ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРРАСИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН 2 майи соли 2026 дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманду муҳимми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 апрели соли 2026 баён гардиданд, доир шуда, ҳадафи он татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар маҳал ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар оғози вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, барои ҳамаи сохторҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардида, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ба 108,3 фоиз баробар шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз устувории иқтисоди миллӣ ва самаранокии тадбирҳои андешидашуда шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла коҳиш додани бақияпулиҳои андоз, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, дар ин замина зарурати афзоиши фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, татбиқи босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар идомаи суханронӣ омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун вазифаи калидӣ арзёбӣ гардида, зикр шуд, ки иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар сатҳи кишвар ба 106,7 фоиз расонида шудааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда набуда, тақозо мегардад, ки корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият дода шаванд. Ба масъулини ноҳияи Кӯшониён супориш дода шуд, ки то 15 май барномаи мукаммали омодагӣ ба ҷашни мазкурро таҳия ва тасдиқ намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ, ки барои ноҳияи Кӯшониён аҳамияти калидӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки ноҳия ҳамчун яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзӣ бояд бо истифодаи самараноки замин, афзоиши майдони кишти зироатҳо ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас гузорад. Дар баробари ин, масъалаи рақамикунонӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ низ матраҳ гардида, зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мавҷуда қонеъкунанда бошанд ҳам, талаботи замон тақозо мекунад, ки гузариш ба низоми пурраи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъмин карда шавад. Дар қисмати марбут ба соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 64,9 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда масъулияти кормандони соҳа ва мақомоти маҳаллиро дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия боз ҳам бештар мегардонад. Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва сокини кишвар ба шумор меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон12
02.05.2026
-
БАРРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону кормандони сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои илмӣ, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин муаллифон ва мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодгардида иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа масъалаи пешниҳоди адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимни муаррифии адабиёти таълимӣ директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳасанзода иброз дошт, ки дар маҷмуъ 18 номгӯй адабиёти таълимӣ барои зинаҳои гуногуни таҳсилот пешниҳод гардидааст. Қайд гардид, ки аз ин шумора 3 номгӯй барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла «Журнали синф барои синфҳои I-IV», «Журнали синф барои синфҳои V-XI» ва барномаи комплексии мутобиқгардонидашудаи таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагони мактаб-интернатҳои ёрирасон пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, 15 номгӯй адабиёт барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанҳои гуногун, аз ҷумла информатика, зеҳни сунъӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, молия, генетика, омор, геометрия, зоология, астрономия ва дигар самтҳо пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаи вазъи китобҳои дарсӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардида, дар ин замина раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни мазкур Д. Каримова маъруза пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосири таълим яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати адабиёти таълимӣ, такмили низоми таҳия ва тақвияти экспертизаи илмӣ-методӣ пешниҳодҳои мушаххас иброз доштанд. Дар анҷом, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои масъул ҷиҳати такмили минбаъдаи китобҳои дарсӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон68
01.05.2026
-
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22 фоиз ба даст омадааст. Зикр карда шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ 14 фоиз ва мусофиркашонӣ 11 фоиз афзоиш ёфт. Дар баробари ин, сатҳи таваррум 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад. Президенти кишвар истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумурданд. Ба Ҳукумати кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки устувории макроиқтисодиро нигоҳ дошта, барои пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд. Дастур дода шуд, ки роҳбарони сохторҳои марбута истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин намуда, рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ мегардад. Нақшаи даромад дар сатҳи 108,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,9 фоиз. “Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин, мақомоти марбутаи кишвар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд. Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намуда, маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз руи таҳлилҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ҳанӯз ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест. Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, қафомонӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин баъзе иншооти соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад, ки ин натиҷаи бевоситаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки пеш аз ҳама, татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин намоянд ва иҷрои нақшаҳои молиявиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин, камбудиҳои ҷойдоштаро фавран бартараф намуда, ба ҳолатҳои кашолкорӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд. Дастури дигар вобаста ба тақвият додани ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва истифодаи самараноки онҳо дода шуд. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ворид намудани технологияҳои муосир арзёбӣ гардид. Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин намояд. Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ба таври куллӣ тақвият бахшида, барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешанд. Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи ҷалби сармоя Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои сармоягузориро муайян намуда, супориш доданд, ки маблағҳо ба соҳаҳои коркард, технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда равона карда шаванд. Барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, дароз намудани муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд. Бо назардошти аҳамияти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани он ба сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода шуда, аз натиҷаи фаъолияти он ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар ҳисобот пешниҳод карда шавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор гардид, ки платформаи ягонаи рақамии мониторинг ва арзёбии иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегиро бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷорӣ намояд. Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки хизматрасониҳои давлатиро ба портали ягона ворид намуда, аз низомҳои ҷудогона худдорӣ намоянд, барномаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳоро тақвият дода, сатҳи омодагии мутахассисонро ба талаботи иқтисоди рақамӣ мутобиқ гардонанд. Таъкид карда шуд, ки ҳамаи сохторҳои давлатӣ уҳдадоранд, ки эътирофи пурраи ҳуҷҷатҳои электрониро таъмин намуда, расмиёти зиёдатӣ ва такрориро бартараф созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақамикунониро талаботи замон ва шарти муҳимми таъмини рушди устувори кишвар номиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулон супориш доданд, ки сабабҳои коҳишёбии саноати истихроҷро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои бартараф кардани онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд, коркарди пурраи маъданҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар ба роҳ монда, иқтидорҳои бозистодаро ба кор дароранд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намудани амнияти озуқавориро барои кишвар масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки кишти баҳорӣ ва такрориро сари вақт анҷом дода, истифодаи самараноки замин ва гирифтани се - чор ҳосилро таъмин намоянд, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро васеъ ба роҳ монанд, барои пешгирии талафоти занбӯри асал, рушди чорводорӣ, зиёд намудани истеҳсоли гӯшт ва дигар маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои мушаххас андешанд. Дастурҳо, ҳамчунин, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои об дода шуд. Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки барои таъмини соҳа бо нуриҳои минералии ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин талаботи замон, вазифаи давлатӣ ва масъулияти бевоситаи тамоми роҳбарону кишоварзон мебошад. Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 гардиши савдои хориҷии кишвар ба 2 миллиарду 676 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 648 миллион доллар баробар гардидааст. Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии содирот ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда ва дорои арзиши иловашударо таъмин намоянд, вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватаниро тақвият бахшанд ва диверсификатсияи содирот ва густариши бозорҳои хориҷиро таъмин намоянд. Дар идомаи сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маорифро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш, аз ҷумла супориш доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои иловагӣ андешанд, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ ва бахши хусусӣ зиёд намоянд, иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқро таъмин намуда, корҳоро оид ба таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои муосир вусъат бахшанд. Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки барои бартараф намудани норасоии кадрҳои тиббӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст тақсимоти самараноки хатмкунандагонро таъмин намояд, баҳри рушди соҳаи дорусозӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои амалӣ андешад ва назорати қатъии сифати доруворӣ ва молҳои тиббиро пурзӯр намояд. Бахши дигари суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ буд. Таъкид гардид, ки то ба имрӯз 106,7 фоизи корҳои созандагӣ таъмин гардидааст ва ин нишондиҳанда аз саъю талоши созандаи мардуми кишвар ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда нест. Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти марказӣ қатъиян супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани қафомонӣ ва иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, ба сифати корҳои сохтмон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, ҷалби сармояи хусусӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолиро дар корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Дар баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026, ҳамчунин, оид ба иҷрои нақшаҳои даромади буҷет, пардохти маошу нафақа, ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии андоз, Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Дар идомаи маҷлис, Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замин ба ҳолати 1 январи соли 2026 баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва самарабахши дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ҷалб намуданд. Ҳамчунин оид ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва таҳияи барномаҳои сазовори фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дода шуд.76
29.04.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор