ба даст овардани маблағ тавассути талбандагӣ ва дигар роҳҳои номатлуб амали ғайриқонунӣ ва мухолифи манфиату бехатарии ӯ мебошад. Сабабҳои асосии паҳншавии ин падида метавонанд камбизоатии баъзе оилаҳо, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии волидон, муҳоҷирати меҳнатӣ, беназорат мондани кӯдакон ва мушкилоти иҷтимоӣ бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо худи волидон ё шахсони дигар кӯдаконро маҷбур мекунанд, ки ба ин гуна корҳо машғул шаванд, ки ин ҳолат масъулияти ҳуқуқиро ба миён меорад. Дар ин замина, «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» дар коҳиш додан ва пешгирии чунин қонуншиканиҳо нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад, дар он як қатор тадбирҳо, аз қабили тақвияти низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакон, пешгирии ҳама гуна шаклҳои истисмор ва меҳнати иҷбории кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон ва ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир, ҷалби кӯдакон ба таҳсил ва фарогирии онҳо ба муассисаҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкории мактаб, оила, мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ошкорсозӣ ва назорати барвақтии ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои кӯдак пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки танҳо қабули барнома барои пурра аз байн бурдани ин падида кофӣ нест. Самаранокии он, тавре дар боло қайд кардем, аз иҷрои босифати тадбирҳои пешбинишуда, фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ, иштироки фаъоли ҷомеа, масъулияти волидон ва баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст.   – Шумо татбиқи ин барномаро барои ояндаи кӯдакони Тоҷикис­тон чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва кадом натиҷаҳои мушаххасро то соли 2030 интизоред?   – «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2026-2030» яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фарогир дар самти дастгирии ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, ки бори аввал қабул шудааст ва бо боварӣ гуфта метавон, амалисозии он давра ба давра ба натиҷаҳои пешбинишуда хоҳад расонд. То соли 2030, яъне, дар давраи амалисозии барнома интизор меравад, ки қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак боз ҳам такмил меёбад, низоми васояту парасторӣ муосир мегардад, махзани ягонаи маълумот оид ба кӯдакони осебпазир таъсис дода мешавад, хидматрасониҳои иҷтимоӣ васеъ мегарданд, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мешавад, ҳолатҳои зӯроварӣ, меҳнати иҷбории кӯдак ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо коҳиш меёбанд, иштироки кӯдакон дар қабули қарорҳои ба онҳо марбут бештар таъмин мегардад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи ин барнома барои ташаккули насли солим, босавод, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.   – Ташаккур барои суҳбат.   – Саломат бошед.   Мусоҳиб Шаҳноза БОБОМУРОДОВА, «Омӯзгор»

    45

    15.06.2026
  •  img
    МАКТАБИ ИСТИҚЛОЛ: РОҲИ 35-СОЛАИ РУШДИ МАОРИФ ВА ТАШАККУЛИ НАСЛИ СОЗАНДА Ҳар миллате, ки ояндаи худро дурахшон дидан мехоҳад, пеш аз ҳама ба мактаб ва маориф такя мекунад. Дар таърихи навини Тоҷикистон низ маҳз соҳаи маориф ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва ташаккули ҷомеаи маърифатпарвар табдил ёфтааст. Имрӯз, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро истиқбол мегирад, бо ифтихор метавон гуфт, ки дар ин давра мактаби тоҷик роҳи пурифтихору пуршараферо тай намуда, аз мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то марҳилаи рушди босуръат ва рақамикунонии таҳсилот расидааст. Агар дар оғози истиқлолият муассисаҳои таълимӣ бо мушкилоти зиёди моддию техникӣ ва норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ буданд, имрӯз мактабҳои муосир, технологияҳои рақамӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ ва ҳазорон ҷавонони соҳибмаърифатро тарбият намуда, ба ҷомеа пешниҳод намудааст.   Имрӯз мо дар бораи соҳае сухан мегӯем, ки на танҳо ояндаи як шахс, балки тақдири соҳибистиқлолии як миллатро муайян мекунад - яъне соҳаи муқаддаси маориф. Сарвари давлат барҳақ таъкид кардаанд, ки «Маориф пойдевори рушди давлат ва ояндаи миллат аст».   Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, маблағгузории соҳа аз 41,6 млн. сомонии соли 2000 то 13,6 млрд. сомонӣ дар соли 2026 зиёд гардидааст, ки ин 20,4% хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ва 7% маҷмуи маҳсулоти дохиларо ташкил намудааст.   Дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу илм, таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор гирифта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.   Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 16 апрели соли 2005 чунин қайд намуданд: «Рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад».   Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо сабаби нооромиҳои сиёсӣ соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба мушкилиҳо, аз ҷумла норасоии маблағгузории соҳа, ба талабот ҷавобгӯй набудани иншооти соҳа дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, муҳоҷирати мутахассисони соҳа ва норасоии кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ дучор гардиданд.   Яке аз равшантарин нишонаҳои ғамхории давлат ба рушди маориф бунёди муассисаҳои нави таълимӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи мактабҳои мавҷуда аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар паси ҳар як бинои навсадои мактаб садҳо орзуҳои кӯдакон, заҳмати омӯзгорон ва умеди волидон нуҳуфтааст. Ин муассисаҳо натанҳо иншооти таълимӣ, балки қасрҳои дониш, марказҳои тарбияи шаҳрвандони оянда ва рамзи сиёсати маорифпарваронаи давлат мебошанд. Ҳар мактаби бунёдгардида, ки дар деҳоти дурдаст ё шаҳрҳои мамлакат қомат афрохтаанд, ҳамчун чароғи маърифат роҳи ҳазорҳо наврасонро ба сӯи дониш, фарҳанг ва созандагӣ равшан месозанд. Ин дастовардҳо бори дигар собит менамоянд, ки Тоҷикистон ояндаи худро маҳз дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир мебинад.   Лозим ба зикр мебошад, ки аз оғози ислоҳот дар соҳаи маориф, аз соли 2010 фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ сол ба сол беҳтар гардид. Агар соли 2010, 58700 нафар кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, пас он дар соли 2026 127913 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти омори расмӣ аз 1032180 нафар кӯдакони синни томактабӣ (аҳолӣ) 310657 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 30,1 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.   Самти таҳсилоти умумӣ дар ташаккули тафаккури хонандагон аҳаммияти махсус дошта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати рушди ин зинаи таҳсилот тадбирҳои муҳим андешида шуданд.   Қайд кардан зарур аст, ки соли таҳсили 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад бошад, ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 адад мактаби таҳсилоти умумӣ як адад гимназия ва 14 адад мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар ҷумҳурӣ 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Инчунин шумораи хонандагон дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 1325400 нафарро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2025-2026 2462007 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 1151807 нафар зиёд гардидааст.   Қобили тазаккур мебошад, ки дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 136 ҳазору 116 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 41 ҳазору 116 нафар зиёд шудааст.   Таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои муҳимми ихтисосманд гардидани шаҳрвандон ба шумор рафта, афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аст. Агар дар соли 1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70,6 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 51 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо зиёда аз 226 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият менамояд, ки аз он 18 донишгоҳ, 24 донишкада, 3 академия, 1 консерваторияи миллӣ ва 5 филиал мебошад.   Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сармояи инсонӣ ва густариши имкониятҳои таҳсилоти байналмилалӣ он аст, ки имрӯз зиёда аз 42 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора тақрибан 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда на танҳо аз болоравии сатҳи маърифат ва фаъолнокии ҷавонони кишвар дарак медиҳад, балки бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст барои насли ҷавон шароити мусоид фароҳам оварад, то онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷаҳон дониш ва таҷрибаи пешқадамро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва технологии Ватан саҳми арзишманд гузоранд. Ҳузури ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамзамон нишондиҳандаи афзоиши эътимоди ҷомеа ба арзиши дониш, баланд гардидани мақоми занону духтарон дар ҷомеа ва ташаккули насли нави рақобатпазир, ҷаҳонбин ва ватандӯст мебошад, ки метавонад Тоҷикистонро ба сӯи марҳилаи нави рушди устувор ва ҷомеаи донишбунёд раҳнамоӣ намояд.Айни замон дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.   Инчунин лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои 1997-2025 ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 28 ҳазор нафар донишҷӯй, аз ин миқдор наздики 18 ҳазор духтар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат бо дастгириҳои сиёсати маорифпараварони муҳтарам Пешвои миллат қабул гардида, донишгоҳу донишкадаҳоро мунтазам хатм ва тибқи роҳхат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардида дар ташакули илмӣ тоҷикӣ саҳмгузор мебошанд. Инчунин қайд кардан ба маврид мебошад, ки ҳар соле зиёда аз 1,2 ҳазор нафар донишҷӯён тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат ба донишгоҳу донишкадаҳо қабул гардида, зиёда аз 55 фоизи онҳоро духтарони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ташкил медиҳанд.   Саноаткунонӣ ва рӯй овард ба илмҳои дақиқ .Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони технология ва зеҳни сунъӣ аст. Барои ҳамин, кишвари мо аз модели соф гуманитарӣ ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами қатъӣ гузошт. Ин танҳо тағйири барномаи дарсӣ нест; ин даъват ба насли ҷавон аст, ки аз истеъмолкунандаи оддии технология ба созанда ва ихтироъкори он табдил ёбанд. Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба мисли «Илм - фурӯғи маърифат» нишон доданд, ки дар деҳоти дурдасттарини мо чӣ қадар истеъдодҳои нодир нуҳуфтаанд.   Рақамкунонии маориф.Маорифи муосирро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз, дар мактабҳои мо ҷорӣ шудани китобҳои электронӣ, тахтаҳои интерактивӣ ва шабакаҳои ягонаи иттилоотӣ суръат гирифтааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки як хонанда дар дурдасттарин деҳаи кӯҳистон ба ҳамон манбаъҳои илмие дастрасӣ дошта бошад, ки хонандаи пойтахт дорад. Рақамкунонӣ - ин баробарии имкониятҳо барои ҳамаи фарзандони Тоҷикистон аст.   Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлат пайваста барои баланд бардоштани нуфуз ва мақоми омӯзгор тадбирҳои мушаххас амалӣ намудааст. Баланд бардоштани музди меҳнат, ҷорӣ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ, қадрдонии омӯзгорони пешқадам ва беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Нишонаи равшани ин ғамхорӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад, ки ба таҳкими ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорон дар ҷомеа заминаи устувор гузошт.   Қонуни мазкур омӯзгорро ҳамчун шахсияти калидии низоми маориф эътироф намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва механизмҳои ҳифзи фаъолияти касбии ӯро муайян менамояд. Дар асоси ин қонун давлат барои омӯзгорон шароити муносиб фароҳам оварда, ҳимояи иҷтимоӣ, дастгирии моддӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳоро ҳамчун намояндагони зиёии ҷомеа таъмин менамояд.Ҳамзамон, қонун ба баланд гардидани масъулияти ҷомеа нисбат ба омӯзгор ва эҳтироми касби омӯзгорӣ мусоидат мекунад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ояндаи давлат аз фаъолияти омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи доимии давлат ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон нишон медиҳад, ки калиди пешрафти Тоҷикистон пеш аз ҳама дар дасти Муаллим қарор дорад. Имрӯз омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва арзишҳои шаҳрвандӣ мебошад.   Аз ин лиҳоз, сармоягузорӣ ба омӯзгор дар асл сармоягузорӣ ба рушди инсон, ба таҳкими иқтидори зеҳнии миллат ва ба ояндаи давлат аст. Ҳар қадаре ки мақоми омӯзгор баланд бошад, ҳамон қадар сифати таҳсилот беҳтар гардида, замина барои ташаккули насли соҳибмаърифат, рақобатпазир ва содиқ ба арзишҳои миллӣ фароҳам мегардад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки омӯзгор имрӯз ва фардо низ шахсияти марказии ҷомеа ва меъмори асосии ояндаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.   Ҳамин тариқ хулоса намудан ба маврид мебошад, ки мо ба ояндаи Тоҷикистон бо боварии комил нигоҳ мекунем, чунки насли нави мо - насли китобхон, забондон ва дорои донишҳои технологӣ ба воя расида истодаанд. Аз ин дидгоҳ якҷоя зери сиёсати хирандамамндонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам маърифатнок намудани ҷомеа ва дастгирии фарзандони худ саҳми бевоситаи худро гузорем.   Муфараҳ АСОЕВ, мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    7

    15.06.2026